logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

СӮХТА ХОКИСТАР ШУД, ВАЛЕ…
Ҳодисаи ногаҳон аланга задан ва дар як лаҳза ба хокистар табдил ёфтани одамон аз қадим маълум аст. Муқаррар гардидааст, ки ҳангоми сӯхтан ҳарорати ҷисми одам ба 3000 дараҷа мерасад. Вале аҷибаш ин ки аз оташи манбааш номаълум, ҷисми одам месӯзаду либосҳояш, ҷойи хобу хез ва курсии нишастааш, заррае осеб намебинанд. Маҳз чунин ҳодиса соли 1922 бо корманди хадамоти оташнишонии Сидней Рон Прайст ба вуқӯъ омад. Вай дар ҷойгоҳаш сӯхта хокистар шуду рахти хобаш газанде наёфт. Ҳатто донаи гӯгирд дар нагирифтааст.
Баҳори соли 1993 сокинони шаҳраки Орелянои Перу шоҳиди ҳодисаи фалокатборе гаштанд. Рӯҳонии калисо ваъз мехонд ва гунаҳгоронро аз оташи дӯзах метарсонд. Чунон бо ҳарорат сухан меронд, ки аз чашми ҳозирон ашк мерехт ва аз тарси азоби дӯзах баданашон меларзид. Нохост сухани поп бурида шуду нолаи ҷонгудозаш ба сақфи калисо печид. Мардум сар бардошта ба рӯҳонӣ нигаристанд. Поп дар ҳоле ки ду дасташ ҷониби осмон буд,  месӯхт. Алангаи оташ аз сандуқи синааш баромада дар як лаҳза ҷисмашро пурра фаро гирифт. Аз рӯҳонӣ танҳо либоси сиёҳаш монд, худаш ба хокистар мубаддал гашт.
Ҳодисаи худ ба худ оташ гирифтани одам кам андар кам ба вуқӯъ меояд. Дар асри ХХ ҳамагӣ 19 бор рӯй додааст. Мутаассифона, олимон то ҳол сабаби ин ҳодисаро ба таври қаноатбахш шарҳ надодаанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


МУАЛЛИФОНИ ҒАЙРИОДӢ
Дар таърихи адабиёту фарҳанг адибоне ҳастанд, ки бо як ё ду китоб маъруф мешаванд ва ҳастанд эҷодкороне, ки ҷилд - ҷилд китобашон ба анбору таҳхонаҳо интиқол меёбад. Вале нависандаҳои сермаҳсултарине, ки ҳоло дар бораашон мехонед, ҳама машҳуру маъруфанд ва исмашон ба шумо низ ошност.
Нависандаи лаҳистонӣ Юзеф Крашевски (асри ХIХ) ба хонандагони худ 600 ҷилд китоб боқӣ гузоштааст, ки шояд як инсон то охири умр онҳоро бихонад. Адиби амрикоӣ Катлин Линдсей (асри ХХ) кам не, ғам не, 904 романро интишор дода, баъди Юзеф ҷойи дувумро гӯё сазовор шудааст.
Дюмаи падар (писараш Дюма низ нависанда буд) то вопасин нафас 250 ҷилд асари  мансур ва 25 асари саҳнавӣ навиштааст. Балзак ҳам дар ин сабқат кам наомада, аз худ 150 ҷилд китоб мерос гузоштааст.
Нависандаи муосири мо Ҷорҷ Семенон 450 роман навишта, 215 - тои онро бо номи худ ва боқимондаро бо номҳои мустаор эҷод кардааст. Нависандаи англис Барбара Картленд то 80 - солагӣ 325 номгӯ китоб дошт.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


НЕРУИ БУЗУРГИ ШОИРУ ШЕЪР
Шеъре, ки дар поён оварда мешавад, аз он ҷиҳат ғайриодиву аҷиб аст, ки муроҷиати як ошиқ ба маъшуқи худ ҳама тариқи феълу бандаки феълӣ ва пайвандаки пайвасткунандаи «у» сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, дар шеър аз пайвастан нишонеро намеёбем.
Пас аз шунидани он ман барои худ ин ҳақиқатро бештар дарк кардам, ки истеъдодҳо дар ҳама давру замон арзи ҳастӣ менамоянд ва шеърро нисбатан ба муъҷиза табдил медиҳанд. Агар бовар надоред, инак, он шеър. Бихонеду рӯҳро шод бисозеду андешаро такон бидиҳед.
Гузаштиву нагузаштам,
Шикастиву нашикастам.
Буридиву набуридам,
Гусастию нагусастам.
Абдулқодири РАҲИМ


Ҳамеша ба кор банд бошед. Ин аз ҳама арзонтарин ва судовартарин нӯшдоруи рӯи Замин аст.
Сирри бадбахтиҳои мо дар он аст, ки дар бораи хушбахт будан ё набуданамон аз ҳад зиёд андеша мекунем.
Дейл Карнеги
Таҳияи М. ОДИНА


ЯК ПАНД
Падар, ки тамоми умрашро ба фарзанд бахшида буд, дигар мадори роҳ рафтану хӯрок хӯрдан надошт. Азобу хастаҳолии писарро дида, розӣ шуд, ки ӯро бурда ба хонаи пиронсолон супуранд. Писар аробачаи маъюбии пирамардро ҳамроҳаш   ба мошин бор карда, ба он ҷо бурд. Вақте ба хона баргашт, писари хурдсолаш аз ӯ пурсид:
- Суроғаи бобоямро ба ман медиҳӣ?
Падари ҳайратзада пурсид:
- Ту мехоҳи аз ҳоли бобоят хабар гирӣ?
Писар гуфт:
- Не, падар, мехоҳам донам, ки шуморо ҳангоми пир шуданатон ба куҷо барам.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
13. Шаршараҳои Ливингстон
Шаршараҳои марғубтарини Африқо буда, дар поёноби дарёи Конго дар масофаи 350 километр тӯл кашидаанд. Обшораҳоро журналист, сайёҳ ва пажӯҳишгари англис Генри Мортон Стэнли кашф намуда, ба номи муҳаққиқи шотландӣ Давид Ливингстон, ки дар таҳқиқи Африқо хизмати барҷаста кардааст, мегузорад.
Боиси зикр аст, ки Давид Ливингстон қисмати зиёди ҳаёташро дар Африқо гузаронда, ба хотири омӯзишу пажӯҳиш 50 ҳазор километрро пиёда тай кардааст. Аммо бо сабаби он ки ӯ танҳо ба таҳқиқи болооби дарёи Конго машғул буд, ин шаршараҳо аз назараш пинҳон монданд.
Шаршараҳои  Ливингстон макони сайру саёҳат аст ва сертамошобинтарини онҳо шаршараи «Инга» (баландияш 96 метр) мебошад, ки бо табиати ҷаззобаш диққати сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб менамояд.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

НАБАРДОШТ, КАМ КУН
Комрон ба рафиқаш мегӯяд: «Ду сол пеш як одам ба ман мошини сабукравашро бо нархи 10240 сомонӣ пешниҳод кард. Баъди як сол ӯ нархро 6400 сомонӣ арзон кард. Каме нагузашта нархро боз 4000 сомонӣ коҳиш дод. Ҳафтаи гузашта ӯ тайёр буд, ки мошинашро ба 2500  сомонӣ фурӯшад. Агар ӯ дар оянда боз нархро коҳиш дода, ба ман муроҷиат кунад, албатта, онро мехарам. Вале намедонам, ки ин дафъа нархро чӣ қадар паст мекарда бошад. Онро бо кадом нарх бихарам?».
Рафиқаш мегӯяд, ки: «Бояд дарёбӣ, ки ӯ ҳар дафъа нархро чӣ қадар паст мекард».
Барои ҳалли ин муаммо ба Комрон кумак расонед.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


ТАНГАНИКА -  БАРОДАРИ ХУРДИИ БАЙКАЛ
Дар қитъаи Африқо кӯли Танганика яке аз мавзеъҳои зеботарин ба ҳисоб меравад. Онро «Марвориди Африқо» низ меноманд.  
Танганика бо дарозии 673 километр яке аз дарозтарин кӯлҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Паҳнои он 72 километр буда, аз ҳама ҷойи жарфтараш 1470 метрро ташкил медиҳад. Оби кӯл ошомиданӣ аст ва баъд аз кӯли Байкал дар покӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Онро метавон бародари хурдии Байкал номид. Танганика яке аз сарчашмаҳои дарёи бузурги Конго ба ҳисоб меравад. Олами набототу ҳайвоноташ рангин буда, танҳо аз  моҳии сихлид 250 намуд дар он зиндагӣ мекунад, ки 98 дарсади ин моҳиҳо дар дигар ҷойҳо вонамехӯранд. Сарчашмаи асосии кӯл дарёҳои Рузузи ва Малагараси мебошанд.
Таҳияи Комрон САФАР


ХИСЛАТҲОИ АҶИБИ ШАХСИЯТҲОИ НАҶИБ
Хонум  Астор ба Уинстон Черчил: - Агар шумо шавҳари ман мебудед, ба қаҳваатон заҳр ҳамроҳ мекардам. Ҷавоби Черчил : - Агар шумо ҳамсари ман мебудед, ман онро ҳатман менӯшидам!
Адиби рус Николай Василевич Гогол  аз дарозии бинияш шарм медошт. Аз ин сабаб бо кумаки рассомон  кӯшиш мекард, ки дар ҳар сурат биниаш бо шакли дигар нақш гардад.
Марк Твен нахустин   нависандаест, ки асарҳояшро дар мошинаи чопӣ нашр кардааст.
Елизаветаи II дар Англия ягона шахсе буд, ки шиноснома надошт.
Собиқ президенти  Амрико  Ҷон Кеннеди  ҳар рӯз  барои рӯзномахонӣ  20 дақиқа вақт ҷудо мекард. Дар ин муддат ӯ 4 рӯзнома мехонд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
5. Пул аз болои гулугоҳи Беринг
Лоиҳаи мазкур бояд Осиё, Африқо ва Аврупоро бо Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ пайванд кунад. Сохтмони пул аз шарқтарин нуқтаи Осиё – димоғаи Дежнёв шурӯъ шуда, то нуқтаи ғарбтарини Амрикои Шимолӣ – димоғаи шоҳзодаи Уэлс меравад ва уқёнуси Яхбастаи Шимолиро (баҳри Чукотка) бо уқёнуси Ором (баҳри Беринг) мепайвандад. Аммо иқлими қаҳратуни арктикӣ татбиқи онро бағоят душвор месозад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ОДАМ 4 СОЛ БО КОРДИ ДАР КОСАХОНАИ САРАШ БУДА ЗИНДАГӢ КАРДААСТ
Ли Фуяни 30 - солаи  чинӣ бо шикояти дарди сар, бӯйи нохуши даҳон ва мушкилоти нафаскашӣ ба табибон муроҷиат намуд. Духтурон ҳангоми муоина ҳайратзада гардиданд ва маълум шуд, ки сабаби нотобию беҳолӣ теғи 10 – сантиметрае буд, ки муддати 4 соли охир дар косахонаи сари шахси муроҷиатнамуда ҷой дошт.
Ли таъйид  мекунад, ки чор сол қабл бо мақсади ғорат кардан авбошон ба ӯ дарафтоданд. Эҳтимол аст ҳамон вақт теғи 10 - сантиметра ба дохили косахонаи сари вай даромадааст.
Корд аз зери манаҳ ва ба таври уреб, тасодуфан рагҳои хобро осеб надода, ба косахонаи сар дохил шудааст.Тамоми ин муддат бемор аз дар косахонаи сараш будани теғ дарак надошт. Тайи ин чор сол Ли аз сӯзандоруҳои бедардкунанда барои рафъи дарди сараш истифода мекард.
Мардро дар Бемористони халқии шаҳри Юйси вилояти  Юннан дар ҷануби Чин муваффақона ҷарроҳӣ  намуданд.
Теғи 10 - сантиметраи  аз косахонаи сар беруноварда хеле зангзада буд. Табибон ин ҳолатро «муъҷизаи воқеӣ» меноманд.
Таҳияи  Барноз  РАҲМОНШОЕВА


94 - СОЛАГӢ ҲАНӮЗ ПИРӢ НЕСТ!
Эйла Кэмпбелл, сокини иёлати Пенсилвании ИМА, ҳамеша дар бораи он фикр мекард, ки инсон бо парашют парида истода чӣ гуна эҳсосотро таҷриба менамояд. Дар рӯзи мавлудаш, ки 94 – умин баҳори умрашро медид, тасмим гирифт ин ҳолатро шахсан биозмояд. 
Хешовандони зан аз ин тасмимаш ба ваҷд омада ӯро дастгирӣ   намуданд. Наберааш Сара ва чаберааш Ҷесс бошанд, ба ҳаяҷон омада, бо ёрии тренерҳо ҳамроҳ бо бибияшон ҷаҳиданд . 
- «Агар умр бақо кунаду саломатӣ даст диҳад, ин таҷрибаро такрор хоҳам кард, - гуфтааст Эйла Кэмпбелл, ки ин эҳсосро бароям нотакрор унвон кардааст.
Таҳияи  Муҳаммадраҷаби БЕРДИЁР


СТАЛИН ВА ОПЕРА
Дар театр намоишномаи нав – операи Глинка «Иван Сусанин»-ро таҳия карданд. Ҳайати комиссия бо роҳбарии Болшаков ба хулосае омад, ки «финал» - и намоишномаро гирад, ки чунин мазмун дошт: «Машҳури ҷаҳон шав, мардуми Рус…».
Аз хулосаи комиссия Сталинро огоҳ карданд.
- Кӣ гуфт, ки «финал»-ро гиранд, пурсид Сталин.
- Раиси комиссия Болшаков.
- Беҳтараш «финал» - ро монеду Болшаковро гиред, - оромона гуфт Сталин, ки аз мухлисони ашадии опера буд.
Таҳияи Мавлудаи ОДИНА


МУҲАББАТ САРҲАД НАДОРАД
Оилаи Куроки, аз Ҷопон, бо кори фермерӣ машғул буд. Онҳо орзу доштанд, ки ба нафақа баромада,  сайри олам раванд. Аммо беморие сабаб гардиду завҷаи Куроки аз ду дида маҳрум гашт. Ӯ медонист, ки ҳамсараш гулро дӯст медорад. Аз ин рӯ, тамоми атрофи хонаро ба гулистон табдил дод. Завҷаашро ҳар рӯз байни гулҳо ба сайр мебурд. Куроки мегӯяд, ки  барои хуш намудани табъи азизам дидани гулҳо муҳим нест, накҳати онҳоро эҳсос кардан басанда аст.  Имрӯзҳо хонаи ин ҷуфти хушбахт ба як гулшани зебо табдил ёфта, тамошогоҳи ҳазорон сайёҳони олам гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


КИРОН УИЛЯМСОН: ВУНДЕРКИН ВА МИЛЛИОНЕР
Кирон Уилямсон ҳамагӣ 12 - сол дорад. Ӯ мисли дигар ҳамсолонаш бозии футболу велосипедрониро дӯст медорад.  Аммо аз ҳамсолонаш бо он фарқ мекунад, ки ба ҳунари рассомӣ шавқу рағбати зиёд ва дар ин ҷода қобилияти фавқулода низ дорад. Кирон дар охирин намоиши мусаввараҳои худ 40 расмро ба фурӯш бароварда, 400 000 фунт стерлинг (500 400 $) ба даст овард.
Кирон аллакай миллионерест, ки барои харидории мусаввараҳояш одамон навбат мепоянду барои тамошои онҳо коллексионерҳо аз тамоми кишварҳои дунё  ҷамъ меоянд.
Аҳли оилаи онҳо дар деҳаи Норфолк, ки дар қисмати шарқии Британияи Кабир ҷойгир аст, дар кулбаи хурдакаки фақиронае зиндагӣ дошт. Ҳамагӣ баъди 2 сол волидони Кирон бо маблағи аз фурӯши мусаввараҳои ӯ бадастомада дар мавзеи зебоманзари соҳили кӯл хонаи замонавӣ хариданд.
Вақте кас ба мусаввараҳои ин рассом менигарад, ба хубӣ пай мебарад, ки ҳунар ва маҳорати ӯ ҳамарӯза сайқал ёфтаву рушд мекунад. Дар ҳунари ӯ осори эҷоди Алфред Маннингс мушоҳида мешавад. Мавзӯи асарҳои ӯ асосан тасвири зебоиҳои табиат ва ҳаёти деҳотро дар бар гирифтааст. Нахустин расмашро ӯ дар синни 5 - солагӣ дар яке аз ҷашнҳои оилавиашон рӯи қоғаз овардааст. Баъди ин, назари Кирон ба олами атроф тағйир ёфт.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ТАРҶУМОНИ БЕМИННАТ
Гӯшмонакҳои нави беноқили Pixel Buds дар як вақт сухани гӯяндаро  ба 45 забон тарҷума мекунанд. Албатта, он афзалиятҳои зиёди дигар низ дорад, аммо, амалиёти аз ҳама аҷиби Google ин имконияти тарҷума карда тавонистан ба шумор меравад. Ба сифати намоиши имкониятҳои кории Pixel Buds кормандони Google гуфтушунид барпо карданд. Яке аз онҳо бо забони англисӣ сухан мекард ва дигаре ба ӯ бо забони шведӣ ҷавоб медод. Бо пахш намудани тачпад Google Assitant-ро даъват карда, истифодабаранда ба забони шведӣ чунин гуфт: «Ёрӣ деҳ».  Дастгоҳ хоҳиши истифодабарандаро қабул карда, баъдан, вақте ки ҳамсуҳбат сухангӯиро оғоз кард, ба таври синхронӣ  тарҷума намудан гирифт.
Феълан ин гӯшмонак бо 40 забон амали тарҷумаро анҷом медиҳад. Инчунин, самти роҳро нишон дода, дар шабакаҳои интернетӣ амали ҷустуҷӯиро иҷро мекунад. Зангҳоро ҳам идора карда метавонад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


ТАЪРИХИ ДОПИНГ
Дар Юнони Қадим низ проблемаи допинг мавҷуд будааст. Он замон намудҳо ва назорати допингии худро доштааст. Доварон дар Олимпиада ба таври одӣ метавонистанд бисанҷанд, ки оё варзишгар бевосита қабл аз зӯрозмоиҳо яке аз маводҳои сахттаъсирро истифода бурдааст, ё на. Чунин мавод сир маҳсуб мешуд ва бӯйи онро бартараф кардан мушкил буд.
Соли 1904 Том Хикс пас аз қабули миқдори калони стрихнин қариб, ки фавтида буд. Ин аввалин ҳолате ба шумор меравад ва чун далел истифодаи зарароварии допингро тасдиқ мекунад. (Хикс давандаи марафонӣ буд).
Дар аввали солҳои 1980 – ум профессор Валерий Шестаков орзуи ҳамаи мураббиёни варзишро коркард намуд, яъне допинг – хунеро офарид, ки пайдо кардани он дар организм ғайриимкон буд. Ин хунро дар шакли яхшуда нигоҳ медоштанд ва пеш аз 1 ё 2 рӯзи мусобиқа ба организми варзишгар ворид менамуданд.
Аввалин ҳолати ба бозиҳо роҳ надодан бинобар истифодаи допинг дар  Олимпиадаи соли 1968  ба қайд гирифта шуд. Он вақт мунтахаби Шведсия барои дар таркиби хуни панҷҳарбагар Ханса - Гуннара Лиленвалл ошкор намудани алкогол аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ  ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 1294

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед