logo

иқтисод

ХАРИТАСОЗӢ ЗАҲМАТ ВА ДАҚИҚНАЗАРӢ МЕХОҲАД

Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» фаъолияти худро дар самти тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳою нақшаҳои топографӣ хуб ба роҳ монда, ҳар сол бештар аз 50 номгӯй харитаҳоро бо усули рақамӣ тартиб медиҳад. Харитаҳои таърихию маъмурӣ, топографию релйефӣ, илмию сайёҳӣ, деворӣ, атласҳои мактабӣ, глобусҳо, харитаҳои сиёсию табиӣ, роҳнамоҳо, нақшаи шаҳрҳо ва харитаҳои системаи геоиттилоотӣ ҳам маҳсули заҳмати мутахассисону кормандони ин муассисаанд.
- Корхона соли 2003 ба фаъолият оғоз  намуд. Аввалҳо аз сабаби дар ҷумҳурӣ мавҷуд набудани истеҳсолоти харитасозӣ нашри харитаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Тошканд сурат мегирифт. Мо фаъолиятро дар ҷойи холӣ, аз сифр оғоз кардем. Пеш аз ҳама, мутахассисони дар соҳаи харитасозӣ соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намудем ва онҳоро вазифадор кардем, ки шогирд ҳам тарбия кунанд. Дар баробари омӯзиши шогирдон харитаҳои нахустин, аз ҷумла харитаи маъмурии Тоҷикистон (нашри аввал), харитаҳои таълимӣ, харитаи сиёсии ҷаҳон, ба чоп омода ва нашр шуданд.
Корхона айни замон дар се самт фаъолият дорад. Самти аввал харитасозии топографист, ки он барои таъмин намудани сохторҳои низомӣ вобаста гардидааст.
Самти дуюм тартиб додани харитаҳои соҳавӣ ва таълимиро дар бар мегирад. Дар ин самт бо вазорату идораҳои маориф ва илм, кишоварзӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ мекунем. Таъмини харитаҳои сайёҳӣ  бо забонҳои гуногун  низ ба фаъолияти кормандони ин самт дохил мешавад. Чунончи, соли 2015 харитаи сайёҳии Тоҷикистон ва харитаи сайёҳии шаҳри Душанберо омода сохтем, ки бо теъдоди бештар аз 5 ҳазор нусха нашр шуд. Тартиб додан ва пешниҳод кардани харитаҳои электронӣ самти сеюми кори мост. Дар замони муосир талабот ба чунин харитаҳо хеле зиёд аст. Технологияи иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ (географӣ – иттилоотӣ) бе харитаҳои рақамӣ амал карда наметавонанд. Чунин харитаҳо барои истифодаи умум набуда, танҳо барои ташкилотҳоест, ки бо усулҳои электронӣ бо харита  кор карда метавонанд. Ҳоло ширкатҳои нақлиётии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта барои омода намудани харитаи навигатсионии Тоҷикистон бо мо ҳамкорӣ доранд. Ҳар сол даҳҳо номи ҷуғрофӣ, аз деҳаҳо сар карда то шаҳраку ноҳияҳо иваз  мешавад. Вақте ки харитаҳоро тартиб медиҳем, ҳамаи ин номгузориҳоро ба назар гирифта, ба харитаҳо ворид мекунем. Тӯли солҳои 2016 ва 2017 дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик барои ба қайд гирифтани тамоми маҳалҳои аҳолинишини кишварамон корҳои махсус гузарондем, ба минтақаҳо сафар карда, маълумоти заруриро гирд овардем ва харитаҳои навро омода намудем, - гуфт сармуҳандиси муассиса Шарофиддин Шарифов.
Имрӯз талабот ба харитаҳои соҳавӣ зиёдтар мебошад. Корхона бештар дар соҳаҳои кишоварзӣ, геология, заминсозӣ, ҳифзи табиат ва  нақлиёт харитаҳо омода намуда, ба фар-моишгарон пешниҳод  менамояд. Соли 2017 барои таъмини талаботи сохторҳои гуногун харитаҳои релйефии ҷумҳурӣ тартиб дода шуданд, ки рӯзҳои наздик бо маълумоти навтарин аз нашр мебарояд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 788

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед