logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, тавассути он асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкили мақомоти давлатӣ муайян мегардад. Меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал менамоянд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ зарурати тағйир додани заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти  мамлакат ба миён омад, ки бе қабули Конститутсияи нав дигаргун сохтани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ғайриимкон буд. Бинобар ин, дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи ҳуқуқ муайян гардиданд. Ин иҷлосияи таърихӣ дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд. Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз як тараф фароҳам овардани шароит барои асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуданд.
Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ олимон, кормандони амалӣ ва коршиносон шомил шуданд. Дар давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия омода гардид. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияеро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул донист ва он ба баррасии умумихалқӣ  пешниҳод шуд. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 94,4 дарсади шаҳрвандон иштирок намуда, ба ҷонибдории қабули Конститутсия 87,59 дарсад раъй доданд.
Дар давоми бисту се соли амали Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар раъйпурсии охир, 22 майи соли 2016, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй дод, ки 94,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои асосии фарқкунандаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои қаблан қабулшуда бо хулосаҳои зерин асоснок карда мешаванд: конститутсияи амалкунанда бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ва дар давлати соҳибистиқлол қабул гардидааст; дар Қонуни асосии кишвар бори нахуст дар бораи  институтҳои ҳуқуқӣ, аз қабили вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ сухан меравад; дар Конститутсия тағйиру иловаҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул мегарданд; санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркиби низоми ҳуқуқии кишвар дониста мешаванд.
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди суди шаҳри Душанбе,
аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2017    №: 221    Мутолиа карданд: 890

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед