logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ ВА МОҲИЯТИ ТАҚДИРСОЗ БУДАНИ ОН

Хубу бади ҳар давра ва ҳар ҳодисаи таърихӣ дар муқоиса беҳтар шинохта мешавад. Барои он ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ возеҳу рӯшан шинохта шавад, аввал бояд вазъияти ҳамон солҳо,  ҳолати рӯҳии мардум пеши назар оварда шаванд.
Дар он шабу рӯзе, ки дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ баргузор мегашт, дар кишвар вазъият ноором буд, оташи ҷанг аланга мезад, хуни бегуноҳон мерехт. Мардуми ҷабрдидаю азияткашида аз фардои нек умедашро канда буд. Ба ибораи дигар, «рӯшание аз он тарафи нақб намудор набуд». Бинобар ин, вақте даргириву кашмакашҳои он давраро ба суботу осоиштагие, ки зина ба зина ба даст омад, муқоиса мекунем, ба ин хулоса мерасем, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, барҳақ, барои суботу амнияти кишвар ва нигоҳ доштани халқи тоҷик аз нобудӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Баъдтар, вақте қарору тасмимҳо дар иҷлосия гирифта шуданд, оҳиста - оҳиста дар дили мардуми ноумедгашта, тухми умед гул кард, ки ин самари дигар ва муҳимтари иҷлосия мебошад. Гузашта аз ин, якпорчагии давлат, ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва рӯз ба рӯз ба ободиву хушрӯзӣ расидани кишвар ва сокинони он ҳосили ҳамон иҷлосия аст. Ҳар нафаре, ки боре аз тариқи телевизион он иҷлосияро дидааст ва суханронии Пешвои муаззами миллатро дар он сол ҷиҳати хомӯш гардондани оташи ҷанг, баргардондани гурезаҳо ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон шунидааст, тақдирсоз будани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олиро дарк мекунад.

Маҳмудҷон УСМОНОВ,
ассистенти кафедраи  «Журналистикаи байналхалқӣ» - и Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 682

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед