logo

иқтисод

ЛАХШ. БАРОДАРОН 50 ГЕКТАР ЗАМИНИ НАВРО ОБЁРӢ НАМУДАНД

Соли равон дар ноҳия бародарони ҳимматбаланд - Ҳакимбек, Завқибек, Аҳтамбек ва Ҷамшед бо маблағи хеш дар деҳоти Сартоло пойгоҳи обёрӣ сохта,  аз дарёи Мук (Ваҷангдарё) дар масофаи беш аз 1 километр барои 50 гектар замини ташналаб об бароварданд. Тавассути шодоб гардидани ин миқдор замин истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан картошка, дар ноҳия боз ҳам афзоиш ёфт.  

Онҳо дар 50 гектар замини обёришуда хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, дар 12 гектари он бори аввал картошка кишт карданд ва ҳосили фаровон ба даст оварданд. 
Дар ноҳия  обёрии заминҳои бекорхобидаи талу теппа ва даштҳои доманафарох ва ба ин васила васеъ намудани майдони кишти зироатҳо дар мадди аввал қарор дошта, пайваста дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Тавре масъулони бахши кишоварзии ноҳия изҳор доштанд, камчинии оби полизӣ мушкили асосии деҳқонони диёр мебошад. Аз ин рӯ, иқдоми бародарон Сидиқовҳо барои дигар соҳибкорон дар ин самт намунаи ибрат аст. Умед аст , ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти беобии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия аз байн рафта, ҳазорҳо гектар замини ҳосилхез ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 791

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед