logo

фарҳанг

НАСРИ КӮДАКОНА. ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти муҳим дар мавзӯи «Нигоҳе ба насри кӯдак» баргузор гардид. Маҳфили мазкур, ки асосан адабиётшиносон, ноширон ва адибони бачагонро сарҷамъ карда буд, масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи кӯдакон ва асарҳои барои онҳо пешниҳодшавандаро матраҳ намуд.

Адабиётшинос Азимҷон Аминов дар мавриди адабиёти кӯдак маърӯза карда, дар мисоли чандин адибони ҷавон ва калонсол нуқсу камоли баъзе аз асарҳоро таҳлилу баррасӣ кард.
- Илми адабиётшиносии мо ба адабиёти кӯдак камтар таваҷҷуҳ карда, ба ин бахши ниҳоят муҳими адабу фарҳанг ҳамчун як унсури умумии адабиёт наменигарад. Ҳол он ки мушкилтарин кор барои кӯдак эҷод кардан аст. Вале аз мушкилӣ гурехтан, аз роҳи мураккабу пурмасъулият «парҳез» кардан, дар фазои тарбияи насли оянда холигиро ба вуҷуд меорад. Мо имрӯз наздик ба се миллион кӯдак дорем, вале барои хониши иловагӣ ва беруназсинфии онҳо ба миқдори хеле кам китоб чоп мекунем, - изҳор дошт Азимҷон Аминов.
Дар ҳақиқат, усули аз сода ба мураккаб гузаштани кӯдакони мо аксар маврид риоя намешавад. Ҳатто ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе матнҳои мушкилфаҳми китобҳои дарсӣ ва бадеии имрӯзро падару модарон низ намефаҳманд.
Иттифоқи нависандагон барои тарғибу ташвиқ ва табъу нашри адабиёти кӯдак шурӯъ аз соли ҷорӣ Шӯрои адабиёти кӯдак ташкил намуд. Роҳбари он Азизи Азиз дар бораи мазмуну муҳтавои китобҳои бачагона ҳарф зада, таъкид кард, ки дар аксари асарҳои барои кӯдак иншошуда содагӣ, забони равону фаҳмо, калимаҳои ба синну сол мувофиқ ва аз ҳама муҳим ҳикмату пандҳои тарбиявию ғоявӣ камтар мушоҳида мешавад.
- Дар замони мо, ки шумораи чопхонаву ноширони хусусӣ афзудааст, фарқ гузоштан байни сараву носара низ мушкил шудааст. Аммо, бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон табъу нашр ва сатҳу сифати китобҳои бачагонаро зери назорат қарор додааст. Бовар дорем, ки мушкилоти мазкур тадриҷан ҳалли худро меёбад, - афзуд Азизи Азиз.  
Намояндаи ташкилоти «Кимоникс»  Муҳиддин Хоҷаев, ки асосан бо тарғибу ташвиқ ва чопи китобҳои кӯдакона машғул аст, доир ба муҳимтарин нуктаҳои масъала ҳарф зада, пешниҳод кард, ки рассомон ва нависандаву шоирони кӯдакон ҳамкории пайвастаро бо ин ниҳод ба роҳ монанд. Мавсуф ҳавасмандии ҳамкории худро бо адибони боистеъдоду хушсалиқа баён дошта, хоҳиш кард, ки барои ба дасти фарзандони хурдсоламон расидани адабиёти баландмазмуну мувофиқ ба меъёрҳои ахлоқу маърифат аз неруи ҳамдигар истифода барем. Адиб, рассом, тарроҳ ва ношир танҳо дар якҷоягӣ метавонанд барои кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои 1 - 4 асарҳои ҷолибу тарбиявӣ таҳия ва пешкаш намоянд. 
Имрӯз ҳам, фардо ҳам, муҳимтарин вазифае, ки дар назди ҷомеа меистад, таълиму тарбияи насли наврас, бавижа кӯдакони синни томактабӣ аст. Зеро нахустин заминаҳои ташаккули кӯдак маҳз дар ҳамин давра гузошта мешавад. Агар дар ин давра ба инкишофи психологиву педагогии тифл камтаваҷҷуҳӣ кунем, дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот душвориҳои зиёди зеҳниву рӯҳӣ мекашад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 1139

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед