logo

иқтисод

"ДУШАНБЕНАҚЛИЁТХАДАМОТРАСОН". АЗ ХАТСАЙРҲОИ НАВ ТО ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии   “Автобус - 1”, “Автобус - 2”,  “Автобус - 3”,  “Троллейбус” ва 13 ҷамъияти хусусии нақлиётӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар 93 хатсайри мусофирбарӣ ба мусофирон хизмат мерасонад. Тибқи талабот ҳамарӯза дар шабакаи хатсайрҳои шаҳрӣ 173 автобус, 70 троллейбус, 28 микроавтобуси сектори давлатӣ ва то 1940 микроавтобуси сектори хусусӣ фаъолият менамоянд.
Муассиса дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯйи таҳлилҳои техникӣ – иқтисодӣ иҷрои ҳаҷми мусофиркашонӣ ва гардиши мусофиронро дар шабакаи хатсайрҳои пойтахт бо истифода аз ташкили самаранокии мусофиркашонӣ дар ду баст мутаносибан аз 3 то 8 дарсад зиёд таъмин кардааст.  Ба воситаи нақлиёти сектори коммуналӣ  80,1 миллион ва ба воситаи сектори хусусӣ 81,7 миллион нафар мусофир кашонда шудааст. Зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳифзи манфиатҳои мусофирон ва интиқолдиҳандагон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе  ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, таъмини риояи ҷадвали ҳаракат, аз байн бурдани ҳолатҳои тамбашавии беасос, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ин замина ҷоннок намудани фаъолияти автобусу троллейбусҳо ба нақшаи ҳаракати аксари хатсайрҳо тағйирот ворид гардид.
Барои қонеъ гардондани талаботи мусофирони  самти вилояти Хатлон хатсайри № 42 (Терминали “Чимтеппа – маҳаллаи Чортут) кушода шуд. Ҷиҳати  иҷрои банди 5 - и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 101 – 8, аз 15 декабри соли 2016 “Дар бораи эътироф намудани молу амвол вобаста ба тағйир ёфтани тарҳи шаҳри Душанбе”, бо назардошти  ба масоҳати 1111 гектар  васеъ шудани ҳудуди марзии пойтахт, дар асоси супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хатсайрҳои наздишаҳрӣ (пайваст намудани маҳаллаҳои канории аҳолинишини  пойтахт), аз ҷумла  самтҳои  Душанбе (маҳаллаи Гипрозем) – Сарикиштии Поён,  Душанбе – Гулбоғ (Лучоби Боло),  Душанбе – кӯдакистони № 13 - и ноҳияи Фирдавсӣ, Душанбе - Ҷамоати деҳоти Чортеппа (Ҷӯйбодом),  Душанбе – маҳаллаи Меҳтарӣ (Теппаи Самарқандӣ), маркази ташхиси техникӣ – терминали “Озод - Транс”,  маҳаллаи Чортеппа - маркази савдои “Балх”,  Душанбе - шаҳраки Шарора таҳия карда шуданд.
Тавассути телефони боварии муассиса 29 арзу шикояти шаҳрвандон оид ба хизматрасонӣ сабт гардида, сари вақт чораҷӯйӣ шудаанд. 11 августи соли 2017 дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Душанбе терминали нави замонавии мусофирбарии “Озод - Транс”  кушода шуд ва дар асоси супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақшаи ҳаракати хатсайрҳои автобусии № 2 ва 7, микроавтобусии 5А, 18, 39 ва  43  тағйирот ворид карда шуданд.
Дар натиҷаи ҳамкории мутахассисони муассиса бо намояндагони ширкати IВА  GROOР ва ҶДММ “Авесто” дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар 58 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 29 автобуси тамғаи ISUSU, 1 автобуси тамғаи ЛиАЗ ва 28 троллейбус валидаторҳо  – таҷҳизоти қабули пардохти ғайринақдӣ насб карда шуд.  Дар ин самт корҳо идома дошта, аз рафти иҷрои бандҳои Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, № 419 “Дар бораи амалисозии лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” ҳар ҳафта дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар назди муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, баррасӣ карда мешавад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 743

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед