logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Фаъолияти доктори илми филологӣ, профессор Воҳид Асрорӣ серпаҳлу буда, ба соҳоти гуногуни илму фарҳанг: омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, тарҷумонӣ, адабӣ, публитсистӣ ва муҳаррирӣ иртибот мегирад. Ҳамзамон, ӯ вазифаи декани факултети филологияи ДМТ (1968-1973) ва мудири кафедраро (1969-1996) бар дӯш доштааст.
Ӯ муаллифи зиёда аз 500 асару мақолаҳои илмӣ, таълимӣ, публисистӣ ва бадеӣ мебошад, ки «Эҷодиёти Юсуф Вафо» (1956), «Халқ ва адабиёт» (1968), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Эҷодиёти даҳонакии халқ» (1980, ҳаммуаллиф Р. Амонов), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982), «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» (1990), маҷмӯаҳои «Салом, мактаб!» (1951), «Замзамаи ҳаёт» (1964) ва «Шарораҳо» (1997) намунаи онҳост. Дар ин асарҳо масъалаҳои гуногуни адабиёт, истифода ва нақши осори фолклорӣ дар адабиёти бадеӣ, махсусият ва анвои жанрии эҷодиёти мардумӣ таҳқиқ, таҳлил ва баррасӣ гардида, зебоиҳои ҳаёт ва ҳикмати зиндагӣ тасвир шудааст.  
В. Асрорӣ солҳои зиёд дар заминаи таҷрибаи андухтаи худ барои муҳассилини макотиби миёнаву олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст, ки «Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 2-3 ва «Эҷодиёти даҳонакии халқ» мисоли онҳост. Агар китоби аввал солҳои 1960 то 1980 дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ҳамчун китобҳои дарсӣ омӯзонида мешуд,  китоби дуюм дар Ҷумҳурии Афғонистон бозгардон шуда, то имрӯз ба сифати воситаи таълим истифода мешавад.
Ҷанбаи дигари фаъолияти муаллим тарҷумонии асарҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ мебошад, ки романи Парда Турсун «Роҳи муаллим» (1950), повести Абдулло Қаҳҳор «Синчалак» (1992) ва чандин шеъру ҳикояҳои Владимир Маяковский, Аркади Гайдар, Маршак, Швартс, Сергей Михалков, Уткин ва дигарон намунае аз онҳост. Ин фаъолият маҳорати тарҷумонии ӯро сайқал дод, ки баъдтар дар ҷараёни таълими ихтисоси рӯзноманигор-тарҷумон дарсҳои тахассусии «Тарҷумаи бадеӣ» ва «Таҳрири адабӣ» - ро ҷорӣ намуд.
Соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил ёфт, ки  дар ин кор ҳиссаи В. Асрорӣ низ кам набуд. Ташкили факултет дар назди устодони ин соҳа масъалаҳои навро ба миён гузошт. Дар навбати аввал зарур буд, ки бо забони тоҷикӣ китобу дастур ва барномаҳои таълимии ихтисосӣ навишта шаванд. Дар ин кор ӯ раҳнамову маслиҳатгар буд, зеро ҳам аз журналистикаи амалӣ ва ҳам аз илми ин соҳа хуб воқиф буд. Чандин китобу дастур ва барномаҳои таълимии «Журналистика» зери таҳрири ӯ омода ва чоп гардиданд.
Самти муҳимтарин ва асоситарини фаъолияти Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ буд. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро сарфи ин касб кардааст. Муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, муаллими омӯзишгоҳ, муаллими донишкада, муаллими донишгоҳ ва муаллими зиндагӣ буд. Ин аст, ки аксар ӯро чун муаллими муаллимон, устоди устодон мешинохтанду мешиносанд. Муаллим будан барояш масъулият ва ҳатто рисолати бузурги инсонӣ маҳсуб меёфт. Ӯ пешаи омӯзгориро бо пажӯҳиши илмӣ тавъам медонист. Муътақид буд, ки рисолати бузургтар ва бартарии устод тарбияи инсон аст. Инсоне, ки моҳияти зиндагиро дуруст дарк карда метавонад, фарҳангу адабиёти собиқаи халқи худро хуб медонад, анъанаи гузаштагонро давом медиҳад, адолатҷӯву ҳақталош аст, ватанашро дӯст медорад, бо кору амали ибратомӯзаш зиндагиро рангин мегардонад, дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузорад.
Мурод МУРОДӢ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1175

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед