logo

иҷтимоиёт

ИСФАРА: ТАЪМИНИ СОКИНОНИ КӮЛКАНД ВА ЧИЛГАЗӢ БО ОБИ НӮШИДАНӢ

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои  2018-2028 ба раванди таъмин намудани аҳолии шаҳр бо оби нӯшиданӣ ва полизӣ такони ҷиддӣ бахшид. Сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр соли равон бо оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд.

Расулзода Дилшод, раиси шаҳр, дар иртибот ба ин масъала иброз дошт, ки ҳоло дар деҳоти шаҳр лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарии деҳоти водии Фарғона» амалӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал зиёда аз 35 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Чилгазиро бо оби нӯшидании хушсифат таъмин менамояд. Ҳоло дар ин самт 8,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз наздики 6 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расиданд. Ҳамчунин, азнавсозии хатҳои обу ташноби шаҳр аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо маблағи 16,1 миллион сомонӣ идома дошта, 8,23 миллион сомонӣ ҷиҳати таъмиру азнавсозӣ масраф гардидааст. Мардуми маҳаллаи Зарбофти деҳаи Навгилем бо ҷалби зиёда аз 460 ҳазор сомонӣ маблағи ташкилоти байналмилалӣ бо оби нӯшиданӣ таъмин гаштанд.
Баробари таъмини муътадили аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар шаҳр ба масъалаи таъмини оби полизӣ низ таваҷҷуҳ зиёд аст. Зеро Исфара дар миқёси кишвар бо сабзавоти тару тоза, меваҳои фаровони шаҳдбор, ҳосилнокии баланди ғалла машҳур мебошад. Кори кишоварзон тақозо мекунад, ки дар мавсими кишту кор оби полизӣ фаровон бошад. Ба ин хотир дар ноҳия таъмиру барқарорсозии каналҳои «50-солагии Октябр», «Дӯстӣ», дар деҳаи Ворух, «Мастчоҳӣ» дар деҳаи Хоҷаи Аъло ва азнавсозии сарбанди канали «Ҷӯйи нав» дар деҳаи Чоркӯҳ, таъмиру васли пойгоҳҳои обкашӣ дар деҳаҳои Лаккону Боғистон бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ ба итмом расонда шуд. Татбиқи барномаҳою лоиҳаҳои мавҷуда имконият медиҳад, ки давоми ду - се соли оянда аҳолии Исфара пурра бо оби нӯшиданию полизӣ пурра таъмин гардад.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 1192

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед