logo

иқтисод

ВОСЕЪ. ИДОМАИ РОҲИ ПАДАРОНИ ҚАҲРАМОН

Муаррифии  ноҳияи Восеъ хеле осон, рӯҳнавоз ва ифтихорбахш аст. Чаро? Ба он хотир, ки табиати сеҳрангез, таърихи  пурифтихор  ва имрӯзи ободу шоиста дорад. Ноҳия аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар қалби Хатлони куҳан қарор гирифтааст. Пойтахти Хатлон - Ҳулбук, ки аз шаҳрҳои тарақикардатарини  замони хеш дониста мешуд, марбути ҳамин мавзеъ аст. Сайёҳону муаррихони қадими шарқу ғарб ҳангоми ба қалам додани симои  Хатлони куҳан дар навбати аввал аз кӯҳи бузурги намаку аспони хушзот ва  аз далерию ватандӯстии фарзандони фарзонааш, амсоли Шаҳболи хасмшикан, ишора кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки шоҳи Хатлон - Шаҳболи хирадманду шуҷоъ бо ҳамдиёрони  ватандӯсти худ 75 сол ин сарзаминро аз ҳамлаҳои душманон  ҳимоя намуда, ба лашкари ғосиби арабҳо дар муҳорибаҳои сахти солҳои 677, 695, 699, 718 ва 725 ғалабаи комил ба даст оварда буданд.
Далерию шуҷоат ва ҳисси  миллию  ватанпарварӣ аз насл ба насл гузашта, то ба замони мо расид. Далели ин андеша  қаҳрамонии генерал - майор Рустам Амакиев дар набард бо гурӯҳи террористии генерал Абдуҳалим Назарзода дар аввали моҳи сентябри соли 2015 маҳсуб меёбад. Алҳол дар қатори Восеи қаҳрамон баҳри бузургдошти ёди Рустами ҷавонмарг ва барои абадисозии хотираи некаш дар маркази ноҳия муҷассама ва як муассисаи таълимию кӯчаро ба номи ӯ гузоштаем.
Дар замони осоиштаи шӯравӣ ва дар корзорҳои меҳнатии он  ин сифати олии гузаштагон хоси  бобоёну падарон гардид. 3 - юми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айни сафари навбатиашон ба ноҳия дар мулоқот бо фаъолону сокинони он   дар ин бора ба тариқи зайл ишора карда, гуфтанд: «Хотирнишон месозам, ки ноҳияи Восеъ дар даврони гузашта аз байни шаҳру ноҳияҳои кишварамон аз ҳама зиёд қаҳрамони меҳнат дошт». Шумораи дорандагони унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дар ноҳия ба 11 нафар мерасид. Меҳнаткашони ноҳия дар замони истиқлол низ  суннатҳои нек ва роҳи тайкардаи падарони шарафманди хешро идома дода, ба дастовардҳои намоёни иқтисодию иҷтимоӣ  комёб гардиданд.    Натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии 9 моҳи соли ҷорӣ худ бозгӯи онанд, ки сокинони беш аз 200 - ҳазорнафараи  ноҳияи Восеъ, воқеъан  ҳам, меҳнатқарину бунёдкоранд. Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 453 миллиону 579 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 967 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, 23,3 гектар боғ ва 15,6 гектар токзор бунёд ёфт.
Кишоварзон 52621 тонна ғалладона, 15250 тонна пахта, 34497 тонна сабзавот, 4057 тонна меваҷот, 5916 тонна картошка, 2879 тонна полизӣ, 3942 тонна ангур ва 22335 тонна зироатҳои хӯроки чорво истеҳсол карданд, ки ҳамаи ин нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёданд.    Ҳамчунин, 2742 тонна гӯшт, 20909 тонна шир, 2 миллиону 876 ҳазор дона тухм, 223 тонна пашм, 15,7 тонна пилла, 20 тонна асал ва 6,5 тонна моҳӣ истеҳсол гардид.
Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 72 муассисаи таълимӣ бо фарогири 45986 хонанда фаъолият мекунад. Маорифчиён дар олимпиадаҳои вилоятӣ соҳиби 58 ва ҷумҳуриявӣ соҳиби 2 медал гардиданд.
Соли ҷорӣ 2 муассисаи тозатаъсиси томактабӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳия ду мактаби нав (барои 640 ва 240 хонанда дар як баст) сохта ба истифода дода шуд. Соҳибкори саховатпешаи маорифпарвар  Назар Қосимов дар деҳаи Заркорони деҳоти Мирзоалӣ Вайсов баҳри хонандагони деҳаи худ бинои муассисаи таълимиро барои 350 ҷой дар як баст бунёд кард ва онро шуъбаи маориф таҳти рақами 65 номнавис намуд.
Воқеан, сокинони ноҳияи мо  бо соҳибкорони созандаю ватандӯсти хеш, ба амсоли Назар Қосимов ва Аваз Кабиров   ифтихор мекунанд. Туфайли фаъолияти  бунёдкоронаи онҳо симои шаҳраку деҳот ба куллӣ тағийр ёфта, хеле ободу зебо шудаанд. Алҳол гурӯҳе аз соҳибкорони шаҳрак дар пайравӣ ба ташаббуси душанбегиҳо дар маҳаллаҳои сернуфус майдончаҳои варзишию гулгаштҳо бунёд менамоянд.
Дар миқёси ноҳия 82 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 8 беморхона, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 38 маркази саломатии деҳотӣ, 20 бунгоҳи тиббӣ, 8 маркази махсусгардонидашудаи тиббӣ ва 7 маркази тиббии хусусӣ, баҳри беҳдошти тансиҳатии мардум фаъолият мекунанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ҷалби занону духтарони фаъол ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зиёдеро рӯи кор овардааст. Имрӯз 165 нафар занону духтарон дар вазифаи гуногуни роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Дар ноҳия 2 нафар занони дорандаи унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ -  Гавҳарбӣ Пиракова ва  Бозоргул Алиаҳмадова кору зиндагӣ мекунанд. Апаи Гавҳарбӣ китобдор ва апаи Бозоргул раиси хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.
Бо бунёди роҳи Восеъ - Ховалинг зиндагии сокинони шаҳрак, хосса 15 деҳае, ки дар масофаи 40 километр пайиҳам ҷой гирифтаанду роҳ аз дохили онҳо мегузарад, комилан ранги дигар гирифтааст. Дар канори чапи роҳи мазкур, дар ҳудуди шаҳраки Восеъ майдони бузурги варзишии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст қомат меафрозад, ки он низ дастури навбатии  Пешвост.
Дар ноҳия  мавзеъҳои таърихӣ зиёданд. Қасри шоҳони Хатлон, ки аз ёдгориҳои асосии шаҳри қадимаи Ҳулбук маҳсуб меёбад, дар  ҳоли барқароршавист ва онро  дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2761 нафар меҳмон (аз ҷумла 271 нафар  меҳмони хориҷӣ) тамошо намуданд.
Хадафи мо муҳайё сохтани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум аст. Аз ин рӯ, ҷаҳд хоҳем кард, то зиндагии мардум ҳамеша беҳтар шаваду шаҳраку деҳотамон  шукуфотар.    
Мӯсо ҒАФУРЗОДА,
раиси ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 664

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед