logo

иҷтимоиёт

ЧЕҲРАИ ХАНДОНИ "САНГИ ГИРЁН"

Мардум мегӯяд, ки:  «дасти одамизод гул аст». Инро мо имрӯз ба шарофати амалҳои ободкоронае, ки аз ҷониби ҷавонмардони кишвар роҳандозӣ мешаванд, бармало мебинем. Яке аз ин навгониҳо ба макони истироҳату фароғат ва табобат мубаддал гаштани чашмаи «Санги гирён» - и ноҳияи Айнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷӣ Бердиев ба шумор меравад.
«Деҳаи ман Зеробод ном дорад. Он дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр доман густурдааст ва дар як гӯшаи он ин чашма зуҳур кардаву оби ҷонбахш аз он ҷорист.  Мардуми деҳа ва подомони кӯҳистон оби чашмаро солҳост ҳамчун даво истифода мебаранд. Мо тасмим гирифтем, ки оби чашмаро аз ташхис гузаронда ба мисли «Хоҷа Оби Гарм» ва «Гармчашма»  истироҳатгоҳ ё табобатгоҳе  бунёд созем», - гуфт Ҳоҷӣ Бердиев.
Соли 2006 ӯ ба иҷрои иқдомаш даст зад. Сараввал  масофаи 8 километр (аз деҳаи Зеробод то чашмаи «Санги гирён») роҳи мошингард ва хонае барои мусофирон сохт. Соли 2007 оби чашмаро ба маркази вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии истироҳатгоҳҳову курортҳои тиббии Вазорати тандурустии Русия бурда, дар муассисаҳои дахлдор аз  ташхис  гузаронд. Исбот шуд, ки таркиби оби чашмаи «Санги гирён» воқеан ҳам шифобахш будааст.
Натиҷаи ташхис ӯро рӯҳбаланд намуд. Вай дар заминаи  ҶДММ «Зеробод» коргоҳи оббарориро  бо ҷалби 12 нафар ҷавони деҳа,  мавриди истифода қарор дод. Соли 2016 дар назди чашмаи «Санги гирён»  як меҳмонхонаи замонавии сеошёна сохтанд, ки имрӯз ба мардум хизмат мерасонад.
Айни ҳол, бунёди бинои алоҳидаи табобатӣ идома дорад. Ҳамвора бо рафти сохтмон якҷо бо табибони соҳа барои қабули беморон  корҳои омодагӣ вусъат гирифт. 
Ҳоҷӣ Бердиев баҳри ободии диёри азиз ҷаҳду талошҳои зиёд дошта, маромаш ободкориву ба мардум некӣ кардан аст.  Ду пули деҳаи мазкур  низ бо ташаббус ва дастгирии ӯ сохта ба истифода дода шудааст.
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1283

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед