logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ СИНО. ШАҲРНИШИНӢ МАСЪУЛИЯТ ДОРАД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино давоми   нуҳ моҳи соли 2017 дар пайи амалисозии  Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 23 июни соли 2016 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи таҳкими тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт барои солҳои 2016 - 2018»  ва  таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон   дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил  гардид.

Маҳмуродзода Муҳаррам, муовини раиси ноҳияи Сино, иброз дошт, ки бо мақсади шарҳу тавзеҳи  моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон доир ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва  сиёсати давлатии ҷавонон  дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе  «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт» гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мунтазам вохӯрию суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  мегузаронанд. Дар доираи  иҷрои  қарори мақомоти шаҳрдорӣ оид ба  риоя намудани талаботи  фарҳанги  шаҳрнишинӣ  аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар маҷмӯъ 35710,5 метри мураббаъ  сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартараф гашта, қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонда шуданд.  
Аз буҷети маҳаллӣ ба хоҷагии манзилӣ - коммуналӣ барои ташкили корҳои ободонӣ ва беҳтарнамоии  ҳолати санитарии ҳудуди ноҳия 37,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида дар ин замина корҳои ободонӣ вусъат гирифтанд.
Дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимии  ҳудуди ноҳия бо ҷалби донишҷӯён оид ба  тарғиби  пӯшидани сарулибоси миллӣ, даст кашидан аз тақлид ба фарҳанги бегона, пешгирии наврасону ҷавонон аз задухӯрдҳои гурӯҳӣ, ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, истеъмол ва харидуфурӯши маводи нашъадор, гароиш  ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд.
Дар муассисисаҳои таълимӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо ҷалби сокинон, наврасон ва ҷавонон  дар қисмҳои низомии Гвардияи миллӣ  вохӯрии  афсарону сарбозон бо  наврасону ҷавонони ноҳия, инчунин,  мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол миёни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар толори мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №5 доир  гардида, дастаҳои ғолиб бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  шуданд. Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар   қисмҳои низомӣ  аз ҳисоби худ дастархони идона оростанд. 
Дар натиҷаи чунин тадбирҳо ҷинояткорӣ дар нуҳ моҳ дар байни ноболиғон назар ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам шуда, фарҳангу маърифати шаҳрнишинӣ, хусусан дар бахшҳои ободонӣ ва тозагии кӯчаю маҳаллаҳо,  хеле боло рафт.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 963

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед