logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТ. САФИ ҶАВОНМАРДОНИ ВАТАНДӮСТ МЕАФЗОЯД!

Худогоҳиву хештаншиносӣ ва масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ аз суруди аллаи модар оғоз гардида, бо гузашти вақт такмил меёбаду ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал мешавад. Ин табаддулотро дар ниҳоди ҷавонон омӯзгорон дар соатҳои дарсию тарбиявӣ, барномаю филмҳои ҳуҷҷатӣ оид ба мардонагиву шуҷоат, хондани қиссаву очеркҳо ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа меҳри Ватан ба ишқи бузург табдил ёфта, чун ҷавонмардони баору номус барои ҳимояи Ватан бо ишқи поку самимияти афзун баҳри адои хизмати ҳарбӣ ба аскарӣ мераванд.
Боз як воситаи дигаре, ки дар вуҷуди ҷавонон ҳисси ифтихору бо хотири ҷамъ адо кардани қарзи шаҳрвандиро бештар месозад, ин маъракаи ботантана гусел намудани наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Ин маъракаи идона ҷавононро ба он талқин месозад, ки давлат ҳамеша онҳоро пуштибонӣ карда, ба хизмати софдилонаю садоқатмандонаашон эҳтиёҷ дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро бо амри дил ихтиёр кардаанд, як қатор имтиёзҳо ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи даъватшудагон 25 нафар дар муассисаи муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «С» ройгон таҳсил намуданд. Ҳамчунин, 11 нафар ҷавони шаҳри Хуҷанд дар ин ҷо мутобиқи фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда, соҳиби шаҳодатнома шуд.
Раванди ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, сол ба сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар баробари дигар ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат як иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - анъанаи аёдати сарбозон аз ҷониби волидон, ки чанд сол пеш роҳандозӣ шуд, майли ҷавонон ба хидмати ҳарбиро бештар кард.
Мавзуна ВАҲҲОБОВА,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 1224

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед