logo

иқтисод

ҒАНИГАРДОНИИ ОРД – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН

Гурӯҳи вакилони парлумон ва масъулини соҳаи тандурустии Тоҷикистон ғанигардонии орди гандумиро бо витамину минералҳо роҳи осон ва арзони таъмини аҳолӣ бо ғизои солим медонанд. Коршиносон мегӯянд, ки норасоии микроэлементҳои ғизоӣ боиси камхунию камвазнӣ ва бемадорию нотавонии одамон гардида, пайомадҳои манфии дарозмуддат барои солимии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар дорад.

Пешгирии таҳдид ба генофонди миллат
Сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев иброз дошт, ки микроэлементҳои таркиби гандум ҳангоми коркарди орди навъҳои олӣ ва якум аз байн мераванд. Вай афзуд: «Айни замон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардондашуда” фаъолият дорад. Агар ин қонун қабул шавад, дар оянда мо метавонем на танҳо орд, балки дигар маҳсулоти озуқаро низ бо витамин ва минералҳо ғанӣ гардонем».
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ муайян кардаанд: норасоии микроэлементҳои ҳаётан муҳими ғизоӣ имкони сирояти ангезандаи бемориҳоро афзуда, иқтидори фитрию фикрӣ ва маҳсулнокии инсонро коҳиш медиҳад, ки ин таҳдид ба генофонди миллат аст. Аммо иловаи витамин ва минералҳои зарурӣ ба маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орди гандумӣ одамонро солимтар, донотар ва пурмаҳсул мекунад.
Профессор Ҷаҳон Азонов, сармушовири илмии Пажӯҳишгоҳи давлатии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба тадқиқоти анҷомдодаи ин сохтор гуфт: «Дар ғизои аҳолии кишварамон витаминҳои гурӯҳи В, оҳан, йод, руҳ, витамини А, кислотаи фолат ва микронутриентҳои дигар намерасанд. Чунин ҳолат ба бемориҳои зиёд, аз ҷумла камхунӣ, шабкӯрӣ ва ғайра оварда мерасонад. Агар қонун дар бораи ғанигардонии маводи ғизоӣ қабул шавад,  ба нафъи аҳолии Тоҷикистон хоҳад буд».

Ташаббусҳои қонунгузорӣ
Марбут ба ташаббусҳои қонунгузорӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов гуфт: «Имрӯз ҳам аз ҷониби  Ҳукумат ва ҳам парлумон вобаста ба  масъалаи норасоии микронутриентҳои ҳаётан муҳим барои ҳифзи саломатии аҳолӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд, ки ин ниҳоят зарур аст. Дар робита лоиҳаи нави қонуни марбут ба ғалла, орд ва маҳсулоти ордӣ таҳия гардидааст, ки як боби алоҳидаи он ба ғанигардонии ҳатмии орд бахшида шудааст. Ин лоиҳа аз ҷониби вазоратҳои тандурустӣ ва адлия дастгирӣ ёфта, дар ҳоли мувофиқа бо мақомоти дигари давлатӣ мебошад».
Намояндаи мардумӣ гуфт, ки дар марҳилаи аввал дастгирии давлатии корхонаҳои истеҳсоли орд ва таъмини шароити мусоид барои ғанигардонӣ зарур мебошад. Ба қавли ӯ, тибқи муқаррароти лоиҳаи нави қонун, ки айни замон таҳия шудааст, тамоми орди истеҳсоли ватанӣ бояд бо микроэлементҳои ғизоӣ ҳатман ғанӣ гардонда шуда, воридоти орди бевитамин манъ гардад.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо зикри аҳамияти ғанигардонии орд барои солимии аҳолӣ изҳор дошт, ки зимни қабули чунин қонунҳо бояд имконоти иқтисодии мардум ба назар гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи ғанигардонии орд ду муносибат аст: «Ғанигардонӣ барои саломатии инсон зарур аст. Лекин то кадом андоза аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба он ноил шуда метавонем, ин масъалаи дигар аст. Қонунро вобаста ба вазъу макону замонаш бояд қабул кард, ки татбиқшаванда бошад».

Таҷрибаи ҷаҳонӣ
Ноиби президенти Академияи ғизои Қазоқистон Шамил Тоҷибоев мегӯяд, аз соли 2001 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалисозии дурнамои ғанигардонии орди гандумӣ бо витамину минералҳо оғоз гардида буд: «Ин стратегияи арзон ва муфид аст, зеро бо таъмини истеъмоли чунин орд, мо як қатор бемориҳоро пешгирӣ мекунем. Моҳияти ғанигардонӣ дар он аст, ки ба орди навъҳои олӣ ва якум ҳамон витамину минералҳое баргардонда мешаванд, ки зимни ордкунии гандум аз байн рафтаанд. Ин стратегия комилан безарар аст ва онро бояд татбиқ кард. Дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ,  кайҳост, ки қонун дар бораи ғанигардонии ҳатмии орди гандумии навъҳои олӣ ва якум бо микроэлементҳои ғизоӣ қабул гардида, барномаҳои дахлдори давлатӣ амалӣ мешаванд».
Пажӯҳиши “Ғанигардонии маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон”, ки соли 2016 аз ҷониби Ҳукумат дар ҳамкорӣ бо USAID ва Алянси глобалӣ оид ба беҳдошти ғизо (GAIN) гузаронда шудааст, таносуби хароҷоту фоидаи иловаи витамину минералҳо ба орди гандумиро 1 бар 9 муайян кардааст: «Ба орд омехтаи оҳан, руҳ, туршии фолат ва витаминҳои гурӯҳи В илова карда мешавад. Дар натиҷа ҳар $1-и сарфшуда аз ҳисоби афзоиши шумораи аҳолии солим $9 фоида меорад».
Аз рӯйи таҷрибаи ҷаҳонӣ, ғанигардонии маҳсулоти ғизоӣ дар сурати қабули қонун самарабахш аст, зеро он барои истеҳсолгарон иловаи витамин ва минералҳоро ҳатмӣ мегардонад. То ин замон 86 кишвари ҷаҳон қонун дар бораи ғанигардонии ҳатмии ордро қабул кардаанд.

Шарикони рушд омодаи ҳамкорианд
Масъулини корхонаҳои ордбарорӣ бар ин назаранд, ки ғанигардонӣ барои ҳамаи истеҳсолкунандагон  ҳатмӣ гардад: «Ғанигардонӣ бояд таҳти назорати ҷиддии давлат қарор дошта бошад, то ҳамаи истеҳсолкунандагони орд витамину минералҳои заруриро илова кунанд. Агар яке илова кунаду дигарӣ не, нафари аввал аз нигоҳи иқтисодӣ зарар мебинад ва рақобати солим аз байн меравад. Дар бозори орд ҳар сомонӣ аҳамият дорад ва сокинон ба нарх хеле таваҷҷуҳ мекунанд. Инчунин, муҳим аст, ки дастрасии осони истеҳсолкунандагон ба иловаи витамину минералҳо (фортификант ё премикс) таъмин карда шавад».
Қадамҳои баъдӣ
Мудири бахши гигиенаи хӯрокаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддиншо Қандаков роҷеъ ба фаъолиятҳои минбаъдаи марбут ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ чунин гуфт: «Баъд аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” бояд қоидаҳои меъёрию санитарӣ, регламентҳои техникӣ ва меъёрҳо пазируфта шаванд. Дар оянда, инчунин, дастрас кардани фортификант (витамину минералҳо) зарур аст, ки маҳсулоти ордиро бо он ғанӣ гардонем».
Аз гуфтаи масъулину коршиносон ва нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки дар доираи ҳалли масоили иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи қонунӣ барои сафарбарсозии имконоти дохилӣ ҷиҳати ғанигардонии ғизо аз роҳҳои самарабахши рафъи мушкилоти ҷойдошта маҳсуб мешавад.
Моҳира САНГМАМАДОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 972

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед