logo

иқтисод

АШҚОБОД БАРОДАРШАҲРИ НАВИ ДУШАНБЕ

Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳокими шаҳри Ашқобод Шомуҳаммад Дурдилиев Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Ашқобод – пойтахти Туркманистонро дар бораи роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Ашқобод ба имзо расонданд.
То ин дам Душанбе аз тамоми қораҳои ҷаҳон 15 бародаршаҳр дошт.
Инҳо шаҳрҳои Лусака (Замбия), Санъо (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон ва Шероз (Эрон), Санкт – Петербург (Русия), Минск (Беларус), Урумчӣ (Чин) ва Анкара (Туркия) мебошанд. Ашқобод бародаршаҳри шонздаҳуми Душанбе гардид.
Ашқобод (таърихан - Ишқобод) маркази  калонтарини маъмурӣ, сиёсӣ,  саноатӣ, илмӣ ва фарҳангии давлати Туркманистон, пойтахти ин кишвар, инчунин, шаҳри дорои мақоми алоҳидаи баробар ба вилоят мебошад. 25 майи соли 2013 Ашқобод бори панҷум ҳамчун «шаҳри мармари сафед» ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил карда шуд. Шаҳр дорои 543 бинои нави бо мармари сафед рӯйпӯшшуда мебошад. Ашқобод соли 1881 бунёд ёфта, он замон аҳолиаш аз 20 ҳазор камтар, он ҳам асосан русҳо (қариб 8 ҳазор), украинҳо, лаҳистониҳо, тоторҳо, форсу тоҷикҳо (беш аз ду ҳазор) буданд. Дар шаҳр камтар аз 1000 туркман истиқомат мекард. Номи шаҳр форсист. Ашқобод 18 километр дуртар аз шаҳри қадимаи Нисо, ки дар замони ҳукмронии Ашкониён бунёд ёфта, яке аз пойтахтҳои ин давлати қадим (асри III то мелод) буд, ҷойгир аст. Тибқи маълумоти охирин,  Ашқобод наздик ба миллион нафар аҳолӣ дорад.
Пас аз ба Истиқлолияти давлатӣ даст ёфтани Туркманистон Ашқобод ба андозаи бесобиқа рушд кард. Дар шаҳр асосан  корхонаҳои бузурги саноатии Туркманистон – коркарди нафту газ, истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ҷойгиранд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2017    №: 228-229    Мутолиа карданд: 852
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед