logo

сиёсат

ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА

6 ноябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе, бинои 9 - ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда дар масоҳати 0,18 га қитъаи замини ҷудогардида оғоз ёфта, масоҳати он 646,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шуда, арзиши лоиҳавии сохтмон қариб 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад. Бунёди иншоот бо сарфи 3 миллион сомонӣ бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба шароитҳои замонавӣ анҷом ёфт.
Корҳои сохтмону васлгариро ҶДММ “Иморатсоз” ба итмом расонд. Бино дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати 590 метри мураббаъ ва ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати 255 метри мураббаъ мебошад.
 Бино дорои 54 хона, аз ҷумла 18 хонаи сеҳуҷрагӣ, 18 - дуҳуҷрагӣ ва 18 - якҳуҷрагӣ буда, манзилҳои зист аз 57 то 83 метри мураббаъ масоҳат доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити бино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ - кормандони мақомоти прокуратура даъват ба амал оварданд, ки хизматро ба нафъи халқу Ватан аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.
Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқомати гардида, ба Роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 510

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед