logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC), 27 октябри соли 2017, шаҳри Душанбе

Муҳтарам ҷаноби Накао!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ҳозирини гиромӣ!
Ташрифи шуморо ба ҷаласаи шонздаҳуми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи шумо фаъолияти пурсамар орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти ҳамаи давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки мусоидати худро барои татбиқи барномаи мазкур дареғ надоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи бузурги ҳамкориҳои судманд ва самарабахши байни кишварҳои минтақа андухта шудааст. Кишварҳои минтақаи моро на танҳо сарҳадоти умумӣ, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд. Анъанаҳо ва низоми тиҷоратие, ки дар тӯли таърих тавассути ин роҳ ташаккул ёфтаанд, дар замони муосир низ аҳамияти худро гум накардаанд ва минтақаро аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиву иқтисодӣ барои кишварҳои сайёра ҷолиб мегардонанд.
Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ маҳз бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа барои ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он, ки имрӯзҳо дар марҳалаи таҷдид қарор дорад, нигаронда шудааст.
Дар доираи ҳавзаи давлатҳои барнома Осиёи Марказӣ дорои бозори 70 миллион нафар истеъмолкунанда буда, соҳаҳои иқтисодии кишварҳо бо ҳам алоқамандӣ доранд, ки ин омил заминаи муфиди ҳамкориро фароҳам овардааст. Вале савдои байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, 10 дарсади гардиши савдои умумии ин кишварҳоро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст.
Мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин робита, як қатор мушкилот, аз ҷумла номутобиқати қонунгузориҳои миллӣ ва мавҷудияти монеаҳо дар роҳи рушди тиҷорат, дар сатҳи байниҳукуматӣ ҳал карда мешаванд. Вале мушкилоти алоқаманд бо раванди ҷаҳонишавиро танҳо дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ва ташаккули низоми муколамаи байнидавлатӣ паси сар кардан мумкин аст. Бинобар ин, дар доираи Барнома тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар замони муосир муҳим арзёбӣ мегардад.
Афзалиятҳо ва самтҳои калидии сиёсати давлати Тоҷикистон ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд. Дар ин замина, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъат додани шуғли пурмаҳсул, ба ҳайси ҳадафҳои стратегии мо муайян карда шудаанд. Мусаллам аст, ки ин ҳадафҳо на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манофеи тамоми минтақаро ифода мекунанд.
Бовар дорам, ки ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда дар доираи стратегияи зикршуда дар самтҳои калидии амал имкониятҳои кишварҳои минтақаро метавонанд бамаротиб тавсеа бахшанд. Ба ин васила мо метавонем рушди устувори ҳар як кишварро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии мардуми минтақаро баланд бардорем.
Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ба мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ, фаъол гардондани амалиёт, ноил шудан ба натиҷаҳои умедбахш ва шаффофият нигаронда шудааст. Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки ин барнома ҳамчун як василаи рушди шарикӣ намунаи самарабахши робитаи байни кишварҳо ва ташкилоту созмонҳо мебошад.
 Бо мақсади таъмин намудани самаранокии фаъолият зарур аст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо бо дарназардошти манфиатҳои умум қарорҳои созанда қабул карда шаванд. Дар ин раванд беҳтар намудани тиҷорати минтақавӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ба ҳар як кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳои худро пурра истифода барад.
Чунин имконияту иқтидорҳо хеле зиёданд ва бо истифода аз онҳо кишварҳои минтақа метавонанд дар шарикӣ бо сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ҳавзаи давлатҳои барномаро ба як минтақаи рушдёфта табдил диҳанд.
Итминони комил дорам, ки санадҳои таҳиягардида минбаъд ба кишварҳои минтақа ҷиҳати коҳиш додани хароҷоти муомила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва васеъ гардидани имкониятҳои соҳибкорӣ кумак менамоянд.
Густариши ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ, ба назари мо, барои ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи зисти аҳолӣ заминаи мустаҳками моддӣ шуда метавонад.
Рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа бевосита бо истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон алоқаманд мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли фарогири ин масъала ва ташаббускори амалишавии лоиҳаҳои инфрасохтории Афғонистон мебошад. Зеро танҳо бо роҳи инкишофи инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ин кишвар сулҳу оромӣ таъмин мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Барои таъмини рушди устувори минтақа ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика, ки ҷузъи аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд, муҳим мебошад. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки раванди тағйирёбии иқлим ва торафт осебпазир гардидани кишварҳоямонро аз пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба об дар мадди назар дошта бошем.
Ҳамзамон бо ин, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мо ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он метавонад омили пуриқтидори рушди “иқтисоди сабз” ва аз лиҳози экологӣ тоза, пешрафти саноат, гарави таъмини амнияти энергетикӣ ва тараққиёти устувори иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Дар баробари ин, масъалаи тақвият бахшидан ба иқтидори транзитии минтақа ва ташаккули низоми мукаммали нақлиётии он низ саъю талошҳои муштаракро тақозо менамояд.
Аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ ба ҳавзаи кишварҳои маҳсур бо хушкӣ шомил мебошанд ва шароити инфрасохтори нақлиёти заминии онҳо гуногун аст. Зимнан, як қатор кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар бобати дастрасӣ ба бозорҳои калони ҷаҳонӣ тавассути роҳҳои баҳрӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Бинобар ин, ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои минтақа ҷиҳати осон намудани транзити молҳо тавассути ҳудуди кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳарчанд ки дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии  иқтисодии Осиёи Марказӣ беш аз 15 лоиҳаи коммуникатсионӣ амалӣ шуда истодааст, вале ташкили долонҳои нақлиётӣ дар минтақа боз ҳам тақвият металабад.
Ташкили низоми ба ҳам пайвасти коммуникатсионӣ ба пайвастани Осиёи Марказӣ бо дигар кишварҳои Осиё ва, инчунин, Аврупо мусоидат намуда, ба афзоиш ёфтани гардиши савдои байниҳамдигарӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Бо дарназардошти ин омил, бояд ба лоиҳаҳои бунёди роҳҳои автомобилгарду оҳан дар ин кишварҳо ва ташаккули долонҳои нақлиётии минтақавии баромад ба бандарҳои баҳрӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Идомаи ҳамкорӣ байни шарикон дар ин самт ва бунёди гузаргоҳҳои боэътимоди нақлиётиву марказҳои логистикӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар ин замина, бовар дорам, ки Стратегияи нави дарозмуддати рушд, аз ҷумла дар масъалаҳои ташаккули гузаргоҳҳои иқтисодӣ, аз тарафи кишварҳои ширкаткунандаи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ хоҳад ёфт.
Густариши ҳамкорӣ дар доираи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ аз рӯи афзалиятҳои нав - рушди иқтидори инсонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ низ, ки дар стратегияи то соли 2030 муайян карда шудаанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Амалигардонии нақшаҳои стратегии Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ вақт ва сармояи зиёдро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки сатҳи ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва механизми маблағгузории лоиҳаҳои муштарак сифатан тағйир дода шавад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф мехоҳам якчанд нуктаро баён намоям:
Якум. Мо аз Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди коммуникатсия, инчунин, масъалаҳои марбут ба идораи сарҳадот ва вазифаҳои таъмини амнияти иқтисодии умум иқдомоти амалӣ, иҷрои саривақтӣ ва механизмҳои навро интизорем.
Ташаккули низоми пурра ва бо ҳам пайванди долонҳои нақлиётӣ дар ин ҷода барои кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, аҳамияти стратегӣ дорад.
Дуюм. Ҳалли мушкилоти кишварҳои ширкаткунандаи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ дар бисёр мавридҳо аз сатҳи касбияти мутахассисони соҳаҳои марбута вобаста мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ҷодаи омодасозии мутахассисони дорои малакаи баланди касбӣ ва, умуман, рушди сармояи инсонӣ тақвият бахшида шаванд.
Сеюм. Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддати ҳамкориҳои минтақавӣ мо бояд стратегияи ягонаро дар асоси манфиатҳои умумӣ ба роҳбарӣ гирифта, барои ҳамгироӣ на танҳо дар самти иқтисодиёт, балки дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим як пойгоҳи мустаҳкам таъсис диҳем.
Дар фарҷоми сухани худ, мехоҳам омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳо ва шарикони рушди ширкаткунандаи барнома таъкид намоям.
Умедворам, ки ҳамгироиву ҳамкории васеи мо ба таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва, дар ин замина, ба пешрафти минбаъдаи кишварҳоямон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ба ҳамаи ширкаткунандагони конфронс барори кор мехоҳам.
Саломату пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 1721

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед