logo

иқтисод

МИНТАҚАҲОИ КӮҲӢ. КИШТИ КАДОМ НАМУДИ ЗИРОАТ МУФИД АСТ?

Бо ибтикори раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар  доираи талаботи  протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017  оид ба рушди минбаъдаи зироаткорӣ дар шароити манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи Рӯшон семинари илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода,  раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар, олимону мутахассисони Истгоҳи таҷрибавии кишоварзии Помир, олимони Институти биологии Помир ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ширкат варзиданд. Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода иброз дошт, ки  Ҳукумати кишвар ба рушди ин соҳа дар манотиқи  ВМКБ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдорро муваззаф намуданд, ки муаммоҳои соҳаро воқеъбинона таҳлил намуда, дурнамои онро тарҳрезӣ намоянд.
 Аз муҳтавои маърӯзаҳои илмии дар ин семинар мавриди баррасӣ қарордошта маълум гардид, ки ҳоло олимони Истгоҳи таҷрибавии кишоварзии Помир ва Институти биологии Помир дар се сатҳ, 1800 метр (Рӯшон), 2600 метр (Ишкошим)  ва 3600 метр (Мурғоб) аз сатҳи баҳр озмоишҳоро дар кишти  зироат роҳандозӣ намуда истодаанд.
Наздики 45 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил медиҳад, аммо он ҳамагӣ се дарсад замини киштбоб дораду халос. Аз натиҷаҳои пажӯҳишҳо пайдост, ки дар ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Шуғнон дар баробари ғалладона сабзавот, аз ҷумла пиёз, сабзӣ, шалғам, турб, помидор, карам, картошка низ хуб нашъунамо ёфта, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Бинобар ин, хоҷагиҳоро зарур аст, ки кишти ғалладонаро минбаъд баробари парвариши сабзавот ба роҳ монанд. Ин амал самари истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзиро беҳтар мекунад. Бинобар  дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидани  баъзе ноҳияҳои ин вилоят, қисме аз намуди зироатҳои таҳқиқшуда хуб нашуънамо ёбанд ҳам, ҳосили иддае аз онҳо, мисли ҷав, ҷавдор, сулӣ, гандум боимҷон ва мунҷ пухта намерасанд. Аз ин рӯ, мутахассисон кишти онҳоро барои тайёр ва захира намудани хасбеда ва хӯроки сабзи  чорво мувофиқи мақсад меҳисобанд. Таъкид гашт, ки имрӯз роҳбарияти ширкати «Помир – Энержӣ» дар ҳамкорӣ бо олимони Институти биологии Помир тасмим гирифтааст, то заминҳои бекорхобидаи мавзеи Булункӯлро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, бо чунин амал ҳамбастагии илму истеҳсолотро ба роҳ монад. Раиси ноҳияи Мурғоб М. А. Ҷошбаев зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки хоҷагидорон баҳри ҳамкориҳои илмӣ дар ин самт тамоми тадбирҳоро меандешанд. Дар баробари ин, зикр гардид, ки қаблан бахши кишоварзии ноҳияро қутоспарварӣ ва бузҳои тибетию кашмирӣ  ташкил медод.
Муовини раиси вилоят А. Абдулназарзода дар анҷоми семинар иброз дошт, ки намудҳои гуногуни зироатро ба минтақаи кӯҳистон ворид намоянд ҳам, ҷиҳати тобоварии онҳо ба зараррасонҳо ва омилҳои номусоиди табиати манотиқи кӯҳӣ аз мадди назар дур мондааст. Аз ин рӯ, олимонро зарур аст, ки дар самти инвентаризатсияи зироати кишоварзӣ ва эҳё намудани навъҳои пешин саҳмгузор бошанд.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 692

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед