logo

иқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ . МАҚСАД БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЭЪТИМОДИ АҲОЛӢ

Фаъолияти низоми бонкии кишвар тайи ду соли охир бо мақсади бартараф намудани таъсири омилҳои буҳронӣ, солимгардонии бахши бонкӣ ва дар сатҳи устувор таъмин намудани рушди иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, аз ҷумла баҳри вусъат додани дастрасӣ ва сифатнокии хизматрасониҳои бонкӣ, маблағгузории иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми бонкӣ равона гардид.
Аз ҷумлаи тадбирҳои дар давраи буҳронӣ андешидашуда ин ташкил намудани гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти низоми бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2019 амал менамояд. Нақшаи стратегии мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳкими самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, пурзӯр намудани фаъолияти назорати бонкӣ, ҷорӣ намудани амалиётҳои нав дар бозори озод, пешрафти инфрасохтори муосири технологӣ ва гузарондани дигар ислоҳот таҳия гардида, татбиқи он баҳри беҳтар намудани вазъи молиявии низоми бонкӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
Сатҳи  баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва молиявии онро номуътадил намуда, пайваста осебпазирии иқтисодиёти кишварро аз таъсири омилҳои буҳронӣ ва ҳолатҳои садамоти  берунӣ афзун мегардонад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб сиёсати дедолларикунонии иқтисодиётро пеш гирифта, дар доираи он як қатор тадбирҳои судманд андешида истодааст. Вобаста ба ин, бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор, нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли пул, ки ба ташкилотҳои қарзӣ тааллуқ дошта ва берун аз қароргоҳҳои онҳо ҷойгир буданд, пурра баста шуданд. Айни ҳол, амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро танҳо марказҳои хизматрасонии бонкӣ, бахш ва саридора тибқи талаботи Дастурамали № 211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон, назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар самти анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фаврии муштарак дар ҳамбастагӣ бо мақомоти Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ситодҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо пурзӯр карда шуд.
Дар натиҷа, агар 1500 нуқтаи ивази асъор баста шуда бошад, айни ҳол зиёда аз 4300 филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ин амалиётҳоро анҷом дода истодаанд.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо ва пурзур намудани заминаи сармоявии низоми бонкӣ ҷиҳати тобовар будани он ба таконҳои манфии иқтисодиёти дохиливу беруна талаботи ҳадди ақалли сармоя барои бонкҳои навтаъсис аз 50 млн. сомонӣ ба 80 млн. сомонӣ зиёд карда шуд.
Илова бар ин, дар натиҷаи ислоҳотҳои гузаронидашуда, ки асосан гузариш аз сиёсати миқдорӣ ба сиёсати сифатӣ гуфтан мумкин аст, ки ҷараёни баланд бардоштани сармоя дар ташкилотҳои қарзӣ тавассути ҷалби сармояи иловагӣ ва ҳамроҳшавию табдилёбӣ идома дорад. Вобаста ба ин, қайд кардан лозим аст, ки дар давраи гузаштаи наздик дар доираи сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкии кишвар 2 адад бонки нав ба фаъолият оғоз намуда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба аҳолӣ омода мебошанд.
 Дар ин раванд, устувории қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ тавассути амалӣ кардани сиёсати қурби ягона таъмин гардида, он бо назардошти риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоиз ҳамгунсозӣ (унификатсия) карда шуд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон Барномаи нави низоми электронии савдои “Thomson Reuters” ба фаъолият оғоз намуд, ки дар асоси он тамоми амалиётҳои асъорӣ байни Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ тавассути ин барнома гузаронда мешаванд. Амали мазкур фаъолияти бозори байнибонкии асъорро вусъат бахшида, анҷомдиҳии амалиётҳои қарздиҳӣ, мубодилавӣ, амонатгузорӣ ва дигар амалиётҳои ташкилотҳои қарзиро воқеӣ, сода ва шаффоф гардонд. Дар натиҷаи андешидани чунин чораҳо, бо маҳдуд гардидани фаъолияти ҳаннотон ва аз байн рафтани саррофон, лаппишҳои қурбӣ аз байн рафта, муайянии бозори асъор таъмин карда шуд.
Дар ибтидои соли ҷорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади идомаи татбиқи сиёсати дедолларикунонӣ ва танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, сабикаҳои ченакии тиллоии 5, 10, 20, 50 ва 100 граммиро ба муомилот баровард ва имрӯз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бемамониат онҳоро бо пули миллӣ харидорӣ намоянд.
Бо мақсади ҷоннок ва васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ, инчунин ташаккул ва таъсирбахш намудани механизми фишангҳои фоизии он, Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти сохтории навро пайваста бо истифода аз таҷрибаи амалиётии муосири татбиқи сиёсати монетарӣ амалӣ намуда истодааст. Дар натиҷа, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фишангҳои нав ва доимоамалкунандаи монетарии бо пули миллӣ ифодаёфта, аз қабили қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей), музоядаҳои қарзӣ (7 ва 14 - рӯза) ва пасандозҳои шабонарӯзӣ ҷорӣ ва дар амал татбиқ карда шуд. Вобаста ба ин, дар нуҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам тавассути фишангҳои қарзӣ дар ҳаҷми 380,5 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ҷудо гардид.
Бо мақсади табдил додани меъёри бозтамвил ба меъёри фоизи калидӣ ва нишондиҳандаи асосноки инъикоскунандаи мавқеи сиёсати монетарӣ дар бозори пулӣ, меъёрҳои фоизии ҳамаи фишангҳои болозикр бо меъёри бозтамвил пайваст карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки механизми трансмиссионии алоқамандии меъёри бозтамвил бо меъёри ниҳоии фоизӣ ташаккул ва пурзӯр карда шавад.
Татбиқи ислоҳот дар доираи Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии бонк ва самаранок гардондани амалиётҳои бонкӣ, аз ҷумла паст намудани сармояи манфии Бонки миллии Тоҷикистон низ равона карда шудааст.
Тибқи тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ (FSAP – Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015), бо қабул гардидани сохтори нав (бо қарори Раёсати БМТ № 114 аз 25 июни соли 2015) дар Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон Идораи суботи молиявӣ ва Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро оғоз намуданд.
Фаъолияти Идораи суботи молиявӣ дар самти ба роҳ мондани мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, таҳия ва амалигардонии сиёсати макропруденсиалӣ, баҳодиҳии сатҳи хавфҳо дар низоми молиявӣ ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани онҳо равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи ёрии техникии Бонки ҷаҳонӣ дар назди Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми дохилии машваратӣ Кумитаи суботи молиявӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ва дар самти таъмини суботи низоми молиявӣ ба татбиқи самарабахши сиёсати макропруденсиалӣ ва солим гардондани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ равона гардидааст. Дар баробари ин, аввалин ҳисоботи семоҳа оид ба мониторинги бахши молиявӣ (соли 2016) ва дар давоми соли 2017 аввалин ҳисоботи суботи молиявӣ барои соли 2016 таҳия гардиданд. Инчунин, мунтазам ҳисоботи дохилии семоҳа оид ба мониторинги бахши молиявӣ таҳия шуда, бо назардошти тавсияҳои мушаххас ба баррасии Кумитаи суботи молиявӣ пешниҳод мегарданд.
Шоистаи зикр аст, ки дар давоми соли 2016 лоиҳаи санади нав “Асосҳои сиёсати макропруденсиалии Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия ва тасдиқ карда шуд. Асосҳои сиёсати макропруденсиалӣ заминаи механизми амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати макропруденсиалии низоми бонкиро, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани хавфҳои низом ва мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ анҷом дода мешавад, муайян менамояд.
Фаъолияти Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бошад, пеш аз ҳама, барои расидан ба мақсади асосӣ – баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва васеъ намудани миёнаравии молиявӣ бо роҳи таъмини сатҳи зарурии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ равона гардидааст. Вобаста ба ин, дар сомонаи Бонки миллӣ саҳифаи алоҳида бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бахши нав таҳти унвони “Суоли рӯз” ва, инчунин, нишонии электронии алоҳида “allomushtari@nbt.tj” бо телефони боварӣ (44-600-15-20), барои тамос бо муштариён таъсис дода шудааст.
Дар давоми фаъолият Идора ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон, ки  тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ба воситаи телефони боварӣ ба идораи мазкур ворид мешаванд, нисбат ба ҳар яки он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, саривақт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани дараҷаи саводнокии молиявӣ, дар давоми соли 2016 дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи “Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи фаъолият доир ба рушди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар баробари ин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи назорати суғуртавӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти низоми суғуртавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1 октябри соли 2016, № 408 “Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ”) Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ аз сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон гузаронда шуд. Фаъолияти идораи мазкур дар давраи минбаъда ба рушди бозори молиявӣ ва зиёд гардидани сармоягузориҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Барои татбиқи босамари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сармоякунонии бонкҳои мушкилотдор ва пешгирӣ намудани эҳтимолияти таъсири манфии он ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи кории дохилӣ “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо” - ро тасдиқ намуд, ки тадбирҳои асосии он аз пешгирии фишорҳои таваррумию қурбӣ ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда иборат буд.
Иҷрои саривақтӣ ва босамари нақшаи мазкур бо таъмини иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ аз ҷониби ду бонки низомсози мушкилотдор, аз ҷумла пардохти андозҳо, уҳдадориҳои хурдҳаҷми шахсони воқеӣ, пардохти фоиз ва маблағи пасандозҳо, уҳдадориҳои корхонаву намояндагиҳои хориҷӣ, инчунин ҷорӣ намудани талаботи кор бо мизоҷон оид ба тамдиди амонатҳои калонҳаҷм, чораҷӯӣ барои тамдиди қарзҳои байнибонкӣ ва табдили амонатҳои калонҳаҷм ба сармояи бонкҳо, дар нуҳ моҳи соли 2017 вазъи молиявии низоми бонкӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии он бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст гардид.
Меъёри  кифоятии сармоя яке аз нишондиҳандаи асосии инъикоскунандаи устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар охири моҳи сентябри соли 2017 аз ҳудуди муқарраршуда 9,4 б.ф. зиёд иҷро гардид ва 21,4 фоизро ташкил намуд. Меъёри мазкур дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12,4 б.ф. зиёд буда, бинобар андешидани тадбирҳои солимгардонӣ дар бахши бонкӣ ба амал омад.
Талаботи меъёри пардохтпазирӣ низ дар сатҳи низом пурра иҷро гардида, 78,3 фоизро ташкил намуд. Нишондиҳандаи мазкур, бинобар андешидани тадбирҳои солимгардонӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,1 банди фоизӣ aфзоиш ёфт, ки аз нисбатан муътадил шудани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ин давра сатҳи даромаднокии дороиҳо ва сармоя мусбат арзёбӣ шуда, мувофиқан ба 0,42 фоиз ва 1,57 фоиз баробар гардид. Бояд зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан -1,27 фоиз ва -10,39 фоиз ва дар аввали соли ҷорӣ мутаносибан  2,82 фоиз ва  21,09 фоизро ташкил медоданд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар робита бо пеш гирифтани сиёсати дедолларикунонӣ мавқеи кушодаи кӯтоҳи асъорӣ аз аввали сол раванди коҳишёбӣ дошта, пайваста таъсири хавфи асъориро ба низоми бонкӣ коҳиш медиҳад. Дар охири моҳи сентябри соли 2017 нишондиҳандаи мавқеи умумии кушодаи асъорӣ нисбат ба сармояи танзимшаванда дар ташкилотҳои қарзӣ кӯтоҳ буда, 7,7 фоизро ташкил намуд, ки меъёри муқарраршударо (±20 фоиз) таъмин менамояд. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ 57,0 фоизи қарзҳои низоми бонкиро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳиссаи пасандозҳои асъорӣ бошад, дар ҳаҷми умумии пасандозҳои низоми бонкӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 банди фоизӣ коҳиш ёфта, ба 59,8 фоиз баробар гардид.
Ҷиҳати муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани низоми нави алтернативӣ - низоми бонкдории исломӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани кори самаранок дар самти танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (аз 23.10.с.2015, №217/ФФ)  барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шуд.
Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон Созишномаи хизматрасонии машваратиро бо Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn”-и Малайзия ба имзо расонд. Дар ҷараёни амалӣ намудани марҳилаи якуми ҳамкорӣ бо ширкати мазкур сенздаҳ адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва нав мавриди таҳия, баррасӣ ва такмил қарор дода шуданд, ки аз ин шумора 5 адади он аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, 4 ададаш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта ба таврӣ расмӣ дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ интишор гардидаанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникии Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ ва шаффофияти он, таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва батанзимдарории бонкҳои муаммодор тибқи таҷрибаи байналмилалӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” таҳия гардидаанд.
Барои ҳалли мушкилиҳои бонкҳо, пурзӯр намудани назорати бонкӣ,  кам кардани сатҳи хавфи қарзӣ, аз ҷумла қарзҳои ғайрифаъол ва мутобиқ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ, дар доираи матритсаи Бонки ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти хулосаи вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” дар таҳрири нав ва лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба дигар қонунҳои марбута (дар маҷмӯъ нуҳ қонун) омода намудааст. Ҳадафи асосии такмили қонунҳои мазкур идомаи раванди ислоҳот дар қонунгузории соҳаи бонкӣ  бо мақсади беҳтар намудани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ - “Пешбурди соҳибкорӣ”, инчунин, мусоидат барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар солҳои минбаъда мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ ва фаъолияти низоми пардохт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” таҳия ва тасдиқ карда шуд. Қонуни мазкур дар соҳаи низоми пардохт нав буда,  (то ин дам дар доираи дастурамал, тартиб ва қоидаҳо ба танзим дароварда мешуд) барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо таҷрибаи муосири байналмилалӣ, дар самти ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ, тақвият бахшидани назорат, шаффоф гаштани амалиётҳо ва дар натиҷа афзоиши воридшавии андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” (аз 31 декабри соли 2014, № 815) барои насби терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бо намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ ҳайати муштараки корӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти босамари ҳайати муштараки корӣ шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ босуръат афзоиш ёфта, ба санаи 1 октябри соли 2017 ба 1 640 адад расиданд, ки нисбат ба соли гузашта 162 фоиз зиёд мебошад.
Айни замон бо низомҳои пардохтии байналмилалии Visa, Mastercard ва Unionpay ҳамкории мутақобила роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва бартараф кардани амалиёти иловагии мубодилаи асъор ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, рушди минбаъдаи хизматрасониҳои пардохтӣ, Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои дахлдорро бо низомҳои Visa ва Mastercard ба имзо расондааст. Созишномаҳо бо ширкатҳои мазкур имконият медиҳанд, ки тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии Visa ва Mastercard дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузарондани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро гарданд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар барои бартараф намудани таъсири омилҳои берунӣ, таъмини рушду устувории молиявии низоми бонкӣ корҳои назаррасро анҷом дода, ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ (аз ҷумла бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон (GIZ), Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ғайраҳо) ба роҳ мондааст.
Қобили тазаккур аст, ки тайи се соли охир дар асоси шартномаҳои бо Бонки миллии Тоҷикистон баимзорасида, ширкатҳои рейтингии байналмилалии Standard & Poor’s (S&P) ва Moody’s Investors Service (Moody’s) рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро баҳогузорӣ менамоянд. Баҳодиҳии рейтингӣ шаффофияти маълумоти омории кишварро таъмин намуда, барои муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, беҳтар намудани фазои ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ намудани иншоотҳои муҳими стратегӣ мусоидат менамояд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон пайваста дар доираи мулоқотҳои тарафайни судманд бо намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ масъалаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ – бонкӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои идома додани ҳамкориҳои минбаъда пешниҳоду таклифҳои манфиатбахш манзур менамояд.
Бояд зикр намуд, ки рӯзҳои 11 - 14 - уми октябри соли 2017 дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҳафтаи ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар доираи кори он якчанд мулоқоти судмандро барпо намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳайати расмӣ дар мулоқоти Шӯрои тиҷоратии ИМА - Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА ширкат варзида, оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, шароит ва имкониятҳои мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, сайёҳӣ, низоми бонкӣ ва ширкати бозорҳои дохилӣ дар бозорҳои коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҳамзамон, зимни сафари мазкур як қатор мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ доир гардид. Аз ҷумла Ҷ. Нурмаҳмадзода бо муовини директор - мудири ХБА ҷаноби Тао Чжан оид ба натиҷаи иҷрои тадбирҳо дар доираи чаҳорчӯбаи барномаи нави ХБА, зарурати роҳандозии барномаи нави ХБА ва ҷалби саривақтии сарчашмаҳо дар доираи барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуд.
Дар рафти мулоқот хурсандибахш он буд, ки аз ҷониби мақоми роҳбарикунандаи ХБА Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои фаъол дар минтақа дар самти гузарондани ислоҳоти иқтисодию молиявӣ арзёбӣ гардид. Зикр гардид, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус барои оғоз намудани барномаи нави ХБА ва расидан ба ҳадафҳои рушду нигоҳдории суботи молиявӣ - бонкӣ омода буда, чораҳои заруриро дар якҷоягӣ хоҳанд андешид.
Инчунин, Ҷ. Нурмаҳмадзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан ва вазири молияи Швейтсария Ули Мауер мулоқоти судманд анҷом дода, зикр намуд, ки дар давоми беш аз 20 соли ҳамкорӣ Швейтсария тавонист манфиатҳои Тоҷикистонро дар Шӯрои директорони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани самаранокӣ дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷодаи татбиқи сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва хавфҳои ҷойдошта мусоидат намояд.
Гуфтан зарур аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария дар шарикии ХБА, Бонки ҷаҳонӣ ва мудирият оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) барои  дастгирии доимӣ  ва рушди  масоили низоми бонкӣ ҳамеша эҳсос карда мешавад. Ҳамзамон шоистаи зикр аст, ки рӯзҳои 24 - 28 апрели соли 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал чорабинии сатҳи баланди Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI – Alliance for Financial Inclusion) баргузор гардид, ки дар он намояндагони 47 кишвари олам, инчунин, намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур ҷаласаи ду гурӯҳи корӣ, аз ҷумла оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва Гурӯҳи кории касбӣ оид ба стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group) баргузор гардиданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон зиёда аз 2,5 миллиард одамони сайёра ба хизматрасонии бонкӣ дастрасӣ надоранд. Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, ки соли 2008 таъсис ёфтааст, ба кишварҳои аъзо дар татбиқи сиёсати дастрасии молиявӣ мусоидат менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ - ин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, такмили маърифати молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва пешбурди бонкдории мобилӣ мебошанд.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 2011 узви комилҳуқуқи иттиҳод оид ба  дастрасии молиявӣ гардид. Айни ҳол, зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра ба узвияти ин созмон пазируфта шудаанд, ки дар ин кишварҳо қисми зиёди мардумони маҳрум аз хизматрасонии бонкӣ умр ба сар мебаранд.
Баҳри идомаи ислоҳот дар соҳаи бонкӣ минбаъд низ бо мақсади таҳкими самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки танзимгар ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии кишвар бо баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба он, тамоми имкониятҳо дар доираи ваколатҳои ҷойдошта истифода карда мешаванд. 
Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 770

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед