logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Корҳои ободонию созандагӣ дар гӯшаю канорҳои пойтахт рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунанд. Дар ин доира навсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон» воқеъ дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзодаву Шириншо Шоҳтемур ва бунёди  гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафуров низ оғоз гардиданд.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, лоиҳаи навсозии боғи мазкур аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ» - и САНИИОСП тарҳрезӣ гардида, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Боғи кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва ҷойҳои зиёди нишаст бунёд мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва мизҳо барои бозии шоҳмот сохта шуда, дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб мегарданд. Дар гӯшаи дигари боғ бо истифода аз буттаҳои ороишӣ бунёди лабиринт дар назар дошта шудааст.
Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи боғ ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани гулу бутта ва сабзазору дарахтон ба насби низоми муосиру мукаммали обёрӣ ва чароғонсозии боғ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Зеро қаблан мавҷуд набудани низоми обёрӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ба нашъунамои хуби сабзазор ва гулу буттаҳо монеъ мешуд. Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур дод, ки зимни иҷрои корҳои ободониву сабзазоркунии боғ ба истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сатҳу сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамчунин, бинои маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аз таъмир бароварда шавад.
Сипас, раиси шаҳр бо корҳои ободониву созандагии лоиҳаи гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт шинос гардид. Лоиҳаи он аз ҷониби ҶСК «Саноатсоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва ободониву сабзазоркунӣ аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ карда мешаванд. Тибқи лоиҳа гулгашти мазкур дар масоҳати 3,2 гектар бунёд ёфта, дар ҳудуди он сохтмони роҳраву чаманзор ва фаввораҳо дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, роҳҳои атрофи гулгашт навсозӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони ороишӣ шинонда мешаванд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 751

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед