logo

иқтисод

ПУЛИ МИЛЛӢ - ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарини мо дорикҳои тиллоии ҳахоманишӣ (асрҳои VI - V то милод) мебошанд. Онҳо дар бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё», ки соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд.
Муомилоти пулӣ дар Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд кард. Дар асрҳои миёна дар давраи нахустин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён (асрҳои IХ – Х) ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо арзи ҳастӣ карданд. Дирҳамҳои сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот буданд.
Ташкили низоми муосири бонкӣ дар Тоҷикистон танҳо баъди Истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид.
26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар - «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849 - 907) номгузорӣ шудааст, ба тасвиб расида, пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик, инчунин, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷикро сикка заданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ аз 26 октябри соли 2000 чунин зикр намуданд: «Имрӯз дар таърихи навини халқи тоҷик як саҳифаи тоза оғоз мешавад. Тоҷикистон соҳиби низоми нави пулӣ мегардад. Пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон - Сомониён ба гардиш оғоз мекунад. Номи воҳиди пулиро Сомонӣ гузоштанамон низ бесабаб нест».
Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ, пеш аз ҳама, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат ва таъмин намудани зиндагии осудаи мардум мебошанд. Асос ва зарурати сиёсии ин иқдом таъкиди соҳибистиқлолии мамлакат, такмили рамзҳо ва нишонаҳои зарурии мустақилияти давлат аст. Ба ин маънӣ, бо ҷорӣ намудани пули миллии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳамаи рамзҳо ва нишонаҳои хосси давлатдории хеш гардид.
Ш. ЛАШКАР
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2017    №: 223    Мутолиа карданд: 875

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед