logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон

Баҳри дар амал иҷро намудани ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии бахши соҳибкорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо бо соҳибкорон доир шуд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки  айни замон дар ноҳия 1 ҳазору 176 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 55 - то зиёд мебошад. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ, яъне ҷамъиятҳо ва хоҷагиҳои давлатӣ, ба 60 ва хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ ба 963 расидааст. Аз ҷониби субъектҳои андозсупори бахши соҳибкорӣ ба буҷети ноҳия 987 ҳазору 785 сомонӣ ворид гардидааст, ки баробари 30 дарсади нақшаи  нуҳмоҳаи андози ноҳия аст.
Нодираи Маҳмадисо аз амалҳои хайри соҳибкорони ноҳия хуш истиқбол намуд. Соҳибкорон бо маблағҳои худ дар арафаи Ҷашни Наврӯз хатнасури 36 ятим ва кӯдаки ниёзманд, тӯйи арӯсии 10 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоатро гузаронда, дар арафаи идҳои сунатӣ ба табақаҳои ниёзманд ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонданд. Ҳамчунин,  барои рӯйпӯш намудани варзишгоҳи ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон 60 ҳазор сомонӣ кумак расонда шуд. 
Дар барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии  ноҳия барои солҳои 2018 - 2020 татбиқи 123 лоиҳа ба маблағи 123 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин барнома рушди соҳибкорӣ нақши меҳварӣ дорад. Азнавсозии бозори ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, зиёд намудани шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аз ҷузъҳои муҳими барномаанд.
Дар фароварди суҳбат раиси ноҳияи Тоҷикобод оид ба камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, аз ҷумла қарзи  баъзе соҳибкорон аз мақомоти  андоз, гардон намудани заводи хишт, ки ягона корхонаи калони истеҳсолӣ дар ноҳия мебошад, ба роҳ мондани фаъ-олияти шабонарӯзии дорухонаҳо,  бунёди ошхонаҳои замонавӣ ва, инчунин, ҷорӣ кардани сарулибоси ягонаи фурӯшандаҳои бозору мағозаҳо, ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат  менамоянд.  
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2017    №: 219    Мутолиа карданд: 893

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед