logo

фарҳанг

ОСОРХОНА ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Он омӯзиши арзишҳои миллӣ ва мероси пурғановати таърихиву фарҳангиро тақозо мекунад. Чуноне ки маълум аст, мероси фарҳангӣ, ҳамчун баёнгари расму оин ва анъаноти миллӣ дар шинохти тамаддун ва мақоми тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Дар ин раванд нақши осорхонаҳо хеле муҳим мебошад.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур  ба рушди осорхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ин давра осорхонаҳои зиёди замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Осорхонаи ба номи Мирзо Турсунзода, ки дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода ҷойгир аст,  яке аз  чунин муассисаҳо ба шумор меравад. Дар риштаи туризми минтақа он яке аз муассисаҳои муваффақ ба шумор меравад. Осорхона тавонистааст  диққати сайёҳони зиёди дохилӣ ва  хориҷиро  ба худ ҷалб намояд. 
Онро соли 1988 бо мақсади ҷамъоварӣ ва ҳифзи осори пурарзиши шоир омӯзгори мактаби деҳаи Қаратоғ  Руҳуллоҳи Ҷӯрабой бунёд намуд. Дар нигаҳдории осорхона ба омӯзгор аҳли хонаводааш кумак мерасонад.
Ба ғайр аз экспонатҳои ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тааллуқдошта, дар толорҳои осорхона тамошобин бо намудҳои гуногуни санъати мардумии минтақа, аз қабили кулолгарӣ, мисгарӣ, бофандагӣ ва кандакорӣ ошно мешавад. Толори ба фаъолияти ҷамъиятии  Мирзо Турсунзода бахшидашуда яке аз ҷойҳои тамошобоби он ба шумор меравад.
«Шаҳри Турсунзода дорои ёдгориҳои ғании таърихию фарҳангӣ  буда,  ҳамасола сайёҳони  дохиливу хориҷии зиёде ба ин минтақа меоянд. Дар баробари мавзеъҳои дигари сайёҳӣ онҳо ҳатман аз ин осорхона дидан мекунанд», - гуфт зимни суҳбат бо мо корманди осорхона М. Ҷӯрабоев.
Осорхона, ҳамчунин, дорои боғи ободу зебои фарҳангиву фароғатӣ мебошад, ки он ба макони истироҳату фароғат табдил ёфтааст. Осорхона дар лаби дарёи Қаратоғ ҷойгир аст. Он ба дидан манзараи зебоеро пеши чашм вонамуд месозад.
Ш. ҚУРБОН,  Л. РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 1150

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед