logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА АЗ 384 ҲАЗОР ТОННА ГУЗАШТ. (ПАХТАКОРОНИ КИШВАР БА ҚАФОМОНИИ 25 – СОЛА ХОТИМА ДОДАНД)

Кишоварзони ҷумҳурӣ баъди чанд сол бори нахуст иҷрои дурнаморо бо сарбаландӣ таъмин карданд. Зиёда аз 384 ҳазор тонна ашёи гаронбаҳои саноатӣ истеҳсол шуд, ки баробари 108,6 дарсади нақша мебошад.

Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ҳадафи асосии соҳаи мазкур таъмини амнияти озуқавории мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва ба кор таъмин намудани мардуми деҳот аст. Маҳсулоти асосии пахта – наху чигит  маводи пурқимати содиротӣ буда, ба иқтисодиёти кишвар даромади калон ворид менамояд.
Тавре маълум, солҳои охир бо сабабҳои гуногун пахтапарварӣ дар кишвар коҳиш ёфта буд.
Хушбахтона, тайи солҳои охир бо  дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ин соҳаи ҳаётан муҳим рушд ёфт. Соли равон дастгириҳо ба соҳа назаррас буд.  Яке аз онҳо баланд бардоштани нархи пахта ва беҳтар гардидани таъминот бо тухмӣ, нуриҳо, заҳрхимикатҳою техника мебошад. Хоҷагиҳои пахтакор аз ин бештар ҳавасманд гардида, майдони кишти пахтаро зиёд карданд.
Мусоид омадани обу ҳаво боиси зиёд шудани  ҳосилнокии пахта гардид.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ пахтакорони кишвар ба мақсади рушд додани соҳа ва таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи хом дар  173979 гектар чигит кишт карданд, ки нисбат ба соли гузашта 11421 гектар зиёд мебошад. 
Кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо заҳмат расонда аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурданд. Дар натиҷа то  8 ноябр  384028 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин 108,6 дарсади дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134093 тонна зиёд мебошад.
Пахтакорони вилояти Суғд дар маъракаи ҳосилғундорӣ пешсафанд. Онҳо то ин дам 114239 тонна пахта истеҳсол карданд, ки баробари 120,3 дарсади  дурнамо аст. Нисбат ба соли гузашта 32299 тонна зиёд пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. 
Пахтакорони вилояти Хатлон, ки нахустин шуда иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин карда буданд, то 8 ноябр ба бунгоҳҳои қабул  260128 тонна пахта супурданд, ки баробари  104,1 дарсади нақша аст. Ин натиҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  97696 тонна зиёд мебошад. Дар вилоят кишоварзони 14  ноҳия  аз уҳдаи иҷрои истеҳсоли пахта баромаданд.
Пахтакорони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9661 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки 112,5 дарсади иҷрои дурнаморо ташкил дода, аз натиҷаи ҳамин давраи соли гузашта 4145 тонна зиёд мебошад. Ҳарчанд то иҷрои дурнамои пахтаи ҷумҳурӣ пахтакорони шаҳри Ҳисор ба марра нарасида бошанд ҳам, аз ҳар гектар 25,3 – сентнерӣ ҳосил бардошта, аз ҷиҳати ҳосилнокии ҳар гектар дар қатори пешсафонанд.
- Иҷрои бомуваффақияти дурнамои пахта кишоварзони кишварро рӯҳбаланд гардондааст, - мегӯяд мутахассиси пешбари раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Идимоҳи Назрулло. – Аҳли заҳмати кишвар аз ҳоло баҳри замина гузоштан ба ҳосили баланди соли оянда тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда истодаанд. Соли 2018 асосан ба тухмиҳои истеҳсоли ватанӣ авлавият дода шуда, майдони кишти пахта низ зиёд карда мешавад.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 683

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед