logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ПАНҶАКЕНТ. НАХУСТИН САФАРСАЁҲАТ

Роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои роҳандозӣ ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар самти сайёҳӣ ва муаррифии ҷойҳои таърихӣ ва нуқтаҳои ҷолибу тамошобоби Тоҷикистон дар Соли ҷавонон ҳиммат гумоштааст. Бо ин мақсад, бо ташаббуси раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва роҳбарияти рӯзнома нахустин сафар - саёҳати ҳайати кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба шаҳри Панҷакент роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи аслии сафар ин буд, ки рӯзноманигорони ҷавони мо дар оянда барои навиштану омода кардани матлаб оид ба минтақаҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва очеркҳои сафарӣ таҷрибаи амалӣ дошта бошанд, ки ин барои тарғибу ташвиқи Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари сайёҳӣ хеле муҳим аст. Раиси шаҳр Ислом Зиёзода меҳмононро ба Панҷакенти бостонӣ хайрамақдам гуфта, бовару эътимоди худро ба неруи созандаи аҳли қалам, бавижа эҷодкорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳор дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки эҷодкорон дар ҳама давру замон метавонанд афкори ҷомеаро ба таври мусбат дигар карда, заминаҳои ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва бунёдкориро дар зеҳни мардум таҳким бахшанд. Махсусан, ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонистани халқу миллат бештар ба адибону рӯзноманигорон иртибот дорад.
Рӯзноманигорон нахуст аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан намуданд, ки соли 1958 ташкил ёфтааст. Бинои осорхона соли 2008 ба ифтихори 1150 - солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмир ва толорҳои намоишии он аз нав тарҳрезӣ шуданд. Дар осорхона зиёда аз 60 ҳазор ашёи нодири таърихӣ мавҷуд буда, бозёфтҳои таърихӣ вобаста ба давраҳо дар ҳашт толори муҷаҳҳаз ба намоиш гузошта шудаанд. Бино ба маълумоти директори муассиса Умарбек Саидов, ҳамасола наздик ба даҳ ҳазор нафар меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ аз осорхона дидан намуда, бо таассурот ва бардоштҳои неку хотирмон бармегарданд. Инро, махсусан, аз навиштаҳои сайёҳони хориҷӣ  дар китоби қайдҳои осорхона пай бурдан мумкин аст.
Яке аз калонтарин ва қадимтарин осори меъмории шаҳри Панҷакент ёдгории Саразм аст, ки таърихи зиёда аз панҷоҳасра дорад. Саразм нахустшаҳри  гузаштагони мо буда, дар он нишонаву унсурҳои шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ташаккул ёфтааст. Масоҳати бузурги ин шаҳри қадима, ки мувофиқи пажӯҳишҳои бостоншиносон зиёда аз сад гектарро ташкил медод, дар натиҷаи кишту кори мардум зеру забар гаштааст ва ҳоло бо мақсади ҳифзу нигаҳдошти қариб 17 гектар масоҳати шаҳри мазкур аз соли 2000 - ум инҷониб Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносии Саразм амал мекунад.
Ба феҳристи Маркази мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО шомил шудани Саразм ҳамчун аввалин ёдгории қадимии Осиёи Марказӣ яке аз воқеаҳои хотирмони замони истиқлолият аст. Саразм ба ин мақоми олӣ ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, силсилабоздидҳои он кас аз ин шаҳри бостонӣ, вохӯриҳои вижа бо сарвари вақти ин созмон Коочиро Матсуура дар Париж ва Душанбе сазовор гардид.
Боздиди шаҳри бостонии давраи аввали асри миёнагӣ – Панҷакенти қадим кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро чанд лаҳза ба сайри таърих бурд. Бозёфтҳои бешумори ин ёдгории муҳташам, ки асосан аз ҷониби олимони рус омӯхта шудааст, ба шаҳри Сантк - Петербург интиқол ёфта, дар ду толори Эрмитажи давлатӣ ба намоиш гузошта шудаанд ва сокинони кишвар дар осорхонаҳои Тоҷикистон нусхаҳои онҳоро мебинанд.
Бино ба маълумоти масъулони осорхонаи саҳроии Панҷакенти Қадим, сабаби ин солҳои пеш надоштани имконияти нигаҳдошти бозёфтҳои бостоншиносӣ буд. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолият имконият ба вуҷуд омад, ки бозёфтҳои минбаъдаи аз ковишҳо пайдошуда дар кишвар нигоҳ доштаву ҳифз шаванд.
Дар байни дигар иншооти таърихӣ мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, воқеъ дар деҳаи Мазори Шариф, ки бо сохти меъмории худ дар Осиёи Марказӣ камназир аст, зиёраткунандагони бисёр дорад. Номи деҳа низ ба хотири оромгоҳи мазкур Мазори Шариф ном гирифтааст. Бино ба маълумоти таърихшиносон, мақбараи мазкур баъди мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро қадимтарин ёдгорӣ буда, дар дохили худ на танҳо оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад, балки пештоқи пурнақшу нигор, сангҳои дорои катиба, хона ва ҳуҷраҳои дарун ба дарун, чиллахона ва қабрҳои шахсиятҳои маъруфи он замонро дар худ гунҷондааст. Бинои мазкур ба ҷуз аз аҳамияти фарҳангӣ доштан, инчунин санъати меъмории гузаштагони моро аз бисёр ҷиҳат рӯшан мекунад ва бозгӯи рушди ҳунарҳои биносозӣ, гилкорӣ, катибанависӣ, хушнависӣ ва ғайраҳо мебошад. 
Дар қисмати шарқии деҳаи Мазори Шариф хона - музейи  шоири  бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дари худро барои бинандагон ҳамеша боз медорад. Хешу пайвандони шоир кӯшиш кардаанд, ки тарҳи аслии бинои хонаро бо таъмиру таҷдид нигаҳ доранд. Ҳар касе, ки модарномаҳои Лоиқро хондаву замзама карда бошад, зуд эҳсос мекунад, ки мисраҳои шеъри маъруф бо номи «Ба кунҷи сандалӣ…» ба ҳамин кулбаи хоксорона бахшида шудаанд:
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ…
Мақбараи Одамушшуаро Рӯдакӣ ба ифтихори 1150 - солагии шоир соли 2008 пурра ба тарҳи зебою муҳташам таъмир шуда, ба яке аз нуқтаҳои муҳимтарини сайёҳӣ табдил ёфтааст. Дар атрофи он боғ бунёд шуда, осорхонаву китобхона ва чойхонаи мунаққаш зиёраткунандагонро бо осору рӯзгори шоир ва гузаштаву имрӯзи шукуфои деҳаи Панҷрӯд, ки дар бари кӯҳҳои Булбулону Юра ҷойгир шудааст, ошно месозанд.
Ба гуфтаи директори Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд Шодӣ Ҷумъаев, сайёҳон ва ихлосмандони раҳдури устод Рӯдакӣ метавонанд дар чойхонаи миллии назди муассиса шаб истода, сафарашонро рӯзи дигар идома диҳанд (маҷмаа аз маркази шаҳр қариб 55 километр дур аст).
Пажӯҳишгарони маъруфи Амрикову Фаронса баъди омӯзишу сайру саёҳатҳои тӯлонӣ сарзамини таърихии Панҷакентро «Помпейи Осиёи Марказӣ» (Б. Роуленд) ва «Флоренсияи хурди Ховарзамин» (П. Бернар) номида, дар рӯзномаву маҷаллаҳои машҳури дунё дар ин бобат очеркҳои сафарӣ ва мақолоти илмӣ ба нашр расондаанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Панҷакент ба таълиму тарбияи ҷавонон, бавижа ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Инро аз шароити хуби майдончаи футбол ва дигар ниҳодҳои солимгардонӣ эҳсос кардан мумкин буд. Кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар доираи сафар - саёҳати худ бо дастаи футболбозони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бозии дӯстона гузаронданд. Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки то арафаи Наврӯзи ҷаҳонӣ маҷмааи «Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ» мавриди истифода қарор мегирад. Аз ҷумла, майдони футбол, ки пас аз чанде, дари худро ба сокинони Панҷакент боз мекунад, даҳ ҳазор тамошобинро дар худ мегунҷонад.
Аз ҳайати бистнафараи рӯзноманигорон аксарият бори аввал ба Панҷакент сафар намуда, бо як ҷаҳон таассурот баргаштанд. Иқдоми навбатии роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» нишон дод, ки тавассути чунин сафарҳо на танҳо малакаи касбии кормандон сайқал меёбад, балки аз таърих, фарҳанг ва расму оинҳои неки мардумони минтақаҳои дигар огоҳӣ ёфта, ҳисси хештаншиносӣ ва меҳанпарастии онҳо баланд мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Душанбе – Панҷакент – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 1228

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед