logo

иқтисод

ФАРХОР. НОБУРДА РАНҶ ГАНҶ МУЯССАР НАМЕШАВАД

Пахтакорони зафарпешаи ноҳияи Фархор имсол аз  9 ҳазору 161 гектар ба ҷойи 19 ҳазор зиёда аз 20 ҳазору 500 тонна дурри гаронбаҳо истеҳсол намуданд, ки баробари 108 дарсади нақша мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар  гектар 23,7 - сентнериро ташкил дод.
Бино ба иттилои раиси  ноҳия Вализода Сулаймон, чунин дастоварди меҳнатии пахтакорон дар солҳои охир бесобиқа аст. Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии «Чилчанор», «Барзгар», «Бӯстон», «Дӯстӣ – 60», «Ҳоҷӣ Саттор», «Роҳи нав», «Адолат», «Файзу баракат», «Бостон», «Шоҳи Аҳтамҷон», «Шамшод» аз ҳар гектар ҳосили рекордии 50 – 60 -  сентнерӣ  ба даст оварда, дар иҷрои дурнамо саҳми арзанда гузоштанд. Имсол дар асоси дастури Сардори давлат ҷиҳати татбиқи барномаи стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ майдони кишти пахта дар ноҳия 926 гектар зиёда карда шуд. Фархор яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Дар шароити иқлими ноҳия пахтакорӣ дар рушди иқтисодӣ ва ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ нақши бениҳоят муҳим дорад. Имсол зиёда аз 4 ҳазор хоҷагии деҳқонии ноҳия пахтакориро соҳаи асосии фаъолият интихоб намуд. Дар ғунучини ҳосил то 12 ҳазору 500 чинакчӣ ба саҳро баромада, ҳосили бо заҳмат парвариш кардаи марди деҳқонро ҷамъ оварданд.
- Пахтакорӣ соҳаест, ки воқеан ҳам, барои таъмини саноати кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳо шароит муҳайё месозад, ҳамчунин, барои бо ҷойи кор таъмин намудани мардуми деҳот нақши муҳим мебозад. Аз ҷиҳати дигар, ин зироати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ ва барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад. Тайи чанд соли охир ҷамъоварии андози давлатӣ  ва таъмини қисми  даромади буҷети маҳаллӣ, яке аз проблемаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб мерафт ва аз доираи 80 дарсади нақша боло намерафт. Хушбахтона, имсол нақшаи андози давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ барзиёд иҷро гардид. Низоми ҳавасмандкунии моддию маънавии пахтакорон, ки  имсол бо супориши раиси ноҳия Вализода Сулаймон дар байни хоҷагиҳои пахтакор роҳандозӣ гардид, воқеан ҳам, самари хуб бор овард. Ба пешсафони мусобиқа барои се ҷойи аввал мошинҳои сабукрав ва барои ҷойҳои дигари ифтихорӣ мукофотҳои пулию молӣ тақдим карда шуданд, - гуфт зимни суҳбат сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нуриддин Азаматов.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 839

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед