logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Дар ноҳияи Рашт ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд, зеро маҳсулоти хӯроквории пастсифат метавонад ба саломатии истеъмолгарон таҳдид кунад.

Тавре Хайриддин Хоҷаев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Рашт, иттилоъ дод, қабулгоҳи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси нақшаи корӣ барои назорат дар ин самт комиссияи вижаи назоратӣ ташкил намудааст. Намояндагони бахши рушди иқтисод ва савдо,  маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт», ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳия, бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроия, раёсати ҷамъияти матлубот, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шомили ин комисся буда, дар ҳудуди бозорҳои шаҳраки Ғарм, мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва сартарошхонаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх  корҳои таҳлилию  назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Дар бозор ва дигар нуқтаҳои савдои ноҳия реҷаи корӣ, воситаҳои ченак, бахусус тарозуҳо ва нархи маҳсулот, зери назорат қарор гирифта, дар маҷмӯъ 204,3 кг маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта, бесифат ва хатарнок  аз муомилот бароварда шуд.
Дар ҷараёни фаъолият ҳар як фурӯшанда огоҳонида шуд, ки тибқи муқаррароти мавҷуда, реҷаи корӣ, риояи либоси махсуси ягона,  доштани варақаи муаррифгари шахсият бо расм дошта бошад. Ба низом даровардани растаҳои фурӯшгоҳҳо низ бояд ба инобат гирифта шавад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли равон 48 нафар корманди соҳаҳои хӯроктайёркунӣ, фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ аз тарафи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ба маблағи 6500 сомонӣ, 20 нафар барои риоя накардани қоидаҳои байторию санитарӣ, ҳамлу нақли ҳайвонот, парандаҳо ва маҳсулоти онҳо, аз қабили ширу ҷурғот ва гӯшт аз тарафи маркази мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия ба маблағи 2970 сомонӣ, 27 нафар мудирону фурӯшандагони нуқтаҳои савдо барои ба фурӯш баровардани молҳое, ки муҳлати  истеъмолашон  гузаштааст, инчунин, барои риоя накардани қоидаҳои савдо, аз қабили  тарзи нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ, намоишдиҳӣ, нархгузорӣ ва ҳамсоягии молҳо ба маблағи 6450 сомонӣ аз тарафи маркази ташхисии минтақавии раштии «Тоҷикстандарт»  ҷарима шуданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 1068

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед