logo

иқтисод

МОШИНОЛОТ. АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ИСТЕҲСОЛ ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ, ЧАРО?

Аз рӯйи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ ба ҳазор нафар 48 мошини шахсӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда панҷ сол қабл  39 ададро ташкил медод. Аз ҳама бештар сокинони шаҳри Душанбе (аз 1000 нафар 73 нафар) мошин доранд. Афзудани шумораи мошинҳо нигоҳубин ва истифодаи дурустро тақозо менамояд. Бештари ронандаҳо хароҷоти асосиро дар таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ медонанд, ки ба буҷети оила безарар нест. 

Давлатулло Хайруллозода, сокини пойтахт, панҷ сол аст, ки мошин меронад ва қариб аз тамоми нозукиҳои кор бо мошинолот бохабар аст.
- Қисми бештари мошинҳои дар ҷумҳурӣ буда, истеҳсоли солҳои 1990 – 2000 мебошанд. Дастрасӣ ба мошинолоти босифат дар сурати аз кор бозмонии ин ё он қисми мошин мушкили асосии ҳар мошиндор ба ҳисоб меравад, - гуфт Д. Хайруллозода. - Дар таъмири босифати мошинҳо саҳми нуқтаҳои таъмир хеле назаррас аст. Онҳо аз рӯйи сифати кор ва нархҳои вобаста ба қурби доллари амрикоӣ ба мизоҷон хидмат мерасонанд. Баъзе қисмҳои эҳтиётиро аз рӯйи дархост ба мизоҷон дастрас менамоянд.
Маҳсулоти аз давлати Олмон ворид гардида, дар мағозаҳои шаҳр, хусусан мағозаи “Boosh”, воқеъ дар маҳаллаи 84 - уми пойтахт ба фурӯш бароварда шудаанд. Аксар соҳибони мошин бошанд, ба интихоби мошинолоти истифодашуда (БУ), ки нархи нисбатан арзон ва сифати беҳтар доранд, афзалият медиҳанд. Дар ҳама ҳолат талабот ба мошинолот беш аз пеш дар ҳоли афзоиш аст. Аммо дар ҷумҳурӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳои сабукрав чандон рушд накардааст. Коргоҳу корхонаҳои  саноатӣ бештар ба тавлиди мошинолоти кишоварзӣ ва трактор машғуланд. Корхонаҳо дар ҳашт моҳи соли 2017 ба маблағи 758,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Сабаби мавҷуд набудани коргоҳи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳои сабукрав дар чист?
Дар хусуси тавлиди қисмҳои эҳтиётии мошини сабукрав коршиносон бар он назаранд, ки истеҳсоли мошинолот аз мавҷуд будани бозори мошин вобаста аст. Ширкатҳои азими тавлидотӣ ҳеҷ гоҳ дар мамлакатҳои аҳолиашон кам ва бозори истеъмолиашон маҳдуд қисмҳои эҳтиётии мошин истеҳсол намекунанд. Бинобар ин, соҳибони мошин маҳсулоти воридотии камсифат истифода мебаранд. Дар қатори истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию мошинолоти кишоварзӣ ба роҳ мондани тавлидоти қисмҳои эҳтиётии мошин раванди истеҳсолоти ивазкунандаи воридотро равнақ мебахшад. Соҳибкорони ватанӣ дар ин самт қадамҳои нахустин гузошта истодаанд. Қариб ҳамаррӯза дар кӯчаҳои шаҳр аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шудани оҳану оҳанпора ба мушоҳида мерасад. Хариди чойнику плита, мошинаи либосшӯӣ, дарздӯзӣ ва тамоми ашёи рӯзгори оҳанини аз истифода баромада ба корхонаҳои саноатӣ барои коркард пешниҳод мегардад, ки самаранокии истеҳсолотро аз ҷиҳати коркард ва тавлиди маҳсулоти нав  пешрафт месозад. Қисми бештари оҳанпора ба корхонаҳои чинӣ барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили арматура пешниҳод мегардад. Аз ин ҳисоб истеҳсоли мошинолоти сабукрав низ имконпазир аст. Иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат - 50 дарсад аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани фаъолияти соҳибкорӣ барои ворид намудани ҳамаи намуди автомобилҳои нав имконият медиҳад, ки ба кишвар мошинаҳои сифатан беҳтар интиқол дода шаванд. Дар ин маврид роҳандозии коргоҳи истеҳсоли қисмҳои мошини сабукрав барои рушди иқтисоди миллӣ ва истеҳсолот манфиатбахш аст.  
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2017    №: 224    Мутолиа карданд: 816

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед