logo

иқтисод

РУШДИ СОДИРОТ. АМАЛИ АРЗАНДА ДАР ҶАВОБИ ҒАМХОРИҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Дастгирию ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, соҳибкорони тоҷик, дар роҳи созандагӣ ва равнақ додани истеҳсолоти ватанӣ илҳому неру ва боварӣ мебахшад. Аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста дастгирӣ ёфтани соҳибкорон имконият фароҳам овард, ки ислоҳоти низоми идоракунӣ батадриҷ такмил ёфта, рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, таъмин карда шавад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ширкати «Ноҳид» - и Истаравшан имконияти васеи рақобатпазир гардондани маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила шуҳратманд сохтани он дар дохил ва хориҷи кишварро пайдо кард. Айни замон «Ноҳид» ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти трикотажӣ – либосҳои тагпӯши пахтагии мардонаю занона ва ҳамчунин, кӯдакона машғул мебошад. Ширкат дорои сехҳои махсуси бофандагию дӯзандагӣ, рангомезӣ ва таҷҳизоти банду баст буда, маҳсулотро бо бренди худ дар мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода мефурӯшад, ба Федератсияи Русия, Беларус ва кишварҳои дигар низ содирот мекунад.
«Ноҳид», ҳақиқатан, имконияти калони истеҳсолӣ дорад, ки бо таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бозорҳои ҷаҳон маҳсулот содир намояд. Барои амалисозии ин нақша зиёд ворид шудани моле, ки имкони пурраи истеҳсолаш дар кишвар мавҷуд аст, халал мерасонад. Бинобар ин, мо ҷонибдорем, ки бо назардошти шароити истеҳсолии ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоте, ки истеҳсоли он дар дохили кишвар имконпазир мебошад, бояд марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад. Ба ин масъала дар вохӯрии Роҳбари давлат бо соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, гуфта шуд, ки маҳсулоти ватании ба содирот нигарондашуда ба муаррифӣ ниёз дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки намоиши молҳои истеҳсолгарони ватанӣ дар намоишгоҳҳои  байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба тақвияти иқтидори содиротии ширкату корхонаҳо,  дарёфти сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва шарикони корӣ мусоидат менамояд. Дар ин қатор мо, соҳибкорон, низ бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлату Ҳукумат дар доираи имкониятҳои мавҷуда  саъю кӯшиши худро барои васеъ кардани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани кишвари азизамон равона созем. 
Расул ФОЗИЛОВ,
роҳбари ширкати «Ноҳид» - и шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 920

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед