logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

27 октябр пас аз баргузории ҷаласаи 16 - уми конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар ҳузури Такехико Накао, раиси Бонки осиёии рушд ва Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи Ҳайат – реҷенсӣ нишасти хабарӣ доир гардид. 

Зикр гардид, ки Бонки осиёии рушд давоми  5 соли оянда   барои дастгирии Стратегияи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) - 2030  5 миллиард доллари ИМА  пешниҳод менамояд.
- Ман дар доираи сафари кории хеш дар Тоҷикистон бо  кӯли Сарез, водии Рӯшон ва НБО Норак ошнои пайдо намуда,   таассуроти хуб бардоштам. Шиносоӣ  бо кӯли Сарез нишон дод, ки истифодаи оқилона ва сарфаҷӯёнаи захираҳои обӣ хеле зарур аст. Идора намудани кӯли номбурда барои таъмини бехатарии кишварҳои минтақа  ниҳоят муҳим маҳсуб меёбад. Зимни боздид аз Неругоҳи барқи обии Норак натиҷаҳои баланди ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушдро шоҳид шудам. Вохӯриам  бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд гузашт ва боиси хурсандии мо гардид. Дар дидор бо Ҷаноби Президент масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба БОР шомил гардид ва соли 2003 намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамкории мо бо Тоҷикистон, бавижа дар доираи ташаббусҳои Роҳбарияти олии мамлакат, муфиду натиҷаовар аст.  Дар асоси ҳамкории судманди ҷумҳурӣ бо БОР  барномаву лоиҳаҳои зиёди ояндадор  ба маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ  роҳандозӣ карда шуданд ва татбиқи онҳо, хусусан барои беҳбудӣ ёфтани  соҳаҳои нақлиёту энергетика, такон бахшид. Соҳаҳои   энергетика,  идораи  захираҳои об, канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, сайёҳӣ,  маориф, тандурустӣ, нақлиёт, гумрук, обёрӣ ва сармоягузории бахши хусусӣ самтҳои нави ҳамкории мо қарор гирифтаанд. Бахшҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва рушди инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳои ояндадор мебошанд, ки барои рушди макроиқтисодии кишвар нақши бориз доранд. Ҳамчунин, баъди хуб иҷро гардидани баъзе шартҳои ҳамкории БОР дар Тоҷикистон мо барои дастгирии Буҷети давлатии кишвар соли гузашта ҷудо намудани 50 миллион доллари ИМА - ро тасдиқ намудем. Маблағи ҷудогардида аввали моҳи ноябр ба мамлакати шумо интиқол хоҳад ёфт, - изҳор дошт Такехико Накао. 
Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, Неъматулло Ҳикматуллозода зикр намуд, ки дар фарҷоми конфронс Стратегияи нави ҲИМОМ - 2030 ва «Декларатсияи Душанбе» ба тасвиб расид.
Ба гуфтаи роҳбари БОР, давоми солҳои 2018 - 2020 ҷиҳати рушди  истеҳсолу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани вазъи роҳҳо дар Тоҷикистон бо дастгирии бонк барномаҳои нав роҳандозӣ мегарданд. Ҳоло дар ин ҷода муҳокимаҳои тарафайн идома доранд. Баъди таҳлилу баррасӣ  барои се соли оянда  соҳаҳои  афзали мамлакат муайян гардида, дар ин давра боз ба ҷумҳурӣ тақрибан 300 миллион доллари ИМА  пешниҳод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 16 – уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар толори бошукӯҳи Кохи Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барпо гашт.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 859

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед