logo

иқтисод

ҲОСИЛИ ФАРОВОН ДАР НОҲИЯҲОИ ЗАФАРОБОДУ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Мавсими имсола сарфи назар аз баъзе мушкилиҳо ба деҳқонони вилояти Суғд, аз ҷумла ба пахтакорони ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров бобарор омадааст. Ҳосиле ҷамъоварӣ карда шуд, ки тайи чанд соли охир истеҳсол нашуда буд.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавсим ба ҷойи 12 ҳазору 400 тоннаи дурнамо то 8 ноябр 15 ҳазору 442 тонна ашёи пурқимати саноатӣ ҷамъоварӣ карданд. 6 ҳазор хоҷагии деҳқонии ноҳия аз иҷрои нақшаи солонаашон бо сарбаландӣ баромаданд. Ҳосилнокии пахтаро кишоварзони хоҷагиҳои ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, Қӯшатов ва Хистеварз аз ҳар гектар ба 25 - 30 - сентнерӣ расонданд.
- Ҳанӯз дар саҳро ҳосил бисёр аст, - гуфт ба хабарнигори «Ҷумҳурият» раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ. - Деҳқонони мо аз рӯзҳои мусоид пурсамар истифода бурда, тасмим гирифтаанд, ки боз 500 тонна ҳосил ғундоранд.
Дар соли равон дастовардҳои пахтакорони ноҳияи Зафаробод низ назаррас мебошад. Онҳо аз 12433 гектар то 8 ноябр 25439 тонна пахта истеҳсол карданд, ки аз дурнамои солона 5439 тонна зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Ғоибназар», «Мергазод», «Зафар - 1», «Зафар - 2», «Қаросоқолбобо», «Улуғбек», «Фарҳоди Дарё», «Исмониён» ҳосилнокии ҳар гектарро ба 35 - 40 - сентнерӣ расонданд.
Ба гуфтаи Қурбон Шодиев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, деҳқонон ҳосили боқимондаро ҷамъоварӣ намуда, ба 25 ҳазор тонна мерасонанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»

АЗ ИДОРА.  27 октябр дар рӯзнома маводи «Пахта. Иҷрои дурнамо наздик аст!» ба табъ расида буд, ки дар он факту рақамҳои то 17 октябр пешниҳоднамудаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ истифода карда шудаанд. Пахтакорони кишвар аз рӯзҳои офтобӣ пурмаҳсул истифода карда, ба марраи солона расиданд. Аз ҷумла, пахтакорони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Спитамен, Конибодоми вилояти Суғд на танҳо иҷрои дурнамои пахтаро таъмин намуданд, балки аз 2 то 5 ҳазор тонна ҳосили иловагӣ ҷамъ оварданд. Идораи рӯзнома пахтакорони шуҳратманди кишварро бо ин ғалабаи калони меҳнатӣ табрик менамояд.  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 801
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед