logo

иқтисод

ПАХТА. ИҶРОИ ДУРНАМО НАЗДИК АСТ!

Имсол пахтакорони кишвар дар 173979 гектар пунба  корида, ҳосили хуб ба даст оварданд. Тайи ду ҳафтаи охир шаҳру ноҳияҳои Данғара, Сарбанд, Фархор, Қӯрғонтеппа, Ёвон, Бохтар, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав ва Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта баромада, як қатор шаҳру ноҳияҳо дар арафаи иҷрои нақшаи солона мебошанд.
Пахтакорони ноҳияи Данғара аз 3650 гектар ба ҷойи 6500 тоннаи дурнамо зиёда аз 7100 тонна пахта рӯёнданд, ки баробари 107,9 дарсади нақша мебошад. Кишоварзони ноҳия аз чигити навъҳои чинӣ ва технологияи пешқадам самаранок истифода бурда, ба нишондиҳандаи назаррас ноил гариданд. Бо вуҷуди таъмини иҷрои нақша дар майдонҳои кишти пахтаи ноҳия ҳанӯз ҳосил зиёд аст.
Дар ҷамъоварии пахта кишоварзони шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Ёвон ва Фархори вилояти Хатлон иттифоқ шуда, нақшаи солонаро то 105,1 дарсадӣ таъмин намуданд.
Пахтакорони вилояти Хатлон аз 119550 гектар замини кишт зиёда аз 236 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ оварданд, ки баробари 93,1 дарсади нақшаи солона мебошад. Ҳосилнокии ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 19,5 – сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 90 ҳазор тонна зиёд аст.
Аммо пахтакорони ноҳияҳои Ҷайҳун, Восеъ, Носири Хусрав, Шаҳритуз, Панҷ ва Қубодиён аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода набурданд. Дар ин ноҳияҳо рафти ҷамъоварии ҳосил суст буда, ба кашолкорӣ ва талафи пахта роҳ дода истодаанд. Аз рӯйи натиҷаҳои бадастоварда ҳосилнокии пахта дар ноҳияҳои номбурда аз 14,5 то 17,6 – сентнериро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошад. Рафти ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гуногун аст. Агар пахтакорони ноҳияҳои Рӯдакию Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода иҷрои нақшаи солонаи пахтасупориро 103,1 - 106,7 дарсадӣ таъмин карда бошанд, кишоварзони шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ҳамагӣ ба андозаи 58,1 - 77,6 дарсад расонданд, ки аз фаъолияти сусти раёсатҳои кишоварзии ин шаҳрҳо далолат мекунад. Пахтакорони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ дар бобати ҳосилнокии ҳар гектар дар ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гаштаанд.
Ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар ба роҳ монда  шудааст. Пахтакорони вилоят то рӯзи 17 октябр  78  ҳазор  тонна ашёи гаронбаҳои саноатӣ истеҳсол намуда, иҷрои дурнаморо ба  83 дарсад расонданд. Ин натиҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 13 ҳазор тонна бештар аст. Дар вилоят пахтакорони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва шаҳри Конибодом пешсафанд. Деҳқонони ноҳияи Ҷаббор Расулов нахустин шуда, иҷрои дурнамои пахтасупориро таъмин карда, ба ҷойи 9900 тоннаи нақша  10030 тонна пахта истеҳсол намуданд. Аммо дар вазъи қариб якхелаи обу ҳаво натиҷаҳои бадастовардаи пахтакорони ноҳияҳои  Мастчоҳ, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт паст аст. Чунончи, дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамагӣ ба ҷойи 23 ҳазор тонна 14392 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 62,6 дарсади дурнамо мебошад ва дар миқёси вилоят натиҷаи аз ҳама паст аст.
Рӯзҳои мусоиди офтобӣ барои пахтакорон ғанимат мебошад. Ҳоло дар майдонҳои кишт ҳосил зиёд асту қариб  135 ҳазор чинакчию ҳашарчӣ ба ҷамъоварии ҳосил сафарбар шудааст. То иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтаи ҷумҳурӣ 23500 тонна боқӣ мондааст. Натиҷаҳои имсолаи кишоварзон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин, пунбаҳои серҳосил ва техника истеҳсоли маҳсулоти аҳамияти стратегидоштаро боз ҳам афзудан имкон дорад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 869

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед