logo

иқтисод

ВАНҶ. СОҲИБКОРОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба муносибати Рӯзи соҳибкорон зикр намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди  тамоми самтҳои соҳибкорӣ диққати ҳамаҷониба медиҳад. Вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳар як ташаббуси шоистаю ватандӯстонаи соҳибкоронро, ки баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватан нигаронда шудааст, дастгирӣ намоянд.

Аз  ғамхории Пешвои миллат  соҳибкорони диёр изҳори сипос намуда, дар роҳи ободию созандагии Ватан боз ҳам дилгармона талош хоҳанд намуд.
Дар ноҳияи Ванҷ низ масъулони соҳа ба масъалаи равнақ додани соҳибкорӣ дар ин диёри  кӯҳистон аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир менамоянд.
Ба гуфтаи Одинашо Мардов, муовини якуми раиси ноҳия, соҳибкорони ноҳия аз  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар бобати додани сабукиҳо ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ изҳори хушнудӣ намуданд.  Аз  ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия низ ба  рушди соҳибкорӣ  тайи  солҳои охир  диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ванҷ ноҳияи аграрист, аз ин рӯ, соҳибкорон, пеш аз ҳама, ба  бунёди коргоҳҳои  коркарди маҳсулоти   кишоварзӣ ва гиёҳу рустаниҳои водӣ мароқ зоҳир намуда, дар ин ҷода  ба муваффақиятҳо  комёб гардиданд. Ҳоло равғани ангат, чормағз,  мураббо ва нӯшобаҳо  аз  меваву рустанӣ ва гиёҳҳои кӯҳӣ  тайёркардаи бонувони ванҷӣ дар саросари Бадахшон машҳуранд. Аз ҷумла,  зани ташаббускору меҳнатдӯст Васила Ғафурова ва шогирдонаш аз деҳаи Ғуҷоваст ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти аз меваю рустаниҳо омодашуда машғуланд.
Ҳамчунин,  солҳои охир  даҳҳо соҳибкори ҷавони ноҳия, аз қабили Воҳид Искандаров, Сорбон Сабзалиев, Темур Муҳаббатов, Ҳошим Муъминшоев,  Фаридун Норов, Амриддин Асоев  корхонаҳои нави истеҳсолӣ созмон дода, тайи ду соли охир ба кори сохтмон, бунёди иншооти самти иҷтимоӣ низ машғуланд ва ин  амалҳои ватандӯстона идома доранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 688

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед