logo

сиёсат

МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ ТАҲКИМБАХШИ СУБОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Зарурати қабули Конститутсия дар мамлакат бо як қатор омилҳо муайян карда мешавад. Чунин омилҳо метавонанд хислати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд. Ин бо он муайян карда мешавад, ки дар ҷамъият кадом муносибатҳо ва равандҳои сиёсӣ амал мекунанд ва кадом ҳадафҳоро пайгирӣ менамоянд. Мақсад ва ҳадафҳои пайгиришаванда дар навбати дигар доираи вазифаҳоеро муайян мекунанд, ки ҳалли онҳо аз амалишавии муқаррароти Конститутсия вобастагии амиқ дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне қабул гардид, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошта, рукнҳои марказии асосҳои сохтори конститутсионӣ ба таври муътадил фаъолият намекарданд. Чунин ҳолат ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус суботи конститутсиониро муайян кард.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, сулҳу субот дар кишвар пойдор гардида, идоракунии давлатӣ такмил ёфт ва рукнҳои муҳими асосҳои сохтори конститутсионӣ бо такя ба падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла назорати конститутсионӣ, мустаҳкам гардонда шуд. Рушди асосҳои конститутсионӣ ва консептуалии суботи конститутсионӣ инъикоси худро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, доктринаҳо, барномаву стратегия ва консепсияҳои ҳадафноки давлатӣ пайдо карданд. Асосҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии суботи конститутсионӣ имрӯз низ амали худро нигоҳ дошта, заминаи мустаҳками мавҷудияти онро ба вуҷуд овардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори бевоситаашон Конститутсияи кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди давлати демократӣ муҳиму назаррас арзёбӣ намуда, дар Паёми табрикии хеш ба муносибати 22-юмин солгарди қабули Конститутсия  зикр намуданд, ки «Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати маҳаки асосии суботи конститутсионӣ дар маркази диққат қарор дошта, аҳамиятнокии он дар алоҳидагӣ қайд мегардад. Дар ин санад асосҳои меъёрии суботи конститутсионӣ мустаҳкам гардида, заминаҳои роҳбарикунандаи он ба вуҷуд оварда шудаанд. Заминаҳои роҳбарикунандаи суботи конститутсионӣ, пеш аз ҳама, дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки он дар навбати дигар асосҳои роҳбарикунандаи ташаккули давлатдории миллӣ, фаъолияти рукнҳои гуногуни асосҳои сохтори конститутсиониро муайян менамояд. Дар дебочаи Конститутсия қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ки ин ғояи марказӣ  дар таҳкими суботи конститутсионӣ  аҳамияти калидӣ дорад. Дебоча вобаста ба мазмун ва моҳият нисбат ба меъёрҳои конститутсионӣ хислати заминавӣ дошта, асоси муайянкунандаи онҳоро ташкил медиҳад.
Қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мамлакат ба он нигаронда шудааст, ки суботи конститутсионӣ дар Тоҷикистон ба манифати миллат ва тамоми халқиятҳои дар кишвар истиқоматкунанда нигаронда шуда, мутобиқи асосҳои роҳбарикунандае ба амал бароварда мешавад, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати инъикоскунандаи амнияти ҷомеа ва суботи он мустаҳкам шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи давлатҳо-аъзои ин созмони бонуфуз, асосҳои роҳбарикунандаи Оинномаи СММ - ро эътироф намуда, эътиқодмандии худро нисбат ба ин асосҳо эълон доштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба уҳдадориҳои байналмилалии худ, амалишавии сиёсати сулҳҷӯёнаро муқаррар кард. Сиёсати мазкур ба эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳо асос ёфта, мутобиқ ба принсипи манъ будани  ташвиқоти ҷанг амалӣ гардонда мешавад. Дар сатҳи Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, қотеона маҳкум карда шуда, фаъолияти онҳо иҷозат дода намешавад. Унсури муҳими суботи конститутсионӣ дар ин асно амнияти давлат ба шумор меравад. Вай қисми таркибии амнияти сатҳи баланд - амнияти минтақа, амнияти байналмилалӣ ва амнияти фаромиллӣ ба шумор меравад. Ноамнӣ дар як минтақа ба амнияти дигар минтақа таъсири манфӣ расонда, суботи конститутсиониро халалдор месозад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии мамлакат нисбат ба амнияти давлати дӯст ва ҳамсоя- Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ ба ин масъала диққати бештари иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалиро ҷалб менамоянд.
Ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқи Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ қувваи ҳаракатдиҳанда буда, дар инкишофи муносибатҳои ҳокимиятӣ такони бузург мебахшад. Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ ваколати худро аз халқ тавассути интихобот соҳиб гардида, амри воқеӣ пайдо кардани иродаи халқро таҷассум менамоянд. Субъектҳои зикршуда фаъолияти худро дар асос ва бо назардошти манфиати олии халқ амалӣ намуда, иродаи худро ба иродаи халқи Тоҷикистон мутобиқ мегардонанд.
Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти давлатӣ иродаи ягонаи халқи Тоҷикистон, манфиати умумии он зоҳир мегардад. Халқи Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатиро ҳаллу фасл карда, идоракунии давлатиро ба амал мебарорад. Халқи Тоҷикистон соҳиби пурраҳокимиятӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад иродаи худро ба иродаи халқи Тоҷикистон табдил диҳад ё аз номи он сухан кунад, ба истиснои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи худ.
Ҳокимияти мансуб ба халқи Тоҷикистон бевосита ё бавоситаи намояндагони ваколатдори ӯ амалӣ гардида, аз манфиат ва иродаи ӯ сарчашма мегирад. Аз ин ҷо, шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқро раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар суботи конститутсионӣ ҳуқуқу озодиҳо низ вазифаҳои муайян ва хосро иҷро менамоянд ва ин аз он вобаста аст, ки давлат то кадом андоза ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, муқаррар ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳким ва кафолат мебахшад.
Бидуни тафовут эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими муътадилият ва некуаҳволӣ, омили зарурии муносибати осоишта ва дӯстона байни халқият ва миллатҳои гуногун, ки ба эҳтироми баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқияту миллатҳо асос ёфтааст, ба шумор меравад.
Дар шароити муосири Тоҷикистон Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ асоси муайянкунандаи фаъолияти давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, инъикоси худро дар муқаррароти гуногуни конститутсионӣ пайдо кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии  эътирофкарда, доираи фаъолиятеро муқаррар менамояд, ки он дахлнопазир буда, давлат бидуни асоси кофӣ ва тартиби муқарраркардаи қонун ҳуқуқи ба он дахолат карданро надорад. Ин доираи фаъолият, ки ҳаёти хусусии шахс эътироф мегардад, заминаи муайянкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, омили асосии нишондиҳандаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Дар ҳамин асно, ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ҳангоми поймолшуда эътироф гардидани ҳуқуқҳои худ, аз кафолати ҳифзи судӣ истифода намояд. Барои ин давлат тадбирҳое меандешад, ки ҳаққи ҳифзи ҳуқуқи барои ҳар шахси талабгори чунин ҳифозат тавассути ҳокимияти салоҳиятдори судӣ, маъмурӣ ё қонунбарор ё тавассути дигар мақоми салоҳиятдоре, ки дар низоми ҳуқуқии давлат пешбинӣ шудааст, муқаррар карда шавад ва имконияти ҳимояи судиро инкишоф медиҳад. Зеро дар шароити муосири пешрафти давлат, бидуни фаъолияти мақомоти босалоҳияти судӣ, ки тибқи усулҳои демократӣ таъсис ёфтааст, дар хусуси кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сухан рондан ғайриимкон аст.
Тибқи моддаи 1- и  Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳамаи халқҳо ба таъйини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин асос баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқияту миллатҳоро эътироф намуда, бевосита амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намуд. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон барандаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои эълоннамудаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар будани одамонро, сарфи назар аз аломатҳои фарқкунанда эътироф менамояд ва кафолат медиҳад.
Таъминкунандаи муҳими суботи конститутсионӣ дар Тоҷикистон он аст, ки халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳама гуна халқият ва миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ ё муваққатӣ истиқомат менамоянд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон бидуни табъиз истифода намоянд. Конститутсия бо ҳамин муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ имплементатсия намуда, нисбат ба онҳо истифода шудани ҳамагуна табъизро пешгирӣ менамояд. Дар робита ба ин, ба халқият ва миллати ташкилкунандаи ақаллияти миллӣ муҳите фароҳам оварда мешавад, ки он ба рушд ва инкишофи онҳо созгор буда, нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодиро нисбат ба халқият ва миллатҳои алоҳида таъмин менамояд. Чунончи, мутобиқи талаботи моддаи 1 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озод мебошанд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботи конститутсионӣ нақш ва аҳамияти марказӣ дошта, бо назардошти манфиати олии халқи Тоҷикистон ҳамчун барандаи ягонаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, арзишҳоеро муқаррар ва мустаҳкам менамояд, ки дар пояҳои асосии давлатдорӣ қарор дошта, мустаҳкамӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро кафолат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки арзишҳои эътирофкардаи Конститутсия аҳамияти умумибашарӣ дошта, дар  ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла  Оинномаи СММ, мустаҳкам карда шудаанд. Ин арзишҳо дар дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ инъикос гардида, унсури таркибии низоми қонунгузории миллии Тоҷикистонро ташкил доданд.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2017    №: 226    Мутолиа карданд: 732

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед