logo

фарҳанг

САРАЗМ. ОҒОЗИ ТАМАДДУН АЗ МУЛКИ ТОҶИК САРЧАШМА МЕГИРАД

Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимиву номдори Осиёи Марказӣ буда, садсолаҳо инҷониб дар қатори Балху Марв, Хуҷанду Кӯлоб ва Ҳисор чун яке аз марказҳои тамаддуни ориёӣ қарор гирифтааст. Мардумонаш низ аз қадим соҳибмаърифату нуктадон ва сухансанҷ мебошанд. Бояд гуфт, ки дар водии Зарафшон даҳҳову садҳо ёдгориву иншооти таърихӣ мавҷуданд, ки на фақат барои мардуми Панҷакенти бостонӣ, балки барои кулли сокинони Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозӣ ба шумор меравад. Яке аз онҳо ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Саразм аст. Соли 2000 - ум бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки бостонии Саразм ҳамчун макони таърихӣ - бостоншиносӣ эълон шуд. Дар натиҷа ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО соли 2010 Саразмро ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву бостоншиносии нодири ҷаҳон ворид намуда, таърихи 5500 - сола доштани онро эътироф намуд.

Бостоншиносон шаҳркадаи Саразмро ҳамчун яке аз муъҷизаҳои олам ҳисобидаанд. Он яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Саразми бостонӣ ба ҳазораи IV - II - и пеш аз милод мансуб буда, аввалин мероси таърихии Тоҷикистони қадимии давраи энеолит ба шумор меравад.
Маънои Саразмро ҳар гуна шарҳ додаанд, аз ҷумла оғози сабзиш ва ё аз арабӣ - оғози ҷанг. Аммо маънои дурусти онро «сар» - сар, оғоз «арз» - замин, яъне, «сари замин» маънидод намудаанд. Сари замин ё Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна - Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 километр аз маркази шаҳри Панҷакент ва 45 километр дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷой гирифтааст.
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои башарият чунин кашфиёт бозёфти беназир ба шумор меравад. Таърихи бозёфти Саразм аҷиб аст. Сокинони маҳаллӣ ба кишоварзӣ машғул буданд. Аввали солҳои 1970 - ум аз ин макон бисёр ашёҳои таърихӣ пайдо менамуданд, аммо ба он таваҷҷуҳ намекарданд. «Кашшофи нахустин» сокини қишлоқи Гурач А. Тайлонов табарзин меёбад. Ӯ бозёфти худро дар хонааш нигоҳ медорад. Аммо пас аз шаш соли нигоҳдорӣ ва андеша оқибат онро соли 1976 ба бостоншинос Абдулло Исҳоқӣ медиҳад. Дар натиҷа кори бостоншинос омад карда, сирри Саразм равшан мегардад. Тирамоҳи 1976 аз ҷониби ӯ корҳо шурӯъ мегарданд.
Одилҷон Отабоев, бостоншинос, гуфт, ки ҳангоми кофтуков кураҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ, 150 намуд ашёи тиллоиву нуқрагин, биринҷӣ, ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ ва дигар ашёҳо ёфт шудаанд. Шаҳраки бостонии Саразм беш аз 30 сол аст, ки мавриди таҳқиқ қарор дорад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли саразмиён, пеш аз ҳама, кишоварзӣ буд. Саразм ба яке аз марказҳои калони тиҷорати маъданҳои полиометаллӣ табдил ёфта, сокинони он бо қабилаҳои аҳди қадими кишоварзии Афғонистон, Эрону Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ доштанд, ки инро ёдгориҳои бадастомадаи маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон, дар самти шимол, ёдгориҳои маданияти Калтаманори соҳилҳои баҳри Арал ва маданияти Афаносовои ҷануби Сибир собит месозанд.
Саразм чор давраи чандҳазорсоларо гузарондааст. Аз рӯйи деворҳои пайдошуда шаҳр аз чор қабат иборат буда, фосилаи байни ҳар давра беш аз ҳазор сол аст ва тавре мушоҳида мешавад, аз як давра ба давраи дигар иморатсозӣ шудааст. Шаҳри Саразм нақшаи муайяне надошт ва гирди он бо девори дифоӣ муҳофизат намешуд. Зеро аз ҳасм хавф набуд. Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд. Биноҳои истиқоматӣ аз 3 - 4 ҳуҷраҳои хурд - хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷоми рӯзгор иборат аст. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шудаанд. Маъбадҳо салибшаклу офтобшакланд. Аз боқимондаи устухонҳои ҳайвонҳо маълум мегардад, ки қурбон кардани чорво аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст.
Натиҷаҳои ҳафриёти  шаҳраки бостонии Саразм барои омӯзиши бостоншиносии минбаъда имкони хуб фароҳам меорад. Зеро он яке аз шаҳрҳои қадимии давраи аввали зисти одамон буда, яке аз кашфиётҳои нодир ба шумор меравад. Омӯзиши он барои боз намудани саҳифаҳои нави таърихи халқи тоҷик имкони хуб медиҳад.
Қурбон АҲМАДЗОД,
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 1054

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед