logo

иқтисод

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД. ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК ЧӢ ГУНА АСТ?

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 177, аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» қабул шудааст. Дар асоси ин қарор раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва идораву ташкилотҳои ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд, ки барои бе мушкилӣ гузарондани фасли сармо омодагии ҷиддӣ гиранд.
Шамсулло Сатторов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омодагӣ ба фасли сармо хуб ҷараён дорад.  Аз ҷумла, захираи ҳезум ва шишабандии тирезаҳо пурра ба анҷом расидааст. Кашондани ангишт ҳанӯз идома дорад.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия низ, бо вуҷуди баъзе камбудиҳо, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ хуб аст. Дар ноҳия 10 маркази саломатӣ, 27 бунгоҳи тиббӣ ва як беморхонаи марказӣ фаъолият мекунад. Нурулло Иззатов, менеҷери кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, гуфт, ки то имрӯз ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ба давраи зимистонгузаронӣ пурра омода шуда, ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дигар захира кардаанд. Бовар аст, ки тирамоҳу зимистони имсола бе мушкилӣ паси сар мешавад.
Ҳазрат Алимардонов, сармуҳосиби беморхонаи марказӣ, гуфт: «Беморхона бо хати озоди барқ пайваст буда, дар фасли сармо ҷойи хоби беморон тариқи печҳои барқӣ гарм карда мешавад. Илова бар ин, дар беморхона муҳаррикҳои дизелие мавҷуданд, ки дар ҳолати хомӯш шудани барқ ҳуҷраҳоро бо гармӣ таъмин мекунанд. Бинои беморхонаи марказӣ солҳо боз таъмирталаб шудааст, аммо барои таъмир имкони молиявӣ нест. Чанде пеш қисмати берунии онро ранг кардем, аммо он таъмири асосӣ мехоҳад. Илова бар ин, маблағе, ки барои сӯзишвории ду мошини ёрии таъҷилӣ аз буҷети ноҳия ҷудо мешавад, нокифоя аст. Соли 2017 барои сӯзишвории ин ду мошин ҳамагӣ 1400 сомонӣ ҷудо шудааст, ки бо он 250 литр сӯзишворӣ метавон хариду тамом. Аммо ба ҳисоби миёна дар як сол барои ду мошини ёрии таъҷилӣ 2 тонна сӯзишворӣ лозим аст. Барои таъмири мошинҳо бошад, умуман маблағ ҷудо намекунанд».  
Дар фасли сармо аз барф тоза кардани роҳҳои ҳудуди ноҳия ва дар ҳолати истифодабарӣ қарор доштани онҳо аз фаъолияти хуби кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард вобаста аст.
Файзиддин Зоиров, корманди МДНРА - и ноҳияи Темурмалик, иброз дошт, ки онҳо барои зимистонгузаронӣ 488 метри мукааб маводи зиддилағжӣ, 800 литр сӯзишворӣ захира кардаанд. Дар тавозуни муассиса 7 техника мавҷуд аст. Барои тоза кардани роҳҳо аз барф ҳамагӣ як техника доранд ва он ҳам куҳнаву фарсуда шуда, зуд - зуд таъмирталаб мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои ҳалли камбудии сохторҳои зертобеи худ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аз ҷумла, барои таъмини техникаи нави барфтозакунӣ дар МДНРА - и ноҳия ва таъмири бинои беморхонаи марказӣ.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 729

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед