logo

иҷтимоиёт

БЕТАРАФӢ НИШОНАИ БЕФАРҲАНГИСТ

Тавре ҳамагон шоҳидем, бо бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳри Душанбе барои сокинон, махсусан, барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон шароити арзанда барои тамрини бадан, оммавӣ гардондани варзиш ва истироҳату фароғат муҳайё  гашт.

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ баманфиат буда, дар тарбияи насли солим заминаи воқеӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини пойтахтро мебояд, ки аз шароитҳои баҳри онҳо  фароҳамшуда дар фазои сулҳу суботи кишвари  соҳибистиқлоламон шукргузор бошанд ва дар таҳкими чунин раванди созанда нақши муносибе гузоранд. Зеро нақш доштан дар пешрафти ҷомеа худ ифтихор аз соҳибватанӣ аст.
Мутаассифона, бо вуҷуди ин қадар ғамхориҳои пайваста бархе аз шаҳрвандон дар ин самт бемасъулиятӣ намуда, нисбат ба моликияти давлатӣ ва нигоҳубини онҳо хунукназарона муносибат менамоянд. Аз ифтитоҳи  иншооти варзишӣ дар маҳаллаҳои пойтахт муддати зиёд нагузашта, аллакай қисме аз атраксионҳо аз истифода баромада, корношоям гаштаанд. Махсусан, арғунчакҳои аксари чунин иншоот шикаставу бекор хобидаанд. Борҳо шоҳиди он гаштем, ки дар як арғунчак  2 – 3 нафар навраси болиғ, ки вазни онҳо аз меъёри муайян зиёд аст, ҳамчунин, бо суръати тез ба таври дилхоҳ истироҳат мекарданд. Ҳол он ки ин арғунчакҳо барои болидахотирии кӯдакони синну соли муайян муқаррар карда шудааст. Инчунин, гирду атрофи майдончаҳо аз партови хӯришҳову пӯчоқи офтобпараст пур аст. Гулҳои зебову дилкаше, ки рӯзи нахусти ба истифодадиҳии иншоотҳо диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб мекарданд, шикаставу зери по шудаанд, ки ҳузнангез аст. 
Ин ҳолат нигаронкунанда мебошад. Бояд дар хотир дошт, ки ин мавзеъҳо дар аввал ба як партовгоҳ ва ҷойи нообод табдил ёфта буданд. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ва сарфи маблағи зиёд  ба чунин макони ободу зебо ва назаррабо мубаддал гардиданд. Мақсад аз ин ҳама ободкориву навгониҳо ба хотири фароҳам овардани зиндагии шоиставу арзанда ба сокинони пойтахт мебошад.
Бинобар ин ва бо мақсади пешгирӣ аз чунин рафторҳои хунукназарона сокинони Душанбешаҳр вазифадоранд,  ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намоянд, ба қадри ин заҳмату талошҳо расанд. Дар навбати аввал волидон ба фарзандони худ аз хурдсолӣ тарзи дурусти муносибат ба моликияти ҷамъиятӣ ва одобу рафтори ҳамидаро омӯзонда, роҳи дурустро талқин намоянд. Зеро, аз бетарафии калонсолон дар ин раванд  насли наврас низ дар чунин рӯҳия ба камол хоҳад расид. Ҳамчунин, дар ҳамаи майдончаҳо шахсони мутасаддӣ гузошта шаванд, ки ҳамарӯза рафтори онҳоро зери назорат қарор диҳанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 1207

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед