logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

Таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ҳамасола давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва бо мақсади суръатбахшӣ ба раванди ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва вусъат додани бунёди иншооту муассисаҳои тиббӣ, ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст. Тибқи иттилои сардухтури беморхонаи минтақавии деҳаи Чорсуи Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш  Хисрав Сайфиддинов  дар назди беморхона маркази саломатӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Маркази саломатии мазкур бо  маблағгузории Фонди Оғохон сохта шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти ҳозиразамон таъмин мебошад. Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ ба ниёзмандон имкон дод, ки дар маҳали зисти худ аз хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ истифода баранд.
Боиси зикр аст, ки беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Лахш дорои 30 кат ва 4 шуъба (ҷарроҳӣ, таваллудхона, кӯдакона ва муолиҷавӣ) буда, ба 25 ҳазор аҳолии минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.  
Шуъбаи ҷарроҳии беморхона соли 2014 бо маблағгузории Сафорати Ҷопон сохта шуда, имрӯз ба аҳолии ин минтақаи кӯҳистон хизмат мерасонад. Солҳои пеш бо сабаби набудани шуъбаи ҷарроҳӣ ва дурии роҳ то маркази ноҳия, ки 50 километрро ташкил медиҳад, баъзе беморон дар роҳ мефавтиданд, махсусан дар фасли зимистон бо омадани тарма ва сел роҳ як ё якчанд рӯз банд гардида, ҳаракати нақлиёт қатъ мегардид.  Хушбахтона, мушкилоти соҳа рӯз аз рӯз бартараф гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад. Дар шуъбаи мазкур аз  аввали сол 149 нафар бемор бо касалҳои гуногун  ҷарроҳӣ шуда, табобат гирифтааст. Дар шуъбаи муолиҷавӣ 122 нафар, дар таваллудхона 266  ва дар шуъбаи кӯдакона бошад, 108 нафар бемор аз хизмати табибон бархӯрдор гардиданд.
Масъалаҳои ба талаботи давру замон мувофиқ гардондани шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва доруворӣ, инчунин, тарбияи кадрҳои тиббӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо роҳи зиёд кардани маблағгузории давлатии соҳа ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ вазъи муассисаҳои ташхису табобатӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар  тадриҷан ба эътидол омада, ниёз ба мутахассисони маҳаллиро ба миён меорад.
Норасоии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла рентгенолог, эндикринолог, духтурони чашм, духтури асаб ва лаборантҳо аз мушкилотеанд, ки ба пешравии кор халал ворид месозанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 1069

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед