logo

сиёсат

БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ БОЗСОЗӢ ШУД

6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айниро баъди бозсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзи таҷлили Ҷашни 23 - юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ нахуст аз болои муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукӯҳро мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ҷо бо иштироки шоира Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд. Муҷассама аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотиҳаи нек рӯҳашро шод карданд. Мақбара бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, дар он нақшу нигори миллӣ моҳирона ҳаккокӣ карда шудааст. Масоҳати мақбара 160 метри мураббаъ буда, роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудаанд.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд.
Боғ аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукӯҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудаанд, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозанд.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра амфитеатр дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла ҳуҷраҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуда,  ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаҳои гуногун дастур доданд.
Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ ва 50 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудаанд.
Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.
Корҳои ободонӣ ва таъмиру бозсозии боғ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони вилоят ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтаанд.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.
Боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супурдани ҷисми устод Айнӣ қомат афрохт ва солҳои охир масъалаи таъмиру азнавсозии он ба миён омада буд.
Бо дарназардошти таъмирталаб будани он бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бозсозии Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта шуданд.
Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва бори дигар аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намуданаш, амалӣ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ сазовор донистанд ва имрӯз бо азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи асосгузори адабиёти муосири тоҷик ин ҷо қарор дорад, рӯҳи ӯро шод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи неки устод Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун амалӣ гардидаанд. Якчанд хиёбону кӯчаҳо ва муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузошта шуда, муҷассамаву нимпайкараҳояш қомат афрохтаанд. Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи устод Садриддин Айниро гирифтаанд.
Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт. Имкон аст, ки минбаъд дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.
Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат дар ин боғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2017    №: 227    Мутолиа карданд: 631

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед