logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ АЗ МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба эҳёи анъанаҳои миллии ниёгонамон дар эъмори давлати демократӣ, озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт, бисту се сол сипарӣ гардид.
Ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни бошукӯҳи давлатдорӣ ва таҳкимбахши амнияту суботи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои кишвари маҳбубамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад. 

Маҳз бо шарофати татбиқи ғояҳои бунёдии Конститутсия корҳои ободонию созандагӣ дар кишвари азизамон вусъати тоза гирифтанд. Амалӣ гардидани меъёрҳои конститутсионӣ имкон доданд, ки ноҳияи Ванҷ низ чун дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳ рушд намояд. Ноҳия аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан озод шуда, робитаҳо бо тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя густариш ёфтанд. Бунёди пули байналмилалӣ дар мавзеи Ҳумроғӣ бо кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи дастовардҳои коммуникатсионӣ дар ноҳия мебошад.
Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар қадамҳои устувор гузошта шуданд. НБО - и «Ванҷ - 2» бо иқтидори 800 киловат/соат мавриди истифода қарор гирифта, азнавсозии НБО - и “Техарв” пурра ба охир расид. Тавассути хатти интиқоли барқи баландшиддати Дарвоз - Ванҷ ноҳия ба занҷири ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст.
Дар водии Язгулом бошад, сохтмони НБО - и “Мотравн” бо иқтидори лоиҳавии 300 киловат/ соат дар арафаи анҷомёбист. Таъмиру азнавсозии НБО-и “ Андарбак” ба охир расида, хатти баландшиддати 35 кВт - аи Вознавд - Язгулом ба истифода дода шуд. Ҳоло водии Язгулом ба шабакаи ягонаи Бадахшон пайваст буда, деҳоти он бо барқи доимӣ таъминанд.
Афзоиши истеҳсоли қувваи барқ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва барқарор намудани ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам овард. Аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб як миллион сомонӣ дар ноҳия коргоҳҳои қаннодӣ, коркарди меваю сабзавот ва қуму шағал мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия аз 4 миллион сомонӣ гузашт.
ҶДММ «Хрустал» ва ширкати чинӣ дар асоси шартномаи тарафайн ба фаъолияти якҷоя дар кони Пойи Мазор ба кор шурӯъ карданд. Корҳои қабаткушоӣ дар 250 метри мураббаи кон ба анҷом расида, аллакай аз ин ҳисоб ба буҷаи ноҳия маблағҳои муайян ворид гардида истодааст. Бо саҳмгузории соҳибкорон 6 километр роҳи мавзеи ҷойгиршавии кон тахту ҳамвор карда шуданд. Соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, ба мисли таъмиру сохтмони макотиб ва китобхонаҳои маҳаллӣ саҳм гузоранд.
Ба воситаи «Равзанаи ягона» дар ҳудуди ноҳия бештар аз 300 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома ва патент фаъолият доранд, ҳамасола ба буҷети ноҳия аз нақша зиёдтар маблағ ворид мегардад.
Самараи таъмини сулҳу суботи комил ва волоияти қонун дар ҷомеаи кишвар дар корҳои ободонию созандагӣ таҷассум меёбанд. Ин аст, ки дар солҳои истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 246 иншоот ба маблағи 150 миллион сомонӣ мавриди исифода қарор гирифт. Айни замон сохтмони бинои мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 8 миллиону 71 ҳазор сомонӣ, қасри фарҳанги ноҳия 4 миллиону 950 ҳазор ва мактаби замонавӣ барои 640 хонанда ба маблағи 15 миллион сомонӣ идома дорад.
Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рушди маориф, тандурустӣ ва сохтмони роҳҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳамасола барои ин соҳаҳо маблағи зиёд ҷудо менамоянд. Дар заминаи он давоми солҳои истиқлолият қариб тамоми муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия аз биноҳои куҳна ба биноҳои нави замонавӣ гузашта, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар заминаи таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия низ дар мактабҳо беҳтар гардид. Бахши тандурустӣ низ хеле пеш рафт. Дар тамоми деҳоти ноҳия бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои нави саломатии бо тарҳи муосир бунёдгардида, дар хизмати мардум қарор доранд.
Дар соҳаи кишоварзии ноҳия пешравиҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд. Ванҷ ба яке аз ноҳияҳои содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус меваи хушсифат, табдил ёфт.
Умуман, Конститутсияи кишвар ба мақсади таъмини зиндагии шоиста қабул гардида, ҳар фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту меҳанпараст вазифадор аст, ки арзишҳои волои онро эҳтиром ва эътироф намояд. Аҳли деҳоти ноҳияи Ванҷ чун шаҳрвандони дигари Тоҷикистони азиз ба манфиати Ватан, давлат ва халқи азизи худ софдилона заҳмат кашида, ҳастии хешро баҳри пешрафти давлати мустақили хеш ва баланд бардоштани эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ мебахшанд.
Давлатбибӣ Раҷабова,
раиси ноҳияи Ванҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 612

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед