logo

порлумон

ТАМОКУ. ИСТИФОДАИ ОН МАҲДУД МЕШАВАД!

Истифодаи ҳама гуна маҳсулоти тамоку, аз қабили чилим, нос, сигор дар бино, муассисаҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои динӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакона, нақлиёте, ки дар он кӯдакони то 16 - сола ҳузур доранд, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва бинову иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ карда шудааст.
Ин нукта зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид.
Назар ба гуфтаи мавсуф, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳифз намудани насли ҳозира ва оянда аз оқибатҳои ба саломатии аҳолӣ зараровар, инчунин, оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии истифодаи тамоку ва таъсири манфии он омода шудааст. Зиёда аз ин, дар асоси «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Мувофиқи лоиҳаи мазкур фурӯши маҳсулоти тамоку ва сигор бо истифодаи дастгоҳи автоматӣ ва дар масофаи на камтар аз 100 метр дуртар аз ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илму маориф манъ буда, синну соли харидор аз 18-сола боло муайян шудааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ гардид. Нусратулло Нозанинзода, муовини аввали вазири кишоварзӣ, зимни ташреҳи он гуфт, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳида, мутобиқ намудани Қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷашн гирифтани “Иди Сада” ва “Иди Меҳргон ва Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ” дар рӯзҳои мувофиқ ба нишондиҳандаҳои суннатии ниёгонамон таҳия гардидааст.
Тағйиру иловаҳо моддаи 2 - ро фарогир буда, дар он илова намудани се сархати нав, яъне сархати панҷум бо мазмуни «- Иди Сада – 30 январ;» сархати шасту нуҳум «- Иди Меҳргон ва Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ - 15 октябр;» ва сархати ҳафтоду якум «- Рӯзи судҳо  26 октябр» пешбинӣ гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 1738

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед