logo

иқтисод

ТАЪМИНОТ БО ОБ. МАҚСАД БЕҲСОЗИИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ

Бо оби нӯшидании босифат таъмин намудани сокинони шаҳри Душанбе ба зиммаи КВД “Обу корези Душанбе” вогузор шудааст. 

Абдушукур Нуров, сардори департаменти обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе», гуфт, ки аҳолии шаҳри Душанберо 4 пойгоҳи обтаъминкунӣ бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд. Ҳамаи пойгоҳҳои обтаъминкунӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. 
Қаблан, як қисми аҳолии шаҳри Душанбе, махсусан истиқоматкунандагони ҳуҷраҳои болоии хонаҳои баландошёна ва маҳаллаҳои кӯҳдоман, аз ҷумла Меҳробод, Амиршоев, Чашмасор, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоб, Баҳорӣ, Қаротегин, шаҳракҳои 192, 193, кварталҳои 14, 15 – и минтақаи теппаҳои шарқӣ, дар таъминот бо оби тоза  мушкилот доштанд. Шурӯъ аз 20 январи соли 2017 реҷаи таъминоти оби нӯшокии биноҳои баландошёна аз 12 соат ба 18 соат (аз соати 5 – и субҳ то 23 – и шаб) дароз карда шуд. Бо мақсади  шабонарӯзӣ бо оби нӯшокӣ таъмин намудан айни ҳол дар доираи лоиҳаи 2 – юми обтаъминкунии шаҳри Душанбе  корҳои омодагӣ идома доранд. Баъди васли таҷҳизоти лозимӣ таъминоти оби ошомиданӣ дар биноҳои баландошёна доимӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи Фирдавс Ҷабборов, муовини директор оид ба маркетинги корхона, айни ҳол вазъи обтаъминкунӣ ва сифати он нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гаштааст. Мутаассифона, бо вуҷуди он ки муштариён обро шабонарӯзӣ истифода мебаранд, дар пардохти саривақтии маблағи он бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар назди КВД «Обу корези Душанбе» қарзи аҳолӣ 6 миллиону 364 ҳазор сомонӣ ва қарзи корхонаю ташкилотҳои  шаҳри Душанбе 7 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
- Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 76 ҳазору 500 муштарӣ бо обҳисобкунак таъмин мебошад. Дар оянда нақша дорем, ки тамоми пойтахтро бо ҳисобкунакҳои об таъмин намоем. Боварӣ дорем, ки васл намудани ҳисобкунакҳо боиси пешгирии талафоти об мегардад, - мегӯяд Ф. Ҷабборов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 976

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед