logo

сиёсат

НИДЕРЛАНД. МУАРРИФИИ ТАВОНМАНДИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ОБ

Эркинхон Раҳматуллозода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, бо профессор Эдди Моорс, ректори Донишкадаи байналмилалии Делфт оид ба омӯзиши об дар Шоҳигарии Нидерланд (IHE Delft), мулоқот намуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки дар ин вохӯрӣ тавонмандиҳо ва вижагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили марбут ба об муаррифӣ шуда, ибтикорот ва ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар ёдрас гардиданд. Аз ин рӯ, зикр гашт, ки ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи байналмилалии Делфт ба нафъи аҳли сайёра хоҳад буд.
Профессор Эдди Моорс ба фаъолиятҳои густурдаи кишвари мо дар масоили об дар арсаи байналмилалӣ мароқи амиқ зоҳир намуда, омодаги худ ва ҳамкоронашро ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ояндаи вобаста ба масоили об дар Тоҷикистон иброз дошт. Дар ин росто, ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаро миёни Донишкадаи байналмилалии Делфт ва ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ намуданд. Инчунин, масоили истифодаи шеваҳои мухталифи ҳамкорӣ, чун мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар ин донишкада аз мавзуоти суҳбати пурмуҳтаво буд. Пас аз мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс дар маросими ифтитоҳи соли нави академии донишкада ширкат варзида, бо имконоти пажӯҳишӣ ва таълимии ин даргоҳи маърифат шиносоӣ пайдо кард.
Донишкадаи байналмилалии Делфт (IHE Delft) дар  шарикӣ  бо  ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг - ЮНЕСКО фаъолият намуда, бузургтарин маркази байналмилалии таълимии баъдидипломӣ оид ба омӯзиши об дар ҷаҳон мебошад. Ҳар сол дар ин донишкада мутахассисони  соҳаи   оби  зиёда  аз 50 кишвари дунё барои гирифтани  дараҷаҳои магистр ва докторӣ  маҳорату малакаи  ҳирфаии худро сайқал медиҳанд. Аз соли 1957 ба ин сӯ донишкада аз 162 кишвари олам зиёда аз 15 000 мутахассиси соҳаи об тайёр намудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 1064
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед