logo

сиёсат

АНҶОМИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

3 ноябр сафари расмии  Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Сайругашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуданд, ки писанди меҳмонон гардиданд.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.
Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш, кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуд.
Ҳамин тавр, сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз шаҳри Душанбе ба Ашхобод баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Туркманистон бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 2 ва 3 ноябр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Зимни ин сафари бобарор Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир кард.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид.
Яке аз санадҳои пурарзиши муносибатҳои ду кишвар, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 740
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед