logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИСТЕЪДОДИ ҲАЙРАТАНГЕЗИ ДУХТАРИ ТОҶИК
Манижа Тошболтаева, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ 15 сол дорад, дар барномаи «Удивительные люди» - и шабакаи телевизионии «Россия 1»  бо нигоҳ суръати мошинро муайян карда, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Барои имтиҳони  ҳунари ғайриодиаш  тоҷикдухтарро  ба як автодроми шаҳри Москва бурданд. Ӯ мебоист суръати мошинро бо нигоҳ муайян мекард. Узви ҳайати ҳакамон Евгений Папанишвили ҳамзамон бо суръатсанҷ (радар) суръати мошинро чен мекард. Манижа баъди аз назди онҳо гузаштани мошин гуфт, ки суръаташ 69 километр дар як соат аст. Суръатсанҷи Папанишвили низ рақами 69 - ро нишон дод. Ба ин бовар накарда, суръати ду мошини дигарро санҷиданд. Суръати мошини дуюмро радар 79 километр нишон дод. Манижа каме иштибоҳ карда, суръаташро 76 гуфт. Мошини сеюм бо суръати 145 километр дар як соат гузашт. Манижа суръати онро низ дуруст муайян кард.
Манижа Тошболтаева дар синфи 9 - и муассисаи таълимии назди Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия таҳсил мекунад. Як сол аст, ки дар Академияи арифметикаи зеҳнии «Империя знаний» низ таълим мегирад.
Таҳияи Р. КАРИМЗОДА


КОНСТИТУТСИЯ ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Яке аз калонтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам  қонуни асосии Ҳиндустон мебошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шудааст.  Конститутсияи мазкур аз 117400 калима иборат буда, бо забоне навишта шудааст, ки на ҳама ба матни он сарфаҳм мераванд.
Куҳантарин конститутсияи то ҳол амалкунандаи ҷаҳон, ки 220 сол қабл қабул гардидааст, ин сарқонуни Амрико мебошад. Конститутсия аз 4,4 ҳазор калима иборат буда, ба он то ин дам ҳамагӣ  27 тағйирот дароварда шудааст. Аҷибаш ин аст, ки дар ягон ҷойи конститутсияи  Амрико калимаи демократия истифода нашудааст. Он, ҳамчунин, хурдтарин сарқонуни сайёра эътироф гардидааст.
Ягона конститутсияе, ки дар он қарори аз ҷанг даст кашидани кишвар ба таври расмӣ сабт шудааст, ин қонуни асосии Ҷопон мебошад. Дар он сабаби рад кардани ҷанг шикаст хӯрдани давлати Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маънидод гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ГОРКИЙ БУДАН БЕҲТАР АСТ
Боре адиби маъруфи рус Алексей Максимович Горкий дар яке аз шаҳрҳои музофотии Итолиё меҳмон мешавад. Ӯро барои ширкат дар намоиши «Дар қаъраш» ба театри шаҳрӣ даъват менамоянд.
Намоиш ба адиб он қадар ҳам хуш наомад, вале «сюрприз» - и асосӣ ӯро дар охир интизор буд. Мардум «Муаллиф!» - гӯён фарёд бардоштанд. Алексей Максимович аз ҷояш нахеста буд, ки шахси ба ӯ хеле монанде аз паси парда баромада, таъзим намудан гирифт. Тамошобинон ӯро гулборон карданд. Импресарио аз шарм наметавонист ин амалро чӣ гуна тавзеҳ диҳад.  Маҷбур шуд, ки Горкийро бо ҳаммонандаш шинос намояд. Ӯ як актёри пири театр будааст.
- Маро мебахшед, ҷаноби Горкий. Ба ман нагуфтанд, ки имрӯз худатон ҳамин ҷо мешавед, - узр пеш овард актёр.
- Хӯш, худро дар пӯсти дигарон чӣ тавр эҳсос мекунед? – пурсид Горкий.
- Хеле хуб, - ҷавоб дод актёр, - қаҳрамонҳоямро аз худам дида бештар дӯст медоранд. Ҳамин моҳ панҷ маротиба Зудерман, чор бор Стринберг, се карат Ростан ва ду маротибаи дигар Горкий будам. Бароям Горкий будан беҳтар аст!
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


СУЛТОН ВАЛАД
Пандҳо
• Ҳаргиз зоғ рози булбулро надонад.
• Фарзанди обу гил бегона аст, фарзанди ҷону дил ягона аст.
• Тан хонаи маънӣ аст ва ҷаҳон хонаи сурат. Ва сурат маҳдуд аст ва маънӣ номаҳдуд.
• Аз полонгарон то пайғомбарон роҳ бисёр аст.
• Ҳар ақле, ки ба ҳақ машғул нест, ба ақл монад, лекин, дар ҳақиқат, ақл нест.
• Дар сухани дурӯғ ҳосиле нест, ҷуз сияҳрӯӣ.
• Амали хайр  сифат ва сояи ақл аст.
Интихоб ва баргардони Абдулқодири РАҲИМ


БУЗУРГТАРИН СОАТ ДАР ҶАҲОН
Соати шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ бузургтарин соат дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ин соатро аз ҳамаи тарафҳо аз масофаи 8 километр дидан мумкин аст. Вазни умумии он 3600 килограмм мебошад.
Таҳияи М. САФАР


ЯК ДУЗДИИ АҶИБ
Баъди марги физики машҳур Алберт Эйнштейн (соли 1955 дар беморхонаи Принстони ИМА) Томас Харви ном патологоанатом ҷасади ӯро барои ташхис кушод. Аз рӯи қоида Харви майнаи сари Эйнштейнро бояд ба хотири илм ба муассисаҳои тадқиқотӣ медод. Вале ӯ ин корро накард, балки ҳам ба обрӯ ва ҳам ба вазифаву ҷои кораш таваккал намуда, майнаи сари олимро дуздид.
Харви давоми чил сол дар хона ба омӯзиши майнаи сари Эйнштейн машғул шуд. Дар ин муддат майнаи сарро қисм-қисм бориктар аз мӯи сари инсон бурида, ба асабшиносони машҳури ҷаҳон ирсол дошт, то таваккали намудааш барои илм натиҷа диҳад. Аҷибаш ин аст, ки Харви аз дуздии худ хиҷолат намекашид, баръакс, муътақид буд, ки дуздии майнаи сари Эйнштейн барин нобиғаи бузург барои ӯ ҳамчун олим қарз аст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ЭНЕРГИЯИ ЯДРОӢ БА ҶОИ НЕРУИ БАРҚ?
Олимони Аврупо ният доранд, ки то соли 2020 аввалин реактори термоядроиро ба истифода диҳанд. Онҳо дар давоми таҳқиқи даҳсолаи хеш дар самти энергияи ядроӣ ба ин дастовард муваффақ шуданд.
Реактори термоядроӣ дар доираи лоиҳаи байналмилалии муҳандисии ITER ба роҳ монда шуда, дорои имконияти гирифтани энергия аз синтези ядроӣ мебошад. Барои ба кор андохтани он дар шаҳри Каридаши Фаронса майдони махсуси омӯзишӣ кушоданд. Аввалин таҷрибаҳо натиҷаи мусбат додаанд.     
Коршиносон мегӯянд, ки энергияи ядроӣ кайҳо боз ҳамчун воситаи алтернативии барқ ба ҳисоб рафта, тавонмандии идоракунии он мушкилоти барқро комилан рафъ месозад.
О. ВАФОБЕК


ШАРШАРАИ ВИКТОРИЯ
Шаршараи Виктория яке аз машҳуртарин мавзеъҳои Африқои Ҷанубӣ мебошад, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст. Онро сайёҳи шотландӣ Дэвид Ливингстон соли 1855 кашф намуда, ба шарафи маликаи Британия Виктория номгузорӣ кардааст. Ливингстон дар мавриди шаршара менависад: «Чашмони ҳеҷ аврупоӣ то ин вақт чунин зебоиро надида буд. Онро наметавон ба ягон чиз шабоҳат дод».
Шаршара дар сарҳади боғҳои миллии кишварҳои Замбия ва Зимбабве дар дарёи Замбези ҷойгир аст. Баландиаш 120 мебошад. Виктория нисбат ба шаршараи Ниагара ду баробар баландтар аст ва қатраҳои оби он то ба баландии 400 метр пош мехӯранд. Қатраҳо туманеро ба вуҷуд меоранд, ки аз 50 километр мушоҳида кардан мумкин аст. Шояд ба ҳамин хотир мардуми таҳҷоӣ онро «Дуди садодор» низ меноманд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ЯК ПАНД
Кӯдак аз табиб пурсид:
- Модарам мемирад?
Табиб гуфт:
- Ҳоло на.
Боз пурсид:
- Пас кай?
Табиб:
- Вақти тирамоҳ.
- Тирамоҳ кай меояд?
- Вақте ки баргҳо мерезанд.
Кӯдак ба хона рафт. Сӯзану ришта гирифту ба дӯхтани баргҳои дарахтон ба шохаҳояшон пардохт…
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


252 КИЛОГРАММ ВАЗНИ ЯК КИТОБ
Китоби аз ҳама калонтарин соли 1976 дар шаҳри Денвери ИМА интишор ёфт. Ҳаҷмаш 2 метру 74 сантиметр, бараш 3 метр ва вазнаш 252 килограммро ташкил медод ва номаш «Суперкитоб» (Супербук) буд.
Китоби аз ҳама хурдтарин соли 1978 дар Шотландия чоп шуд, ки ҳаҷми он 2,1 миллиметр мебошад. Дар понздаҳ саҳифаи хурди он сурудаҳои қадимии шотландӣ сабт шудаанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ОЁ  МЕДОНЕД?
Олимони англис исбот карданд, ки бачаҳое, ки компютерро хуб медонанд, дарси ҳисобро 5 маротиба беҳтар меомӯзанду дар хондану навиштан пешқадам мешаванд. Аммо ба бозиҳои компютерӣ дода шаванд, зарар мебинанд. Чашмашон хира, асабашон хароб ва зеҳнашон кунд мешавад.
Таҳияи Х. КАСИРОВ


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
6. Эразма
Миёни сокинони Роттердам ва сайёҳон барои шакли пояаш пул бо номи «Қу» машҳур шудааст. Дар Эразма ду конструксия - пули ғайриодии якпояи овезон ва дарозтарин дар дунё купруки миёнҷудои 82 метраро пайваст кардаанд. Ин иншооти аҷоиби роттердамӣ дар андоза сеюм пули кабелии дунё ба ҳисоб меравад. Эразма 900 метр дарозӣ, 6800 тонна вазн ва 110 миллион доллар арзиш дорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


СТАЛИН ВА КИНО
Сталин филми «Поезд ба Шарқ меравад» («Поезд идет на восток»)-ро тамошо мекард. Муддати тӯлонӣ дар экран ба ҷуз поезду роҳи оҳан чизи дигар наменамуд ва манзараҳои филм низ воқеан дилгиркунанда буданд. Ногоҳ поезд таваққуф кард.
– Ин кадом истгоҳ аст? – пурсид Сталин.
– Демяновка.
– Ана дар ҳамин ҷо ман мефуроям, – мегӯяд Сталин ва аз толор баромада меравад.
Таҳияи Мавлудаи ОДИНА


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
14. Ҷазираи Тасмания
Генерал-губернатори Ост-Индиаи Нидерланд  Антонио ван Димен соли 1642 барои омӯзиши баҳрҳои ҷанубӣ экспедитсияро таҳти сарварии  Абел Тасман таъсис медиҳад.
Баҳрнаварди маъруф ҳангоми пажӯҳиши соҳилҳои қитъаи Австралия ин ҷазираро кашф карда, номи онро ба хотири муассиси экспедитсия Замини Ван-Димен мегузорад. Тайи таҳқиқоту омӯзишҳо ба ҳайати экспедитсия даст медиҳад, ки инчунин галаҷазираҳои Фиҷи ва Тонгоро кашф намояд.
Танҳо пас аз гузашти беш аз ду аср – соли 1856 қарор қабул шуд, ки ҷазира ба номи кашшофи он гузошта шавад.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


МУАММОИ ГУАНЧҲО
Ҷазираҳои Канар, ки дар чорроҳаи обии се қитъа воқеанд, дар асри V ба саҳнаи ҷангҳои хунини одамкушӣ табдил ёфта буданд. Муҳорибаҳо ба ояндаи мардуми бумӣ таҳдид мекарданд. Махсусан хавфи қир шудани гуанчҳо, аҳолии таҳҷоии Атлантика, аз эҳтимол дур набуд. Қабилаи гуанчҳо дар Канар кай пайдо шудааст? Аз он давраи ҷанг барои мустамликаҳо қариб 600 сол сипарӣ гаштааст, вале асрори гуанчҳо кашф ношуда монд. Тақдири онҳо саҳифаҳои ноошнои таърихи аҳди қадимро мемонад.
Аз таърих маълум аст, ки гуанчҳо малламӯй, чашмкабуди бузургҷусса будаанд. Аммо оё дар қадим дар ҷазираҳои Канар танҳо онҳо ба сар мебурданд? Бостоншиносон муқаррар намудаанд, ки гуанчҳои бумӣ фақат дар ду ҷазира – Тенериф ва Гран-Канария мезистанд, чор ҷазираи боқиро дигар қабилаҳо фаро гирифта буданд. Канариҳо барои олимон манбаи омӯзишанд. Онҳо аз дунёи бузург канда шудаанд, маданияташон аз қаъри асрҳо то ба имрӯз расидааст ва он барои мо чун намунаи тамаддуни гумшудаи давраи атиқа мебошад. Дар ҷазираҳои Канар унсурҳои маданияти палеолити Африқои Шимолӣ дарёфт шуданд. Матнҳои рӯихарсангӣ ба забонҳое мутааллиқанд, ки дар қитъаи Африқо кайҳо мурдаанд. Аз байни бисёр косахонаҳои сар косахонаи сари кроманонҳо низ дарёфт гардид, ки ин қабила бо сабабҳои номаълум дар тӯли ҳазорсолаҳо нопадид гаштааст. 
Ба муаммои гуанчҳо русҳо низ даст задаанд. Дар солҳои 70 – уми асри гузашта дар ҷазираи Тенериф физиологи машҳури рус Иля Мечников татқиқоте бурд. Дар остонаи ғоре устухонҳои куҳнаро ёфт, ки баробари даст расондан хокистар мешуданд. Баъдтар аз дохили ғорҳо ҷасадҳои мумиёшуда ва косахонаи сари одамонро дастрас намуд, ки ба ӯ ва олимони дигар маълумоти зиёде доданд. Маълум шуд, ки тарзи мумиё кардани ҷасадҳо бо тарзи мумиёкунии мисриёни қадим монанд аст. Бисёр расму оинҳои мардуми ҷазира бо қабилаҳои барбарии Африқои Шимолӣ низ якхела будаанд. Худи калимаи «канар» низ аз номи қабилаи канарҳо  баромадааст, на аз вожаи лотинии cards - саг…
Ҳанӯз дар асри гузашта этнографи фарангӣ С. Бертло зикр намудааст, ки се садсолаи охири ҳукмронии онҳо симои мардуми таҳҷоиро дигар карда натавонистааст. Чеҳраи миллии фарзандони ҷазира дар баъзеи онҳо мисли асли пештара боқӣ мондааст: симои офтобхӯрда, пӯсти сабзина, тарҳи нозуки рӯй, чашмони шаҳлои барқпош, мӯйҳои ғулии дарози сиёҳу тиллоранг. Олим ба чунин хулоса омадааст, ки дар солҳои мустамликадорӣ на ҳамаи аҳолии таҳҷоӣ, яъне гуанчҳо аз байн рафтаанд, баъзеи онҳо имрӯз низ ҳастанд…
Аз рӯи маълумоти оморӣ то охири асри XV шумораи канариҳо аз 20 ҳазор то 600 нафар кам шудааст. Онҳо бо испанҳо бо як ҷасорати беҳамто меҷангиданд, аммо бар зидди яроқи оташфишон истодагарӣ карда натавонистанд. Вале як кашфиёти илмӣ маълум намуд, ки ҳамаи канариҳои бумӣ қир нашудаанд.
Антропологи испанӣ М. Фюсте дар осорхонаи Канар, воқеъ дар Лас-Палмас, 958 косахонаи сарро таҳқиқ намуда, ба хулосае омадааст, ки косахонаи сари канариҳои имрӯза ба косахонаи сари гуанчҳои давраи қадим шабоҳат доранд. Аз ин маълум мегардад, ки аҳолии таҳҷоӣ ҳангоми ҷанги зидди мустамликадорон пурра нобуд нагашта, балки бо аврупоиҳо, аз қабили испанҳову фарангиҳо омехта шудаанд. Канариҳои имрӯза ҳатто ба хотир намеоранд, ки дар шараёни онҳо хуни гарми гуанчҳо равон аст. 
Қурбон  МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
АНҶОМИ БОЗИҲО
Таназзули ботадриҷ
Дар тӯли баргузории бозиҳои олимпӣ моҳияти онҳо басо боло рафт. Шурӯъ аз давидани одӣ онҳо ба рӯйдоди муҳими варзишӣ мубаддал гаштанд. Аммо сатҳи зӯрозмоиҳо ва принсипҳои ахлоқии ширкаткунандагони он на ҳамеша бидуни нуқсон буд. Ин асосан пас аз тасарруфи Рум Юнонро дар соли 146 то эраи мо, замоне ки давраи таназзул шурӯъ шуд ва билохира, ба қатъи Бозиҳо оварда расонд, зоҳир гардид.
Чанд сабаби аз байн рафтани Бозиҳо мавҷуд аст:
Касбияти варзишгарон
Бозиҳо ба зӯрозмоии байни варзишгарони касбӣ мубаддал гашт, ки далели асосиашон коллексиякунонии ғалабаҳо бо роҳи ширкат на танҳо дар бозиҳои Панэллинӣ ва ҳатто дар зӯрозмоиҳои маҳаллӣ буд.
Ҳузури варзишгарони румӣ дар байни варзишгарони юнонӣ. Ҳадафи асосии варзишгарони румӣ таблиғи варзиши тамошоиву диданӣ маҳсуб мегардид ва онҳо қаноатмандии хоҳиши тамошобинонро дар зӯрозмоиҳо аз ҳама авлотар медонистанд. Рӯҳи зӯрозмоиҳо, хоҳиши дастовардҳои хешро бо муваффақиятҳои дигарон муқоиса намудан ва бартарии хешро нишон додан ба румиҳо мароқангез набуд. Чунин амал идеяи асосии Бозиҳоро зери хатар гузошт.

Бутпарастӣ
Эътиқод ба чандин Худо хусусияти дини дунёи антиқа буд. Бозиҳо низ хориҷ аз ин мафҳум набуданд, зеро онҳо ба худоёни бутҳо бахшида мешуданд. Пайдоиши мазҳаби масеҳӣ ва эътиқоди он ба яккахудоӣ ва пайвастани императорҳо ба дини нав онро мефаҳмонд, ки баргузории бозиҳои бутпарастӣ ғайри имкон аст.
Пас аз давраи бештар аз ҳазорсолаи мавҷудияти Бозиҳои олимпӣ дар соли 393 то эраи мо, замоне ки нав мазҳаби масеҳӣ ба вуҷуд омад, император Теодосий I қарори маҳдуд намудани бозиҳоро қабул кард.
Бозиҳои боқимондаи Панэллинӣ, ки дар Делора, Корин ва Немей баргузор мегардиданд, ҳамон замон аз байн рафтанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2017    №: 226    Мутолиа карданд: 1301

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед