logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ – САРЧАШМАИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим бо вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 171, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғайбулло Авзалов оид ба вазъи ногувори солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва баргузорию кори иҷлосияи тақдирсоз дар шаҳри Хуҷанд ҳамсуҳбат гардид.
- Пеш аз он ки дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Иҷлосияи сарнавиштсоз сухан бигӯем, нахуст бояд аз вазъи ногувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар он солҳо, яъне солҳои аввали 90 – уми асри гузашта ёдовар бишавем. Танҳо дар ин сурат моҳият ва дар чӣ гуна шароит баргузор гардидани онро метавон маърифат намуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ вазъ муташанниҷ гардид. Ҳизбҳову гурӯҳҳои сиёсии  мансабхоҳ мардумро ба майдонҳо, ба гирдиҳамоиҳо кашиданд. Дар натиҷа ихтилофу парокандагиҳо ба вуҷуд омаданд. Гурӯҳҳое ҳам буданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба дуздию ғоратгарӣ ва қатлу куштор даст заданд. Дар ин ҳол зарур шумурда шуд, ки вохӯриҳову нишастҳо барои ба эътидол овардани вазъи мураккаб доир гарданд. Ҳатто ин гуна вохӯрӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дурдасттарин минтақаи  кишвар маҳсуб меёфт, баргузор шуд. Вале ҳеҷ яке аз ин вохӯриҳо натиҷа набахшид. Баъди чунин вохӯриҳо, гурӯҳҳои махсус вазъро ногувортар менамуданд. Аз ин, албатта, мардум, миллат ва давлат зарар медид. Дар ин вазъи мураккабу печида, ки мардум ба мақомоте, ки бовар доштанд, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ буд. Ҳарчанд як гурӯҳи мардум иброз медоштанд, ки дар бад шудани вазъи сиёсии кишвар ин мақомот гунаҳгор аст. Ин бесабаб ва дур аз ҳақиқат нест. Аммо новобаста ба ин интихобкунандагон ба вакилони худ бовар доштанд. Чаро? Чунки интихоботе, ки 25 феврали соли 1990 доир шуд, беҳтарин, шаффофтарин ва демократитарин интихобот маҳсуб мешуд.
Ин дар сурате буд, ки он замони фоҷиабор минтақаҳо ба марказ бовар надоштанд ва итоат намекарданд. Марказ ба минтақаҳо неруи таъсиррасон надошт. Ҳукумат яктарафа амал ва манфиати гурӯҳеро ҳимоя мекард. Аз ин рӯ, супоришҳои онро иҷро наменамуданд. Вазъ ба андозае мураккаб гардид, ки қисмате аз  мардумро шаш моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ гирифтанд. Яъне Ҳукумат пеши роҳи ин амали  гурӯҳҳоро дигар гирифта натавонист. Махсусан, вазъи минтақаи Кӯлоб бениҳоят бад буд.
Ҳолати рӯҳии мардум хуб набуд ва дасту дилашон ба кор намерафт. Корхонаҳо, заводҳо, иттиҳодияҳо ва хоҷагиҳо, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тиб ва фарҳанг аз фаъолият бозмонда буданд. Садҳо хонаҳо сӯхтаву валангор гардида буданд. Дар ин ҳол шумораи гурезагон қариб ба як миллион нафар мерасид.
Муҳорибаҳои силоҳнок бештар сабаби талафоти мардуми осоишта мегардиданд.
Роҳҳоро аз қисмати водии Ҳисор ба марказ бастанд. Маводи зарурӣ ба пойтахт намерасид.
Ҳукумати марказӣ фаҳмид, ки роҳбарӣ намудан дар ин ҳолат бениҳоят вазнин аст. Аз ин рӯ, зарур донист, ки бо минтақаҳо гуфтушунидро оғоз намояд.
Бояд ёдовар шавем, ки Ҳукумати муросои миллӣ, ки баъди моҳи майи соли 1992 таъсис ёфта буд, манфиати гурӯҳҳову минтақаҳои муайянеро ҷонибдорӣ  мекард. Аксари мардуми кишвар ба ин Ҳукумат на танҳо эътимод надоштанд, балки аз он норизо буданд.
Дар натиҷа ин Ҳукумат маҷбур шуд эътироф намояд, ки аз уҳдаи роҳбарӣ ва кор набаромад, ба ин сабаб тайёр аст расман ба истеъфо равад. Пас аз он мо - вакилон ва дигар масъулон ҷамъ омадем ва вазъро баррасӣ намудем. Вакилони мардумӣ дар минтақаҳо ризоят доданд, дар як ҷое, ки амният кафолат дода шавад, ҷамъ биёянд ва иҷлосияи навбатиро доир бинамоянд. Чунин ҷойи нисбатан бехавф шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешуд.
Ҷамъ овардани вакилони мардумӣ дар он рӯзгор кори бениҳоят душвор буд. Масъулияти баланди инсонӣ, шаҳрвандӣ ва шинохти рисолат, онҳоро водошт, ки ба ҳар сурате, дар ҳар вазъияте, ки бошад, ҷамъ биёянд. Онҳо хуб медонистанд, ки миллату давлат дар дуроҳаи ҳаёту мамот қарор дорад ва ҷамъ нагардидан моро ба ҳалокату нестӣ мекашонад.  
Мо – вакилони минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба ин хотир ду маротиба дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омадем. Ба воситаи Тирмиз рафтем. Бори аввал чун ба Хуҷанд рафтему ба гурӯҳҳои корӣ барои доир намудани иҷлосия тақсим шудем, вазъияти минтақаи Кӯлоб боз муташанниҷтар гардид. Якчанд роҳбарони боломартабаи ин вилоятро ба қатл расонданд. Маҷбур шудем, ки барои ба эътидол овардани вазъият ба шаҳри Кӯлоб баргардем. Зимни вохӯриҳо ба мардум фаҳмондем, ки ягона роҳи ислоҳи вазъ ва барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ ин баргузории иҷлосия аст.
Омодагӣ дидем ва корҳои зиёдеро барои доир кардани иҷлосия ба фарҷом расондем. Аз моҳи август иҷлосия баргузор нашуда буд. Ба ин хотир тартиб додани рӯзнома ва қабули он мушкилиҳо дошт. Яке аз мушкилоти асосӣ аз сохтори президентӣ ба сохтори парлумонӣ гузаштан маҳсуб мешуд. Таъсиси Ҳукумати қонунӣ, афви гурӯҳҳое, ки дар қатлу куштор даст доштанд, баргардондани гурезаҳо низ аз ҷумлаи он мушкилот буданд. Масъалаи асосӣ барқарории сулҳу ваҳдат ба шумор мерафт.
Бояд махсус зикр бикунам, ки сарчашмаи сулҳу ваҳдати тоҷикон ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз мебошад. Дар иҷлосия якчанд гурӯҳҳо буданд. Шабона дар меҳмонхона машваратҳо доир менамуданд. Мехостанд, ки ҷумҳуриро ба тарзи пеш роҳбарӣ бинамоянд. Ҳама роҳҳоро истифода мебурданд. Ба ин хотир дар рӯзи аввали кори иҷлосия барои қабули рӯзномаи он мубоҳисаҳои ҷиддӣ барпо карданд. Аммо қисмати зиёди вакилони мардумӣ манфиати миллату давлатро болотар аз ҳама чиз гузоштанд ва ба тарафдориву қабули рӯзномаи корӣ овоз доданд. Чунин сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ то ба ин муддат вуҷуд надошт.
Фурсат ҳам фаро расид, ки шахсеро, вакилеро ба раисии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб бикунем, ки мардум ба ӯ бовар дошта бошанд. Ин нафар ҷавони ниҳоят ҷасуру солимфикру дурбин аз ҳавзаи интихоботии № 172 Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳама якдилона ба тарафдорияш овоз доданд. Роҳбари нав тавонист аз ҳамаи минтақаҳо шахсони босалоҳият ва дилсӯзи миллату давлатро дар атрофи худ ҷамъ биёрад.
Муроҷиат ё худ баромади таърихии Сарвари тозаинтихоб дар бораи вазъи мураккаби кишвар, эълони оташбас, халъи силоҳ, таъмини ғизо, баргардондани гурезаҳо, таъмин ва пойдории сулҳу ваҳдат бисёр пуртаъсир ва хотирмон буд. Мардум ба ӯ бовар карданд, зеро самимияташ, мақсади некаш дар пиндору гуфтору кирдораш аён буд.
Пешниҳод ҳам шуд, ки Ҳукумату давлати навтаъсис то ба эътидол омадани вазъияти сиёсӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бинамоянд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ба ин ризоят надод ва ба марказ омад.
Ҳамин тавр, вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ бо тадриҷ ба саъю кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ба эътидол омаду сулҳ пойдор гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2017    №: 225    Мутолиа карданд: 773

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед