logo

иқтисод

ФАРХОР. ҶАВОНИИ ДИЁРИ КУҲАН

Фархори куҳан дорои таърихи беш аз 5 – ҳазорсола аст. Имрӯз масоҳати он 1183, 1 километри мураббаъ ва шумораи аҳолӣ 162, 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мардуми заҳматқарини Фархор сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба созандагию бунёдкорӣ якдилона ҷонибдорӣ карда, дар талоши онанд, ки баҳри ободию шукуфоии кишвари азизи худ нақши босазо гузоранд. Силсилаи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз ин азми нек гувоҳӣ медиҳанд.

Чанд соли охир дар самти таъмини нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ душвориҳои зиёд ҷой доштанд, Дар пайи андешидани як қатор тадбирҳои қотеона, аз ҷумла дарёфти сарчашмаҳои  нави андоз, ин мушкилӣ роҳи ҳалли пурраи худро  пайдо намуд. Давоми  9 моҳи соли равон ба андозаи 19 миллиону 421 ҳазор сомонӣ андоз ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нақша 70 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Асоси иқтисодиёти ноҳияро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад ва иқлими он барои рушди ин соҳаи муҳим хеле мувофиқ аст. Имсол кишоварзон дар майдони 28002 гектар зироатҳои гуногун, аз ҷумла  11591 гектар ғалладона ва 9161 гектар пахта кишт намуданд. Айни ҳол маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Пахтакорони мо ҳанӯз 4 - уми октябр дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои дурнамо, ки  19157 тоннаро ташкил мекунад,  сарбаландона мужда расонданд.
Солҳои охир деҳқонони фархорӣ бештар ба парвариши тарбузу харбузаи зериплёнкаӣ, ки аз ҷумлаи маҳсулоти барвақтию серхаридор  маҳсуб меёбад,   рӯ оварда, натиҷаҳои хубро соҳиб шуданд. Дар майдони 120 гектар боғҳои нав бунёд ёфта, дар 100 гектар талу теппаҳои мавзеи Сияҳкӯҳ  ниҳолҳои писта шинонда шуданд, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.
Дар ноҳия маориф аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.  Имрӯз шумораи умумии хонандагон ба 34828 нафар ва омӯзгорон ба 2211 нафар баробар аст. Мо аз фаъолияти кормандони маориф қаноатмандем. Маҳз заҳмату талоши маорифчиён боиси боло рафтани сатҳи маърифати  мардум гардида, бо иқдому ташаббуси онҳо имрӯз фархориён ба 7180 нусха маҷаллаву рӯзномаҳои даврии соли 2018 обуна шудаанд. Аҳли маорифи Фархор 5 сол боз бо номи  «Минбари омӯзгор» ҳафтаномаи худро доранд, ки муассисаш раиси ноҳия маҳсуб меёбад. Имсол 155 нафар кормади соҳаи маориф аз ҷониби мақомоти мухталиф бо ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд. Мо баҳри ҳавасмандгардонӣ нишони сарисинагии «Омӯзгори фахрии Фархор» - ро таъсис додаем ва имсол 12 нафар омӯзгор ба гирифтани он шарафёб гардид.
Баҳри солимии мардум дар ҳудуди ноҳия 68 муассисаи тиббӣ бо фарогирии 178 духтури маълумоти олидор фаъолият мекунад. Айни ҳол дар муассисаҳои тиббӣ  ҳамагӣ 6 духтур намерасад, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта хеле кам аст.
Дар рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия нақши бонувон назаррас аст. Дар ноҳия 81037 нафар занон кору зиндагӣ мекунанд, ки аз ин ҳисоб 378 нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 209 нафари дигар дар соҳаҳои мухталиф вазифаҳои роҳбарикунандаро ба уҳда доранд. Ҳамзамон, дар  соҳаҳои маориф 1023, тандурустӣ 738, фарҳанг 67 ва соҳибкорӣ 71 нафар бонувон машғули меҳнатанд. Барои инъикоси ҳамҷонибаи ҳаёти бонувон маҷаллае бо номи «Бонувони Фархор» нашр мешавад.
Соҳибкорон дар пешравии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия саҳми босазо доранд. Маҳз бо дастгирии онҳо дар ҳудуди ноҳия як қатор коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва иншооти таъйиноташон гуногун бунёд гардиданд. Акбаршоҳ Неъматов корхонаи пахтатозакунию ресандагӣ таъсис дод, Диловар Муҳиддинов дар Ҷамоати деҳоти Ғайрат мактабу дармонгоҳи замонавӣ бунёд карда, як қисмати роҳи мошингарди Фархор - Сомончиро асфалтпӯш намуд. Ҷамшед Ятимов бо харҷи 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар шаҳраки Фархор бинои филиали беморхонаи Синои шаҳри Душанберо сохт. Бинои «Чойхонаи миллӣ», ки имрӯз зинатбахши маркази ноҳия маҳсуб меёбад, бо ташаббуси соҳибкор Анвариддин Шарифов қомат афрохт. Соҳибкори маорифпарвар Хуршед Нозимов дар шаҳраки Фархор барои 1640 хонанда бинои муассисаи таълимӣ бунёд карда истодааст. Ба ҳамин монанд аз ташаббусҳои созандаи даҳҳо соҳибкорони ноҳия ба некӣ ном бурдан мумкин аст, ки амалҳои хайрашон боиси ободию шукуфоии ин диёр шудааст.  
Ҳар як ташаббуси созандаи соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ ва қадр мешавад. Соҳибкорон аз шароити мусоиде, ки бо иқдом, дастур ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари онҳо муҳайё шудааст, сипосгузорӣ намуда, барои рушду шукуфоии меҳан, зиёд кардани иқтидори истеҳсолӣ, хусусан истеҳсоли маҳсулоти саноатии хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот саъю талош доранд.
Сулаймон ВАЛИЗОДА,
раиси ноҳияи Фархор  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 1069
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед