logo

иқтисод

БАРҚ. АЗ ДУЗДӢ ТО ИСРОФКОРИЮ БЕЭҲТИЁТӢ

Кормандони сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаву иншоот, хонаҳои баландошёна ва маҳаллаҳои аҳолинишин санҷиш ва корҳои профилактикӣ – фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд.

Дар рафти баргузории  санҷиши навбатӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба таъкидҳои доимию чораҳои андешидаи кормандони ХДО, аз тарафи сокинони бинои истиқоматии 2 – ошёнаи кӯчаи Истаравшан 11 – и ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе одитарин меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда намешавад. Дар ҳудуди ҳуҷраҳои зист кабелу ноқилҳои барқӣ урёну овезон буда, бошандагони манзил аз ҳар гуна асбобу таҷҳизоти худсохти гармидиҳандаи барқӣ, лампаҳои тафсон ва дигар манбаъҳои оташ фаровон истифода мебаранд, ки чунин кирдори онҳо дар баробари зиёд кардани эҳтимолияти сар задани ҳодисаи сӯхтор, инчунин, истифодаи беҳудаи неруи барқро ба миён овардааст. Нозири фурӯши шабакаҳои барқи ноҳияи Шоҳмансур Асадулло Сафаров иброз дошт, ки ҳарчанд дар бораи истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ, риояи талаботи қоидаҳои истифодабарӣ ва  сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он борҳо суҳбат намудааст, лекин ҳоло ҳам қисми зиёди сокинони ин бино ҳаққи  истифодаи неруи барқро пурра пардохт накардаанд. Дар рафти санҷиши нонвойхонаи назди бинои истиқоматии кӯчаи Нисор Муҳаммад 8/4 низ муайян гардид, ки аз тарафи соҳибмулк Шовалӣ Забиров ва нонпаз Кароматулло Одинаев талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ риоя карда намешаванд ва эҳтимолияти хавфи ба амал омадани сӯхтор дар ин дукон калон аст. Сокини хонаи истиқоматии кӯчаи Нисор Муҳаммад 8/1, ҳуҷраи № 8 Сайёра Неъматова дар назди дари даромадгоҳи бино ва дар роҳрави дохили бино партовҳо ва чӯбу тахтаҳоро нигоҳ дошта, дар баробари вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ, инчунин, талаботи маромномаи сокини пойтахтро дағалона вайрон намудааст. Дар рафти баргузории санҷишҳои шабона бошад, ошкор гардид, ки Қурбонгул Шарифова – фурӯшандаи дукони рӯзномаю маҷаллаҳо (мансуб ба Тоҷикматбуот) муддати дароз бе ҳисобкунаки барқӣ, яъне ба таври дуздӣ қувваи барқро истифода намудааст.
Кароматулло АБДУЛЛОЕВ,
Толиб ҲАЁТОВ,
кормандони СХДО ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 711

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед