logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, шаҳри Душанбе, 2 ноябри соли 2017

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад.
Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд. Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намудем.
Мо бо муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич дар як ақидаем, ки айни ҳол дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон барои рушди минбаъдаи ҳамгироиямон дар сиғаи шарикии стратегӣ майдони устувори сиёсӣ ба миён омадааст. 
Аз рӯи натиҷаҳои музокирот бастаи санадҳои муҳим, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон равона шудааст, ба имзо расид.
Дар робита ба ин, мехостам аҳамияти Созишнома оид ба шарикии стратегиро махсус зикр намоям. Яке аз мавзӯъҳои асосии музокирот масоили густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар буд. Дар ин росто, мо муҳимияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиамонро зикр намудем.
Тасодуфӣ нест, ки Форуми бузурги тиҷоратӣ унсури муҳими барномаи сафар гардид. Мо далели мавҷудияти шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зикр намудем.
Идома додани корҳо оид ба муайян ва дақиқ намудани   сохтори табодули моли дуҷониба ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, ифтитоҳи хонаҳои савдо дар пойтахтҳои ду давлат ҳамчун самтҳои ояндадор ишора гардиданд. 
Дар ин замина, нақши ҷиддии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки аввали соли равон ҷаласаи навбатии худро дар Ашқобод баргузор кард, зикр карда шуд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои дуҷониба ва байналмилалӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар робита ба ин, аҳамияти пешбурди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ зикр карда шуд. Ҳамчунин, доир ба зарурати ба роҳ мондани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ду кишвар изҳори ақида карда шуд.
Дар музокирот  аҳамияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика таъкид  гардид.
Мо рушди робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар ҷонибдорӣ намудем. Масоили такмили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва варзиш баррасӣ гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои музокирот санади хеле муҳим – Созишнома оид ба эътирофи муштараки санадҳо дар соҳаи маориф ба имзо расид.
Дар доираи муҳокимаи масоили фарҳангӣ ва гуманитарӣ ман муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич ва тамоми дӯстони туркманамонро ба муносибати баргузории муваффақонаи мусобиқаи муҳими варзишӣ – 5-умин Бозиҳои осиёӣ самимона табрик намудам.
Бозиҳои осиёӣ, ки дар сатҳи баланд ташкил шуданд, ҷашни бузурги дӯстии мардумон ва омили наздикшавии минбаъдаи ҷавононамон гардиданд. Иншооти нодири варзишии барои Бозиҳои осиёӣ бунёдгардида ба шаҳри Ашқобод симои нав бахшида, онро маркази баргузории бузургтарин мусобиқоти варзишӣ мегардонанд.
Мо, ҳамчунин, доир ба вазъи минтақа табодули афкор намуда, мушкилоти рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии нигаронкунандаро  муҳокима кардем. Ба созиш расида шуд, ки робитаҳои сиёсии байнидавлатӣ оид ба онҳо, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Туркманистон аъзои онҳоянд, идома дода шаванд.
Ҳар ду ҷониб ҳамфикранд, ки суботи пурра ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.  Мо муҳимияти иштироки муштаракро дар лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, зикр намудем.
Зимни баррасии масоили байналмилалӣ мо, инчунин, доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем. Мо ба қароре омадем, ки талошҳоро дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг созем.
Дар маҷмӯъ мехостам зикр намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокироти имрӯза комилан қаноатмандем. Онҳо тасмими ҷонибҳоро дар истифодаи имконияти мавҷуда барои ба сатҳи баланди сифатан нав баровардани муносибатҳоямон тасдиқ мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2017    №: 226    Мутолиа карданд: 710

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед