logo

иқтисод

ШУКРОНА. БАРДОШТИ ЯК СОҲИБКОР АЗ МУЛОҚОТ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ боварии  бахши хусусиро ба давлат боз ҳам қавитар намуда, боиси дилгармии соҳибкорон дар ҷодаи созандагию ободкорӣ гардид. Соҳибкорон низ барои  ҳалли баъзе масъалаҳои дар соҳа пешомада, ки дар тақвияти истеҳсолоти дохилӣ нақши муҳим мебозанд, чунин вохӯриро дер боз интизор буданд. Аммо, пеш аз ҳама, худи Сарвари давлат оид ба вазъи бахши соҳибкорӣ нозукбинона изҳори андеша намуданд ва баҳри беҳбуд бахшидани фаъолияти истеҳсолгарони ватанӣ дастур доданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки   «Аз 1 январи соли 2018 воридоти ҳамаи намудҳои таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва қисмҳои такмили онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд». Додани чунин имтиёз ба соҳибкорон на дар ҳар давлати пешрафта дида мешавад. Он имкон медиҳад, ки бо роҳи бештар ворид гардидани технологияи навин номгӯйи маҳсулоти аълосифати ватанӣ афзуда, ба соҳибкорон муяссар мегардад, ки онҳо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбанд.
Фаъолияти  ҳунармандони дастӣ дар мамлакат аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот буд. Пешвои миллат ба кори  ҳунармандони ҷумҳурӣ  мароқ зоҳир намуда, баҳри беҳбудӣ бахшидани фаъолияти онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, аз  дастовардҳои ҳунармандони дастии мамлакат  изҳори хушнудӣ карданд, ки боиси  рӯҳбаландии онҳо гардид. Воқеан, солҳои охир шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар кори ҳунармандонро дар кишвар равнақ бахшид ва онҳо ба дастовардҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ сарфароз гаштанд. Аз ҷумла, имрӯзҳо ҷамъияти истеҳсолии «Рухом» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тавонист аз сангҳои рангоранги табиати кишвар садҳо номгӯйи маҳсулоти ороишии баландсифат истеҳсол намояд. Маҳсулоти он, аз ҷумла лавҳаҳои зебо ва молҳои армуғонию хотиравии бо сангҳои нодир ороишёфта дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳои баланд гардид ва муштариёни зиёд аз гӯшаю канори дунё аз он дархост намуданд. Фарқи молҳои мо дар он аст, ки таркиби он аз сангҳои гуногунранги табиӣ иборат буда, бо нархи арзон ба фурӯш гузошта мешаванд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар асоси пешниҳоди ҳунармандон барои кушодани гӯшаҳои ҳунармандӣ  роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳуриро муваззаф карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани завқи насли нав ба ин ҷода иқдоми тоза аст. Аз ин рӯ, мо соҳибкорону ҳунармандони ҷумҳурӣ ғамхориҳои наҷибонаи Президенти кишварро ба инобат гирифта, барои ба дастовардҳои баландтар ноил гардидан ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар арсаи ҷаҳон бояд пайваста талош намоем.
Муфарраҳ МУҲАББАТОВ,
директори ҶДММ «Рухом»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2017    №: 220    Мутолиа карданд: 779

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед